logo

сиёсат

САФАРИ РАСМИИ ДОНАЛД ТУСК БА ТОҶИКИСТОН

29 май президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. 30 май маросими истиқболи расмии меҳмони воломақом дар Қасри миллат баргузор гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон президенти Шӯрои Аврупо Доналд Тускро гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.
Маросими истиқбол бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллӣ, гузаштан аз назди қатори сарбозон, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо гузашти низомии ҷузъу томҳои Горди фахрӣ анҷом ёфт.
Мулоқоти сатҳи олӣ нахуст дар вохӯрии хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Доналд Туск, оғоз гардида, сипас дар музокироти васеи ҳайатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо идома ёфт.
Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуданд. Нахуст, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадр ва ҳайати Иттиҳоди Аврупоро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.
Сарвари давлат аз раванди таҳкиму тавсеаи бемайлони равобити Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар солҳои охир изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид доштанд: “Тоҷикистон ба масъалаи ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд ва Иттиҳоди Аврупоро аз ҷумлаи ҳамёрони муҳим дар арсаи байналмилалӣ медонад”.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкории сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию башардӯстонаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, татбиқи санадҳои қаблан имзошуда, аз ҷумла Созишномаи ҳамкорӣ ва шарикӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро баррасӣ карда, нақши Шӯрои ҳамкорӣ, Кумитаи ҳамкорӣ ва Зеркумитаи рушди он, муколамаи сиёсию амниятӣ ва муколамаи ҳуқуқи инсонро барои таҳкими муносибот назаррас арзёбӣ карданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон манфиатдори ба роҳ мондани ҳамкории бештару судманд бо Аврупо дар соҳаҳои сармоягузории мустақим ба иқтисоди Тоҷикистон, воридоти технологияи нав, рушди бахши хусусии саноатӣ, коркарди маъдан ва татбиқи амалии тарҳҳои бузурги инфрасохторӣ дар самтҳои коммуникатсияи нақлиётӣ ва энергетика мебошад.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои амниятӣ, аз ҷумла муборизаи муштарак бар зидди зуҳуроти терроризм, оқибатҳои талху марговари он, паҳншавии терроризму зуҳуроти экстремизм дар минтақа ва ҷаҳон, хатари гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи силоҳ баррасӣ гардиданд.
Ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо, алалхусус барномаҳои БОМКА ва КАДАП дар самти таҳкими иқтидори муҳофизатии сарҳади давлатӣ бо Афғонистон, махсус зикр гардида, изҳори бовар шуд, ки вобаста ба таҷаммӯи бештари гурӯҳҳои террористӣ дар шимоли Афғонистон, тадбирҳои мустаҳкам намудани хати сарҳад тавассути кумакҳои бештари Иттиҳоди Аврупо минбаъд низ идома дода мешавад.
Ҷонибҳо рушди робитаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди назари тарафайн, бахусус дар бахшҳои гуманитарӣ ва ҳуқуқи инсон, ислоҳоти соҳаи маориф ва дигар самтҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, мавқеи ягонаи худро барои ҳалли мушкилоти онҳо иброз доштанд.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск барои доираи васеи хабарнигорони дохил ва хориҷ нишасти матбуотӣ ороста, оид ба натиҷаҳои он изҳори андеша карданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.05.2019    №: 104    Мутолиа карданд: 118

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед