logo

иқтисод

АТМОСФЕРА. ҲИФЗИ ҲАВО ҲИФЗИ БАШАРИЯТ АСТ

Чжао Инмин, вазири муҳити зисти Чин, ба ҷаҳониён эълон дошт, ки имсол 5 июн – Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист зери унвони “Ҳифзи ҳавои атмосфера – ҳифзи инсон” дар давлати Чин баргузор мегардад ва интихоби Чин ҳамчун таҷлилгари ин ҷашнвораи ҷаҳонӣ бо мақсади коҳиш додани партовҳои зараррасон ба ҳаво бо истифода аз навоварӣ дар технологияҳои “сабз” мебошад.

Вобаста ба ҳавои атмосфера ва аз ин ҳисоб тағйир ёфтани боду ҳаво олимони варзида бар онанд, ки тағйирёбии иқлим маъмулист, яъне гармшавӣ ва сардшавии ҳарорати Замин баъди садҳо ва ё миллионҳо сол имконпазир аст. Бо вуҷуди ин, хавфи таъсири дигар ҳолатҳо низ мавҷуд аст, аз ҷумла ҳолати парникии ҳаво аз таъсири партовҳои газҳои карбону метан, ки бояд аз ҷониби кишварҳо кам карда шаванд. Ба ин хотир, баъд аз имзои протоколи Киото (Япония) бо ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид конфронсҳои байналмилалӣ оид ба тағйирёбии иқлим дар Париж ва Копенгаген баргузор гардиданд. Дар кори конфронсҳо олимони варзида ва роҳбарони беш аз 100 давлати дунё ширкат намуданд. Ҳоло ҳавои сайёра аз меъёри муқаррарӣ 0,7 дараҷа баланд аст.
Чин – яке аз кишварҳои калонтарин ва пуриқтидори ҷаҳон барои кам кардани партов ба ҳавои атмосфера тадбирҳо  андешида истодааст. Дар ин кишвар қариб 99 дарсади воситаҳои нақлиёти барқии ҷаҳон, аз ҷумла  автобусҳои электрикӣ, истифода мешаванд. Ба гуфтаи вазир, Чин дар пешгирии ифлосшавии ҳаво дар кишвари худ пешсафӣ нишон дод ва ҳоло метавонад дигар кишварҳоро низ барои кӯшиши бештар дар ин самт даъват намояд.
Ҳукумати ИМА ҳанӯз шартномаи Парижро имзо накардааст, дар ҳоле ки сохторҳои давлатии он, аз қабили Агентии кайҳонӣ (НАСА) ва дигарҳо дар натиҷаи тадқиқот муайян кардаанд, ки гармшавии глобалии иқлим ба зиёдшавии консентратсияи дуоксиди карбон вобаста аст ва ин таъсири бевоситаи антропогенӣ ба ҳаво зарар мерасонад. Бинобар ин, аксари донишмандон дар ИМА бовар доранд, ки Амрико низ шартномаро имзо хоҳад кард.
Дар Федератсияи Россия Думаи давлатӣ бояд ин ҳуҷҷати муҳимро ба тасвиб расонад.
Кишвари мо ҳамчун ташаб-бускори асосӣ ба масъалаи муҳофизати муҳит аҳамияти ҷиддӣ дода, ҷомеаи ҷаҳонро ба ҳифзи захираҳои табиӣ, ки аз таъсири тағйирёбии иқлим осебпазиранд, даъват намудааст. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори конфронси Копенгаген доир ба имконияти Тоҷикистон дар роҳи ҳалли  масъала, аз ҷумла гуфтанд, ки истифода бурдан аз захираҳои табиии Тоҷикистон – неруи барқ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ имконият медиҳад, ки дар баробари сарфаи захираҳои нафту газ ва ангишт боз партоби садҳо миллион тонна партовҳои парникӣ ба фазои атмосфераро кам намоянд.
Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2021”, ки бо пешниҳоди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷмаи кулли СММ қабул гардид ва айни замон татбиқи он идома дорад, дар ҳалли масъалаҳои таъсири тағйирёбии иқлим низ бо назардошти тадбирҳои экологӣ, беҳдошти замин, идоракунии захираҳои обӣ ва амсоли инҳо ёрии калон мерасонад. 
Ҳоло, бо вуҷуди он ки дар кишвар партовҳои зараррасон ба ҳаво кам партофта мешаванд, ифлосшавии ҳаво пайваста таҳти назорат қарор дорад. Ба гуфтаи Саидусмон Судуров, сардори раёсати ҳифзи ҳавои атмосфераи Кумитаи ҳифзи муҳити зист, ҳолати ифлосшавии ҳаво, махсусан дар шаҳри Душанбе, доимо аз ҷониби раёсати мониторинги муҳити зист дар нуқтаи худкори мушоҳидавӣ санҷида мешавад. Айни ҳол аз рӯйи таҳлилҳо, вазъи муҳити зист дар ҷумҳурӣ  муътадил аст.
О. ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.06.2019    №: 107    Мутолиа карданд: 131

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед