logo

ҳуқуқ

МАВОДИ НАШЪАОВАР. ТОҶИКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ОН ПЕШТОЗ АСТ

Салимзода Шерхон ОДИНА, директори Агентии назорати
маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Мушкилоти маводи мухаддир ҳанӯз аз аввалҳои қарни XIX дар ҳудуди кишварҳои алоҳида ба миён омада, сол ба сол доман паҳн намуд ва имрӯз ба яке аз хатарҳои ҷиддии ҷаҳони муосир табдил ёфтааст. Дарвоқеъ, ин вабо бо суръат тамоми ҷаҳонро фаро гирифта, яке аз омилҳои халалдор кардани суботу оромии ҷомеа гаштааст. Ҳамон тавре ки дар кишвари мо низ, 20 сол пеш оид ба ҳероин ва 10 сол муқаддам дар бораи  моддаҳои нави синтетикии нашъаовар (ҳабҳои экстазӣ) ягон маълумот мавҷуд набуд.
Таърих гувоҳ аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон то нимаи дуюми асри гузашта аз ин вабо эмин буд. Аввали солҳои навадуми асри гузашта дар кишвар ашхоси мубталои нашъамандӣ дар қайди расмӣ набуданд ва ин ҳолат дар солҳои 1995 - 1996 ба мушоҳида расида, сол ба сол тамоюли зиёдшавӣ дошт. Хушбахтона, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда сатҳи нашъамандӣ дар Тоҷикистон аз 8846 нафари соли 2008 ба 6059 нафар дар соли 2018 расида, 31 фоиз коҳиш ёфт.
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир тадбирҳои саривақтӣ андешида шуда, бо ин мақсад соли 1994 дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ воҳиди алоҳида дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир таъсис дода шуд. Бо мураккаб гардидани вазъи марбут ба маводи нашъаовар, 12 апрели соли 1996 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чораҳои таъхирнопазири таҳкими мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар» ба имзо расид. Дар партави татбиқи фармони мазкур Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати маводи нашъаовар созмон ёфт.
Дар давраи фаъолияти ин комиссия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 3 конвенсия - Конвенсияи ягонаи СММ дар бораи воситаҳои нашъаовар соли 1961, Конвенсияи СММ дар бораи моддаҳои психотропӣ соли 1971 ва Конвенсияи СММ дар бораи мубориза ба муқобили муомилоти  ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ соли 1988 ҳамроҳ гардид.
Баъдан, 27 апрели соли 1999 дар пойтахти Австрия - шаҳри Вена аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муовини Дабири кулл - директори иҷроияи раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Пино Орлаки протокол дар бораи таъсиси мақоми махсуси зиддимухаддиротӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Дар асоси ин санад, 1 июни соли 1999 бо Фармони Президенти мамлакат, таҳти № 1218, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки, инак, аз фаъолияти он 20 сол сипарӣ мешавад.
20 сол аз нигоҳи таърих давраи кӯтоҳ аст, вале дар ин муддат Агентии назорати маводи нашъаовар дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои мухаддиротӣ комёбиҳои назаррас ба даст овард. Аз ҷумла, дар ин давра агентӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 42 тонна маводи нашъаовар мусодира ва фаъолияти 754 гурӯҳро қатъ намудааст.
Воҳидҳои оперативию тафтишотии агентӣ ҷиҳати ошкор намудан, огоҳондан, пешгирӣ кардан ва кушодани ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, инчунин, дигар ҷиноятҳо пайваста чорабиниҳо мегузаронанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз соли 1994  то соли 2019 дар ҷумҳурӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар 125 тонна  маводи нашъадор, аз ҷумла: афюн - 42 тонна, ҳероин - 35, гурӯҳи бангдона - 47 тонна  ва 1 тоннаю 292 килограмм дигар намудҳои маводи мухаддир мусодира шудааст.
Аз оғози фаъолият дар бухории махсуси агентӣ зиёда аз 24 тонна маводи нашъаовар,  ки аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира гардиданд, сӯзонда шудааст. Ҷараёни нобудсозии маводи мухаддир бо тартиби муқарраргардидаи алоҳида дар ҳузури комиссияи махсус аз ҳисоби кормандони мақомоти салоҳиятдор ва намояндагони воситаҳои ахбори омма сурат мегирад.
Агентӣ аз замони таъсисёбии худ ба тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ аҳамияти хосса дода, бо ин мақсад зиёда аз 40 созишномаи байниҳукуматию байниидоравӣ ва дуҷонибаю бисёрҷонибаро дар самти назорати муомилоти маводи нашъаовар, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ИМА, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Британияи Кабир, Олмон, Ҳиндустон, Эрон, Италия, Покистон, Таиланд, Туркия, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Украина ва Франсия ба имзо расондааст.
Яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои агентӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ин тайёр кардан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандон дар заминаи муассисаҳои таълимӣ ва иштирок дар тренингҳои давлатҳои хориҷӣ мебошад. Дар ин робита кормандони агентӣ бо мақсади такмили  ихтисоси худ курсҳои тайёрӣ ва бозомӯзиро дар муассисаҳои таълимии дахлдори Федератсияи Россия, Чин, Туркия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Британияи Кабир, Венгрия, Олмон, Эрон, Италия, ИМА, Таиланд ва Ӯзбекистон гузаштаанд. 
Ҳайати шахсии агентӣ, дар қатори дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ ва чорабиниҳо оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ фаъолонаву содиқона иштирок менамоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳояшон ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд: “Даромад аз муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ки ҳамасола дар ҷаҳон даҳҳо миллиард долларро ташкил медиҳад, яке аз манбаъҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҷузъи мубориза бо терроризм ва экстремизм маҳсуб меёбад”.
Ин таъкиди Сарвари давлат моро водор месозад, ки тамоми малакаву маҳорати худро дар роҳи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ба харҷ дода, натиҷаҳои беҳтару хубтар ба даст орем.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.05.2019    №: 104    Мутолиа карданд: 187

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед