logo

сиёсат

ДОНАЛД ТУСК: "ТОҶИКИСТОН ДАР ҲИФЗИ АМНИЯТИ МИНТАҚА ВА ҲАЛЛИ МАСОИЛИ ГЛОБАЛӢ НАҚШИ КАЛИДӢ ДОРАД"

Доналд Туск, президенти Шӯрои Аврупо, ки 29 - 30 май дар раъси як ҳайати баландпоя бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт, баъд аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ натиҷаҳои сафараш ба кишвари моро мусбат арзёбӣ кард.

Ин меҳмони олимақом баъд аз мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури доираи васеи хабарнигорон бо қаноатмандии зиёд аз раванди тавсеаи равобити судманди Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ситоиш кард. Ӯ гуфт: «Сафари ман ба кишвари шумо дар ҳоле иттифоқ афтод, ки чанде қабл Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ қабул гардид. Бо ин сафар, боздиди нахустини президенти Шӯрои Аврупо ба Тоҷикистон анҷом шуд. Яъне, ман аввалин шахсе ҳастам, ки дар ин мақом ба кишвари шумо омадам. Ин баёнгари он аст, ки мо  сидқан ҷонибдори таҳкиму густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистон ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ҳастем. Дар Иттиҳоди Аврупо ба нақш ва мавқеи стратегии Тоҷикистон дар ҳалли масоили минтақавӣ эҳтиром мегузоранд».
Президенти Шӯрои Аврупо изҳор дошт, ки Тоҷикистон дар ҳифзи амнияту суботи минтақа нақши калидӣ дорад. Ӯ зимни боздиди худ аз марзи Тоҷикистону Афғонистон, ба корҳои анҷомшудаи марзбонӣ ва шароити хизматӣ дар дидбонгоҳҳои сарҳадӣ баҳои баланд дод. «Ман аз он ба ваҷд омадам, ки шумо барои ҳимоят аз марз чи корҳои судмандеро анҷом додаед. Дар ин замина, бояд ба нақши Тоҷикистон дар маъмурияти марзҳои Осиёи Марказӣ низ эҳтироми зиёд қоил шуд. Иттиҳоди Аврупо дар таҳкими сарҳадот, мубориза бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва экстремизми хушунатбор бо ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон, ҳамкорӣ намуда, дар ин самт ба дастгириҳои молиявӣ авлавият хоҳад дод».
- Ман имрӯз аз пиряхҳои Помир низ дидан кардам ва шоҳиди он будам, ки тағйири иқлим ба пиряхҳо чи таъсире гузоштааст. Обшавии пиряхҳо бар асари тағйири иқлими сайёра, на танҳо мояи нигаронии кишвари шумо, балки минтақа ва саросари олам аст. Иттиҳоди Аврупо барои пешгирии тағйироти иқлим барномаҳои зиёдеро рӯи даст дорад. Умедворам, ки Тоҷикистон дар ин масъала коршарики асосии мо хоҳад буд. Зеро Тоҷикистон дар ҳалли масоили глобалии ҷаҳон яке аз кишварҳои пешсаф аст. Ҷомеаи ҷаҳон борҳо шоҳиди ташаббусҳои неку башардӯстонаи Президенти Тоҷикистон буданд, бахусус дар самти мудирияти истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ.
Боздид аз Сарез маро ба ваҷд овард. Дар миёни кӯҳсор ганҷинае нуҳуфтааст, ки наҷотбахши аҳли башар буда метавонад. Ҳоло дар ҷаҳон нарасидани оби тоза мушкили асосӣ ба шумор меравад ва саҳми Тоҷикистон дар ҳалли ин масъалаи доғ бузург аст. То ҳол чор пешниҳоди Тоҷикистон дар масъалаи оби тоза аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори башардӯст ва ташаббускори сатҳи байналмилалӣ эътироф гардидаанд. Зеро Тоҷикистон бо чунин сарватҳои бузурги табиӣ таҳти сарварии Ҷаноби Олӣ худро дар ҳалли мушкилоти норасоии оби тоза канор нагирифта, баръакс дар ин самт пешоҳанг аст. Воқеан, мардуми тоҷикро шахсияте роҳбарӣ мекунад, ки мардуми бисёре аз кишварҳои сайёра доштани чунин Сарварро орзу мекунанд, - изҳор дошт Доналд Туск.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.06.2019    №: 105    Мутолиа карданд: 80

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед