logo

фарҳанг

ОРЗУИ ПАДАРРО ҶОМАИ АМАЛ ПӮШОНД

I
Дар он рӯзгори пешин аҳли илму адабу ҳунар ба ночор тарку ҷилои ёру диёр карданд, то ҳумои илму донишро ба дом оваранду ба дарёфти ҳақиқат бо камолу ҷамол мушарраф шаванд. Камоли Хуҷандӣ, Толиби Омулӣ, Соиби Табрезӣ,  Урфии Шерозӣ ва ҳам Мавлоно Холмуҳаммади Хаста аз ин зумраи мардонанд. Аммо, Мавлоно Хаста орзуи дидори ёру диёрро бо худ ба хоки тира набурд, балки ба фарзанди гиромиқадраш Муҳаммадюсуф супурд. Ӯ чанд рӯз пеш аз ин орзуи падарро дубора ҷомаи амал пӯшонд ва рӯҳашро хушнуд намуд. Суҳбати инҷониб бо Муҳаммадюсуф барои чанд дақиқа дар идораи рӯзномаи «Ҷумҳурият» он замон, ки азми сафари Кангурт дошт ва аз  ваҷду фараҳмандӣ саршор буд, сурат гирифт. Дар дидори дигар ваъдаи суҳбати муфассалро дод, аммо ин гуна фурсатро пайдо накард. Намегӯем, ки ӯ ба ваъда вафо накард, чунки бо баёни узри бисёр изҳор дошт, ки бояд зуд биравад. Шарҳи як сина суханро ба замоне  дигар гузошт.
Вуҷудаш аз мужда ин бор ҳам пур,  пури пур буд ва барои падараш Мавлоно Муҳаммади Хаста мебурд. Дар ин ҳол зуд гуфтем: «Чун дер омадаӣ, пас дар рафтан дер макун!».

II
Чаро Хаста? Ва чаро ин Мавлоно ба он донишу фазилату шуҳрат худро дар «Хаста» - гӣ тоқ, яъне танҳо мебинад?
Ғараз, андар ҷаҳони машҳурофоқ
Манам имрӯз андар «Хаста» - гӣ тоқ.
Муҳаммадюсуф, ки гарди ин хастагиро дар вуҷуд дорад, аз падар ёд меорад ва изҳор медорад: «Ҳазрати Мавлоно ин тахаллусро ба содагӣ (яъне, бесабаб) интихоб нанамудааст ва дар ин хусус мефармояд:
«Рӯзе қалам зи халқи Худо моҷаро навишт,
Шояд маро ба ранҷу алам мубтало навишт.
Эшон дар хотироти хеш таҳрир намудаанд (навиштаанд), ки ман хаста нестам, магар хаста зи баҳри рӯзгорам. Биноан, ин тахаллус аз ибтидо, марҳалаи туфулият ба домони Мавлоно печидааст. Ба далели ин, ки дар дусолагӣ аз домони пурмеҳри модар ба замин афтода ва дар 5 - солагӣ падарро аз даст дод, ки ҳам барояш модар буд ва ҳам падар. Ва иллати (сабаби) Хаста тахаллус намудани эшон дарде аст аз олами танҳоӣ».
Албатта, шарҳи ҳоли Мавлоно Холмуҳаммади Хастаро аз забони фарзанди гиромияш дар ин маврид наметавон мукаммалу дақиқ донист. Ва ҳам ӯ наметавонист, ки дар ин чанд ҷумла зиндагиномаи як асру дарду ранҷи зиёдро бигунҷонад. Падар дар шарҳи ҳоли худ ва посух ба пурсиши яке аз дӯстонаш дар бораи интихоби тахаллуси «Хаста» мефармояд, ки ин «Хаста»-гӣ ӯро сазовор аст:
Дусола мондаам аз модари хеш,
Гирифта панҷумин роҳи сафар пеш.
Ин ҳақиқатро Муҳаммадюсуф борҳо аз падар шунида ва собит месозад, ки Мавлоно Муҳаммади Хаста дар 5 - солагияш аз Кангурт ба Бухоро - маркази илму маърифат рахти сафар бастааст:
Зи Хатлон панҷсола сар кашида,
Ба вола дар Бухороям расида.
Дар Бухоро ду бародари ӯ аз дунё дармегузарад ва дар ин хок ҷисми беҷони онҳоро месупуранду бо падар ба сӯи Балх раҳсипор мешавад:
Ба хок он ҷо супурда ду бародар,
Кушодам бо падар дар Балх бистар.
Падар аз Балх сафари ҳаҷ мекунад ва фарзандаш дар ин ҷо танҳо мемонад. Дар ин вақт Мавлоно Муҳаммади Хаста 11 - сола буд, на 5 - сола, ончунон ки Муҳаммадюсуф ёдовар мешавад, ки «дар 5 - солагӣ падарро аз даст дод»:
Қазо онҷо падарро ҳаҷ фиристод,
Сари танҳо маро дар Балх бинҳод.
Дар он айём умрам ёздаҳ буд,
Бар он чун ёздаҳ дар Балх афзуд.
Дар 22 - солагӣ барои таҳсил ба Кобул меравад ва баъд аз он ҷо ба Ҳиндустон. Бешак, ин шарҳи назмӣ он маъноро надорад, ки то ба 22 - солагӣ ҳавои хондан бар сари Мавлоно наафтода бошад. Ҳаргиз! Нафаре, ки то расидан ба ин синну сол илм наомӯхта ва дар омӯзишу андӯхтан муваффақ нагардида, муҳол аст, шавқу завқ раҳбараш бишаваду ҳама ранҷро дар ин роҳ қабулу таҳаммул бикунад.
Чунон ки пештар ёдовар шудем, муҳаббату ишқи ёру диёр қарор аз ин ғариб рабуда буд. Ӯ дар он рӯзгор медонист, ки дар Кангурти Хатлон амаку амма, холаву хол (тағо) дорад, аммо имкони сафар ба зодгоҳ ва дидори онҳо дасташ намедод:
Чунон гумгашта аз аҳлу диёрам,
Касе нашносад аз қавму таборам.
Ҳамедонам, ки дар мулк аст алҳол
Маро ҳам амму амма, холаву хол.

III
Ба иттилои фарзандаш, Мавлоно Муҳаммади Хаста соли 1280 (1902) чашм ба олами ҳастӣ кушод ва соли 1352 (1974) бар асари бемории саратон аз он чашм пӯшид. «Тани беҷони ӯро худам аз бемористон рӯи дастон овардам. Ҷанозаи Мавлоно Холмуҳаммади Хаста аз пуршукӯҳтарин ҷаноза дар Афғонистон буд»,- мегӯяд Муҳаммадюсуф. Ва ҳам меафзояд, ки ба хотири падараш шахсиятҳои бузургу шинохтаи ин кишвар ҳамеша ба ӯ эҳтиром мегузоштанду мегузоранд ва донишу фазилаташ, хидматҳои мондагорашро дар роҳи илму адаб ёдовар мешуданду мешаванд.
Ҷисми беҷони Мавлоно дар гӯристоне бо номи «Ғарибон» - и Кобул дафн мегардад.
Некмуҳаммади Сарир, ки ба асари «Мунтахаб-уз-замон» - и Мавлоно Холмуҳаммади Хаста сарсухане бас кӯтоҳ навиштааст, чунин зикр мекунад: «Ба ёд дорам рӯзгоронеро, ки мусодиф ба солҳои 1332-1333 (1954 - 1955) буд ва устод Холмуҳаммади Хаста дар ҷодаи муқобили вилояти Кобули вақт нахуст китобхонаи «Яздонпараст» - ро ва сипас китобфурӯшии «Ибни Сино» - ро аз сӯи моликони он ба уҳда дошт ва аз ин роҳ имрори  маош (рӯзгузаронӣ кардан) менамуд». Ва ҳам пас аз ин сарсухан Муҳаммадюсуф овардааст, ки падараш «аз худ кӯҳи осори адабиву фарҳангӣ, таърихӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва садҳо асари хушнависӣ ба ҷо монда ва номи номии худро худаш фурӯзон намуда ва чунончи фурӯзон хоҳад монд».
Мавлоно Холмуҳаммади Хаста ин орзуро дошт, ки нашри ҳамаи китобҳояшро дар замони зиндагӣ бо чашми худ бубинад, аммо он ҷомаи амал напӯшид.
Ду маҷмӯаи  шеърияшро бо номҳои  «Рамзи ҳаёт» ва «Хумистон» ба ҳангоми ғурбат дар Ҳиндустон ба табъ расонд. Пас аз он дар соли 1344 (1966) китоберо бо номи «Ёде аз рафтагон» нашр кард, «ба таъқиби он ҷузъи аввали муосирини суханвари Мавлоно соҳиб, ки дар соли 1339-и хуршедӣ (1961- и милодӣ) ба матбааи давлатӣ чоп гардид».
Аз ҷумлаи асарҳое, ки дар замони зиндагияш нашр нашуданд, инҳоянд: «Дабиристони Балх», «Користони Балх», «Нуфуси дониш», «Тазкиранигорон», «Рисолаи одоби хати  настаълиқ», бахши чаҳоруми «Суханварони муосир», «Тазкираи хушнависон».
Аз рӯи навиштаи ин фарзандаш «Гулбонг»-и Хаста ва «Фарёдҳо»-и Хаста – ин ду унвон аз солҳои пешини ҷаноби Мавлоно Хаста мебошад, ки ин чаҳор маҷмӯа (ба иловаи «Рамзи ҳаёт» ва «Хумистон», ки дар Деҳлӣ нашр шудаанд) якҷо гардад, «Куллиёт»-и ҷаноби Хаста ба миён меояд, чунончи маҷмӯаи мукаммал ба номи «Ҳақиқати осор» дар замони ҳаёт эшон тартиб намуданд.

IV
Ва ҳам ӯ, яъне Муҳаммадюсуф навиштааст: «Аз ҷумлаи осоре, ки ҷаноби Мавлоно Холмуҳаммади Хаста бо алоқамандии тамом болои он кор карда, метавон тасҳеҳ ва муқобалаи «Куллиёт»-и ҳазрати Мирзо Абдулқодири Бедил (рҳ) - ро дар чаҳор ҷилд ва 3434 сафҳа ба муддати чор соли тамом шабу рӯз кор карданд, то ба пояи  акмал (комилтар, пурратар) расонида, чунончи мефармуданд: «Ҳазрати Мирзо Абдулқодири Бедил (рҳ) болои ҷомеаи башарӣ ҳақ дорад».
Некмуҳаммади Сарир, шогирди Мавлоно Холмуҳаммади Хаста, нигоштааст: «Дар ин овон ман низ гоҳ-гоҳе бо ҷаноби устод Хаста дар тамос будам ва ин масоилро аз наздик медидам ва дар зеҳн месупурдам ва мушоҳида мекардам, ки устод Хаста саргарми таҳқиқи хеш дар мавриди Бедил ҳама дил буд».
«Мунтахаб-уз-замон» таҳқиқу таълифи ин фозили давр, ки шарҳи  ҳолу шахсияти Абулмаонӣ Мирзо Абдулқодири Бедил (рҳ) мебошад, бо саъю кӯшиши Муҳаммадюсуф Хастазода ба табъ расид ва дастраси алоқамандон  гардид. Инчунин, баъзе аз китобҳои падарро ӯ нашр намуд.

V
Акнун вазифаи мо аст, ки ин фарзанди фарзонаи миллат ва ғарибафтодаро барои худ ва дигарон бештару беҳтар шинос бикунем. Инчунин, осорашро ба табъ бирасонем. Алҳол, ки ин як фарзанди гиромии ӯ дар қайди ҳаёт ҳаст ва метавон ҳама гуна ёриро дар ин маврид ба мо бирасонад, бояд фурсати муносибро аз даст надиҳем. Фикр мекунам, ки  Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва дигар идораҳои салоҳиятдор ҳарчи зудтар тадбирҳои заруриро меандешанд. Ҳамчунин, хеле муфид мебуд, агар Вазорати маориф ва илми кишвар барои омӯзиши рӯзгору осораш дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилот тасмим гирад. Иҷрои ин амал барои шинохти таърихи ғаниву рангини миллат, ҳувияти миллӣ, ифтихори ватандорӣ, боло бурдани маърифати мардум, махсусан насли наврас бисёр муҳим аст.
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.06.2019    №: 107    Мутолиа карданд: 184

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед