logo

фарҳанг

ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ҚАДАМИ ҶИДДӢ ДАР ТАҲКИМИ РАВАНДИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Дар замони бисёр ҳассоси мо аз ҷониби Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардидани ҳунарҳои қадима тадбирест дурандешона, оқилона ва саривақтӣ. Бо ин роҳ, аз як ҷониб ҳифз ва нигаҳдошти анъана ва суннатҳои қадимаи мардумӣ роҳандозӣ гардад, аз ҷониби дигар, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ба ҷаҳониён мебошад, ки аз миллати соҳибтамаддун будани мо - тоҷикон гувоҳӣ медиҳад.
Ҳунармандон аз қадимулайём эҳтиёҷи мардумро ба ашёҳои нафиса қонеъ мегардонданд. Ҳунарҳои мардумӣ сарчашмаи муътамади таърихӣ доранд. Ҷустуҷӯҳои археологӣ дар Тоҷикистон аз таърихи  куҳан доштани ҳунарҳои мардумӣ дарак медиҳанд. Ин бозёфтҳо ба монанди зарфҳои сафолӣ, дукҳои ресандагӣ, ангуштаринҳо, дастпонаҳои гулдори биринҷӣ, ҳайкалчаҳои гилӣ, кӯза, хум, намунаҳои ҳунари кандакорӣ дар чӯб ва гач бо маҳорат ва ҳунари нотакрор сохташуда, шоҳиди онанд, ки мардуми тоҷик бо ҳунар ва истеъдоди беназири худ аз замонҳои қадим маъмулу машҳур будаанд.  
Мардуми тоҷик аз замонҳои хеле қадим ба ҳунарҳои заргарӣ, бофандагӣ, чакандӯзӣ, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, тоқидӯзӣ, кандакорӣ, кулолӣ, мисгарӣ, оҳангарӣ, намадрезӣ, қолинбофӣ, адрасбофӣ, сандуқсозӣ, ҷуроббофӣ, гаҳворасозӣ, наққошӣ, дуредгарӣ, чармгарӣ, сабадбофӣ, бурёбофӣ, камзӯлдӯзӣ, кафшдӯзӣ, кордсозӣ, қафассозӣ, қуроқдӯзӣ, лӯхтаксозӣ, мӯзадӯзӣ, наългарӣ, созтарошӣ, танӯрсозӣ, хаттотӣ (хушнависӣ), ҷомадӯзӣ, шерозабофӣ, табақтарошӣ, санги осиётарошӣ, шонасозӣ, гулбандии (гулбаст) худ машҳури ҷаҳон гашта буд.
Санъати чакандӯзӣ одатан дар курта, сӯзанӣ, болишт, ҷойпӯш, бардеворӣ, тоқӣ, гаҳворапӯш, камарбанд, рӯймол ва ғайра бо риштаҳои ранга истифода мешавад. Ҳар тасвири чакан рамз ва номи худро дорад.
Заргарӣ дар радифи дигар ҳунарҳои мардумӣ таърихи қадима дорад. Ороишоти заргарӣ, аз ҷумла гӯшвора, дастпона, гарданбанд, ангуштарӣ ва амсоли инҳо аз тилло, нуқра, мис, биринҷ ва оҳан бо ороиш аз сангҳои қиматбаҳо, ба мисли алмос, лаъл, ёқут, фирӯза, зумуррад, лоҷвард ва ғайра сохта мешаванд.
Кандакорӣ, асосан, дар чӯб, санг, устухон, гил ва гач истифода мешавад. Дар ҳунари кандакорӣ бештар чӯбро истифода карда, аз он ашёи рӯзгор: табақ, қошуқ, сутун, дарвоза, болори хонаҳоро месозанд. Ҳунари кандакорӣ, инчунин, дар ороиши чойхонаҳо, марказҳои фарҳангӣ ва хонаҳои истиқоматӣ ба таври васеъ истифода мешавад.
Ҳунарҳои мардумӣ падидаи иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳаёти анъанавии мардум мебошанд. Эҳё гардидани ҳунарҳои мардумӣ ҳамчун муаррифигари ғановати фарҳанги моддӣ ва маънавии миллӣ, дар раванди шинохти таърихи халқи тоҷик нақши муҳим дорад. Эҳёи анъанаҳои қадима ва ҳунарҳои мардумӣ моро аз таъсири ҷараёнҳои манфии ҷаҳонишавӣ ҳифз менамояд.
 Дар кишварамон бори нахуст ҳунарҳои мардумӣ аз пуштибонии давлат бархӯрдор гардиданд.  Рушду такомули онҳо ба раванди худогоҳии насли ҷавон такони ҷиддӣ хоҳад дод.
Э. ҲАСАНОВ,
магистранти Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.05.2019    №: 103    Мутолиа карданд: 71

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед