logo

иқтисод

СИФАТ - ОМИЛИ РУШД

Ҳамасола дар ҷаҳон якшанбеи аввали моҳи июн ҳамчун Рӯзи кормандони савдо, хизмати маишӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ ҷашн гирифта мешавад. Ба ин хотир, хабарнигори рӯзнома бо Бозоралӣ Бекматов, сардори раёсати сиёсати савдо ва хизматрасонии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, доир ба вазъу дурнамои ин бахшҳои иқтисоди миллӣ ҳамсуҳбат шуд. Ӯ андешаҳояшро чунин баён намуд:

Гардиши савдои чакана нишондиҳандаи асосии баҳодиҳии сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба шумор рафта, Ҳукумати ҷумҳурӣ барои фароҳам овардани шароити мусоиди рушди соҳаи савдо ва хизматрасонӣ пайваста тадбирҳои мушаххас меандешад.
 Дар моҳҳои январ - апрели соли ҷорӣ ҳаҷми умумии гардиши савдои яклухт ва чакана (бо назардошти таъмири автомобилҳо ва молҳои маишӣ) 8882,1 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 9,7 дарсад ё ба маблағи 861,6 миллион сомонӣ зиёд аст.
Дар ин давра ҳаҷми гардиши савдои чакана ба 7328,2 миллион сомонӣ расид, яъне нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 8,4 дарсад ё ба маблағи 615,6 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст. Баландшавии суръати рушд, асосан, аз ҳисоби фурӯши сӯзишворӣ, маҳсулоти чорво, молҳои озуқаворию ғайриозуқа дар бозорҳо ва хизматрасониҳои техникӣ, аз ҷумла таъмири автомобилҳо, ба миён омадааст.
Дар чор моҳи соли ҷорӣ дар сохтори молӣ гардиши моли чакана нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар ҳаҷми умумии фурӯши молҳои озуқаворӣ - орд, нон, маҳсулоти нонӣ, картошка, шир, маҳсулоти ширӣ, равғани чорво, ғалладона, қанд ва маснуоти қаннодӣ, меваю буттамевагӣ афзоиш ёфт. Аз молҳои ғайриозуқаворӣ бошад, молҳои хоҷагӣ, кишоварзӣ, масолеҳи бинокорӣ, автомобилҳо ва қисмҳои эҳтиётӣ, маҳсулоти нафтӣ, мошинҳои ҷомашӯӣ, чангкашакҳои барқӣ, яхдон, молҳои кимиёии маишӣ ва либос зиёд шудааст.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки барои таъмини бозори истеъмолӣ ва муътадил нигоҳ доштани нархҳо дар бозор захираи маҳсулоти озуқаворӣ дар мавсими тирамоҳу зимистон омили асосии таъсиррасон ба нархи баъзе маҳсулот мебошад. Барои бо нархҳои дастрас ва дар сатҳи лозимӣ таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввалия иқдоми ташкили сардхонаҳо ва анборҳои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, ҷамъоварию захираи ҳаҷми лозимии маҳсулот бо назардошти талаботи бозори истеъмолӣ, ки вазифаи сохторҳои марбута ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо мебошад, нақши калидӣ дорад. Дар таъминоти бозори истеъмолӣ ва ҳолати нархҳо, ҳамчунин, воридоти молу маҳсулот аз хориҷи кишвар таъсири бевосита дорад. Алҳол бо назардошти коҳишёбии нархҳои ҷаҳонӣ ва устувории қурби асъори миллӣ нархи миёнаи баъзе маҳсулоти воридотӣ - гандум, равғани рустанӣ, шакар, шир ва маҳсулоти ширӣ тамоюли коҳишёбӣ дорад. Мутаассифона, дар захираи молии бозори истеъмолӣ ҳиссаи маҳсулоти воридотӣ, аз ҷумла гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ то 40 дарсад, равғани рустанӣ 90 дарсад, тухм 25 дарсад, шакар 100 дарсадро ташкил медиҳад, ки то андозае амнияти озуқавории кишварро халалдор ва танзими нархро дар бозори истеъмолӣ мушкил мегардонад.
 Барои таҳкими сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат дар бахши таъмини амнияти иқтисодӣ, таъмини бозори истеъмолии кишвар, афзоиши ҳаҷми гардиши савдои чакана, пешгирии афзоиши минбаъдаи нархи маводи озуқа ва нигоҳ доштани сатҳи таваррум Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар танзими соҳаи савдо ва хизматрасонии маишӣ якҷо бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Кумитаи андоз, “Тоҷикстандарт”, Бонки миллӣ ва сохторҳои дигари марбута масъул аст. Айни ҳол Ҳукумати мамлакат барои таъсиси инфрасохтори бозори дорои шароити мушаххас ва хусусиятҳои хоси минтақа, инчунин, такмили механизми иқтисодии бозор бо назардошти тақвияти нақши танзимкунандаи давлат дар ташаккул ва фаъолияти он, рушди соҳаҳои савдо, хӯроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ тадбирҳои муассири замонавиро роҳандозӣ намудааст.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.05.2019    №: 104    Мутолиа карданд: 159

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед