logo

фарҳанг

ВАССОФИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

 

Шеъри ман як пораи ҷони ман аст,
Номи ман имону виҷдони ман аст.
Ҳосили завқи тапиданҳои дил,
Шӯри шавқи хуни шарёни ман аст.
Аз замоне ки бори нахуст дафтари шеърҳои Рӯдобаи Мукаррамро ба даст гирифтам, расо 26 сол сипарӣ шуд. Ӯ хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ буду Тоҷикистон мубталои буҳрони шадид. Мамлакат саросар дар оташи ҷанги ҳамватанон месӯхт.
Ду дафтари умумиро падари Рӯдоба ба дастам супурду хоҳиш кард, ки «аз рӯи инсоф ба навиштаҳои духтарам баҳо диҳед». Ман он вақт котиби масъули моҳномаи «Фарҳанги Бадахшон» будам ва шеърҳои навқаламонро низ пайваста чоп мекардем. Бинобар ин, бо диққати тамом ба мутолиаи навиштаҳои ин навқалами тозапайдо шурӯъ намудам. Фикрҳо парокандаву канда-канда буданд, аммо аз он дарак медоданд, ки гӯяндаи онҳо истеъдоди отифии суханварӣ дорад – барои баёни андеша сухан намеҷӯяд, балки сухан худ ба суроғи ӯ меояд.
Ман хулосаамро дар чанд ҷумла дар гӯшаи яке аз он дафтарҳо сабт намуда, ба падари шоираи навқалам додам ва дилашро пур кардам, ки «духтаратон шоири хуб хоҳад шуд».
Мактабро бомуваффақият хатм карду ба Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев дохил шуд. То донишҷӯ гаштан шеърҳояш дар рӯзномаҳои «Маърифати Шуғнон» ва «Бадахшон» чоп шуда, аз саъйи комилу азми росихаш дар ин ҷодаи мушкилписанд дарак медоданд.
Аз аввали солҳои 2000-ум шоираи ҷавон ба марҳалаи тозаи ҳаёти эҷодӣ қадам мегузорад. Шеърҳои тоза ба тозааш пайваста дар матбуот нашр мешаванд, ҳаводорони каломи бадеъ ба қаламаш эътимод пайдо мекунанд, маҳфилҳои адабии сатҳи ҷумҳуриявӣ бо ному ашъораш ошно мегарданд. Шоира дар гирдоби пурпечутоби ҳодисот раҳгум намезанад, зиёда аз он мавқеи иҷтимоӣ ва сарнавиштсози худро чунин муайян менамояд: дар ҳама ҳолат бо халқи худ, бо Ватани худ будан! Сарманшаи ин ҳадафи бузург ҳамоно талошварзиҳои ҷасурона ва илҳомбахши Сарвари хирадманди миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд.
Ба субҳи тираи Меҳан басо нуру зиё бахшид,
Зи дуди ҷанги оламсӯз кишварро раҳо бахшид,
Сафои дастҳояш субҳи милоди навозишҳо,
Ятимонрост ҳарфи нарми ӯ ёди навозишҳо,
Барои миллати беиллат умри ҷовидон бахшид.

Баъдан Рӯдоба барои тасвири мазмуни зиндагии инсони замони истиқлолият пайгирона ба ҷустуҷӯи маъниҳои тоза рӯ овард. Ба ин далел, агар шеъри Рӯдобаи Мукаррамро бо шеъри қаламкашони ҳамсоли ӯ муқоиса намоем, мебинем, ки мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи вай – меҳанпарварӣ, худшиносӣ, садоқат ба миллату Пешвои музаффари он, даъват ба якдиливу ягонагӣ, азиз доштани оину суннатҳо, забон ва ҳувият ба ҳар рангу ифодаи малеҳ дар назари хонанда ба ҷилва омада, таъсиргузору дилписанд гуфта шудаанд.
Хати сурхе, ки аз хилоли ашъори иҷтимоии Рӯдоба мегузарад, даъват ба рӯҳбаландӣ ва давронсозист. Шоира комилан бар зидди тарғиби бечоранолӣ, яъсу навмедӣ ва сар фуруд овардан дар назди мушкилоти зиндагист ва ҳамватани худро инсони ҳаётдӯст, хушбин, созанда, ғайратманд ва дур аз таассубу тангназарӣ дидан мехоҳад. Гоҳе ҳам агар чун зан гиря гулугираш кардаву эҳсоси шафқат вуҷудашро фаро гирифта бошад, дақиқан, дар лаҳзаҳоест, ки дилаш ба ҳоли ятиме ё модари фарзандгумкарда, ё инсони дучори шақоват гашта сӯхтаву аз синааш абёти тасалло берун рехтааст. Яъне, дарди шоира дарди фардии ӯ нест, он бо ҳасрату орзуи ҳаммиллатони вай тавъаму ҳамреша мебошад. Ин аст, ки дар муддати 8 сол паёпай 5 маҷмӯаи шеъри Рӯдоба – «Афсонаи ишқ», «Дуруди ошно», «Замзамаи равони рӯд», «Гулрезаҳо», «Гулвожаи баҳорон» ба дасти муштариёни сухан расида, шахси ӯро дар сафи бонувони шинохтаи суханвар қарор доданд.
Баъди ба шаҳри Душанбе ба кори шарафманди муовини раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон даъват шудани Рӯдоба шеъраш ҳам дучори таҳаввулоти тоза шуд. Забонаш рангинтар, баёнаш муҷаллотар, дидаш амиқтар гардид. Шоира дар муҳити адабпарвари пойтахт боли парвоз кушод.
Дар машварати адибони ҷавони соли 2012 бо пешниҳоди устодони назми муосир ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта шуд; ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба даст овард; барои фаъолияти ғайратмандонаи ҷамъиятиаш бо ордени «Шараф» мукофотонида шуд.
Шеъри Рӯдоба рӯз ба рӯз такмил меёбад, суханаш китоб ба китоб суфтаву равонтар мегардад. Итминони комил дорем, ки ин бонуи вассофи латофату таҳаввулоти даврони истиқлоли давлати ҷоноҷонамонро дар кори эҷод марҳалаҳои баландтару баландтари камолот интизоранд. 
 Ато МИРХОҶА, адиб, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.05.2019    №: 104    Мутолиа карданд: 355
10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед