logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН ДАР ШИНОХТИ ИТТИҲОДИ АВРУПО

Тавре аз матолиби васоити ахбори омма бармеояд, боздид ва суҳбати хосаи Доналд Туск бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷабахшу самимӣ буд. Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи Иттиҳоди Аврупоро ҷалб намудааст. Сиёсати оқилона, башардӯстонаву сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз забони ин шахсияти шинохтаи сатҳи байналмилалӣ такрор ба такрор зикр гардид.  Ӯ самарабахшу мусбат будани сиёсати хориҷӣ ва нақши байналмилалии Тоҷикистонро дар нишасти матбуотӣ чунин баён кард: «Сафари ман пас аз қабул шудани стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гашта истодааст. Президенти аввалини Шӯрои Аврупо мебошам, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорам ва ин нишондиҳандаи ҷонибдории ҳамкориҳои қавӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо Тоҷикистон мебошад».
Ҷониби Тоҷикистон низ ин равандро эътироф менамояд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти матбуотӣ зикр карданд, ки дар асоси эътимод ва муносиботи судманди тарафайн  «Имрӯз Иттиҳоди Аврупо аз ҷумлаи шарикони муҳими Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад». Ин равандро метавон натиҷаи сиёсати муваффақонаи хориҷии Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ арзёбӣ кард.

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ИҚТИСОДӢ
Дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва, ҳамзамон, дар нишасти матбуотӣ Д. Туск иброз дошт: «Иттиҳоди Аврупо имрӯз омодааст, ки барои дастрасии Тоҷикистон ба бозорҳои Аврупо кумак намуда, шароити зарурӣ фароҳам орад». Заминаи ин ҳамкориро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ мусбату натиҷабахш баҳогузорӣ карда, то имрӯз кумаку маблағгузориҳои Иттиҳоди Аврупоро дар ҳаҷми қариб 800 миллион евро зикр намуданд. Дар нишасти матбуотӣ президенти Шӯрои Аврупо дуруст таъкид кард, ки мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон аҳамияти муҳими стратегӣ дошта, «Тоҷикистон байни Аврупо ва Осиё барои шарикии замонавӣ роҳҳои навро боз мекунад». Чунин ба назар мерасад, ки дар натиҷаи ин музокирот самтҳои нави ҳамкориҳои иқтисодӣ барои Тоҷикистон фароҳам меояд. Дар мулоқот бахши иқтисодии ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон  мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифта, таъкид шуд, ки раванди воридшавии Тоҷикистон ба Барномаи имтиёзҳои иқтисодии Иттиҳоди Аврупо - (GSP+) баррасӣ шуд. Ин барнома молу маҳсулоти содиротӣ аз Тоҷикистон ба қаламрави иттиҳодро аз имтиёзҳои гумрукӣ бархӯрдор месозад.
Тоҷикистон чун ҳамеша бо мавқеи сулҳпарваронаву башардӯстонааш устувор боқӣ монда, муқобилияти худро алайҳи зуҳуроти номатлуби ҷомеа идома медиҳад. Пешвои миллат дар ин бора сареҳан баён доштанд: «Мо нигаронии амиқи худро аз хатари густариши терроризму зуҳуроти экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддиру қочоқи силоҳ, иброз медорем». Зимни мулоқоти музокироти сатҳи олӣ, ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро дар муборизаи муштарак бо терроризм, оқибатҳои талху марговари он дар минтақа ва ҷаҳон, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи силоҳ мавриди муҳокима қарор доданд.

ЭКОЛОГИЯ ҲАМЧУН МАСЪАЛАИ ГЛОБАЛӢ
Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор нисбат ба масъалаҳои экологии сайёра шинохтаву эътироф шудааст. Ҷониби Тоҷикистон, ки дар саргаҳи манбаъҳои обии минтақавӣ қарор дорад, бори дигар изҳор намуд, ки манфиатдори истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои обии минтақа, ҳамчунин, ҳифзи муҳити зисти он мебошад. Зимни боздид аз кӯли Сарез Д. Туск иброз дошт, ки ин кӯл ҳайратовару зебост. Наворҳо ва гузоришҳо бозгӯи он буданд, ки ӯ аз зебоиҳои табиати кишвари мо ба ваҷд омадааст. Ҳамзамон, аз он нигаронӣ кард, ки тағйирёбии иқлим таъсири манфии худро ба табиати зебои мо гузоштааст. Манзури Д. Туск обшавии пиряхҳо дар натиҷаи тағйирёбии иқлим мебошад. Аз ҷумла, дар атрофи ин кӯл об шудани панҷ пирях таассуфи амиқи ӯ буд. Худи ҳамон рӯз Д. Туск дар саҳифаи фейсбукиаш навишт, ки тағйирёбии иқлим масъалаи доғи рӯз аст, ки бояд ҷомеаи ҷаҳонӣ барои раҳоӣ ёфтан аз ин мушкилӣ саъю кӯшиш намояд.
Дар маҷмӯъ, аз ташрифи президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон чунин хулосаҳо ҳосил мешаванд:
1. Тоҷикистон ҳамчун кишвари демократӣ бо сиёсати дарҳои боз дар маркази таваҷҷуҳи бузургтарин созмонҳои байналмилалӣ қарор дорад;
2. Сиёсати оқилона ва сулҳпарваронаи Пешвои миллатро ниҳодҳо ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ омили аслии пешрафти Тоҷикистон медонанд;
3. Барои Тоҷикистон имкони равобити иқтисодӣ дар заминаи ин музокирот бештар мегардад;
4. Мавқеъ ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ  амиқан эътироф намудааст;
5. Табиати зебои мо барои бузургтарин шахсиятҳои арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун макони диданиву хотирмон боқӣ мемонад.
Бахтиёри ҚУТБИДДИН,
дотсенти ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.06.2019    №: 106    Мутолиа карданд: 205

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед