logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад.

Рақами автомобилро ёбед
Ронандаи автомобиле, ки сабабгори фалокат дар роҳ шуд, аз ҷойи ҳодиса ғайб зад. Се нафаре, ки шоҳиди ин воқеа буданд, ба кормандони мақомоти тафтишотӣ оид ба  рақами давлатии автомобил чунин маълумот доданд:
Шоҳиди 1: Ду рақами аввали автомобил якхела буд.
Шоҳиди 2: Ду рақами охири автомобил якхела буд.
Шоҳиди 3: Он квадрати адади бутунро ташкил мекард.
Акнун рақами давлатии автомобилро ёбед!
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05,
bzm_701@mail.ru


ГРИГОРИЙ ПЕРЕЛМАН
ОЛИМЕ, КИ АЗ 1 МИЛЛИОН ДОЛЛАР ДАСТ КАШИД
Дар замони мо ҳам касоне ҳастанд, ки ҳаёташон афсонаи орифонаро мемонад. Аз ҷумла, гӯшанишинӣ, аз халқ канора ҷустан, ба молу мулки дунё беэътино будан ва либосҳои фақирона хоси онҳост. Масалан, математики маъруфи рус Григорий Перелман, ки ҳанӯз ҳам дар танаш костюми замони шӯравист, имкон дошт аз ҳисоби бо теоремаи худ ҳал намудани яке аз муаммоҳои ҳазорсола сарватманд шавад. Вале аз ин кор худдорӣ кард.
Воқеан, ба «Ҳазорсола» 7 масъалаи ҷаҳонӣ ворид мешавад, ки ба ҳар яке 1 миллион долларӣ мукофот ҷудо шудааст ва он дар Пажӯҳишгоҳи математикаи Клэя баррасӣ мешавад. Вақте Перелман яке аз масъалаҳоро ҳал кард, аз гирифтани миллион доллар даст кашид. Ҳатто рӯзи ҷоизасупорӣ, ки дар шаҳри Мадрид бо иштироки шаҳзодаи Испания мегузарад, ҳозир нашуд ва ҳамаро дар ҳайрат гузошт.
Ӯ ин муамморо тавассути гипотезаи Пуанкаре солҳо қабл ҳал карда буд. Барои ин соли 2006 ба Перелман «Медали Филдс», яке аз мукофоти сатҳи олиро, ки бо Нобел паҳлу мезанад, тақдим доштанд. Аммо онро ҳам рад кард.
Перелман ҳоло бо модари бемораш дар Санкт - Петербург, дар бинои куҳнае ба сар мебарад ва гоҳ - гоҳ барои харид берун мебарояд. Берун шудани ӯро рӯзноманигорону мухлисони дохиливу хориҷӣ ҳафтаҳо мунтазир мешаванд. Чун баромад, саволборон мекунанд, то аз сад суол ба якеаш раҳораҳ ақаллан ҷавоби кӯтоҳ бигиранд.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


МАВЗЕЪҲОИ ҶОЛИБИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН
Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии «Ҳулбук» дорои осорхонаест, ки дар он зиёда аз 5143 нигора нигоҳ дошта мешавад. Ҳамаи онҳо аз қасри шоҳони Ҳулбук ёфт шудаанд.
Бино ба маълумоти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар  соли 2018 аз он 20072 сайёҳи дохилӣ дидан кард. Бозёфтҳои бостоншиносӣ аз пойтахти Хатлон ва шаҳри қадима будани Ҳулбук шаҳодат медиҳанд. Ин шаҳр тӯли қарнҳо маркази маъмурӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии шоҳигарии Хуталони куҳан ба ҳисоб мерафт.
Сабки тасвири девормусаввараҳои Ҳулбук нишон медиҳад, ки ниёгони мо анъанаҳои санъати тасвирии бою рангине доштаанд.  Ҳамчунин, дар ин ҷо ба рушди илмҳои табиатшиносӣ ва ҳандаса аҳамияти ҷиддӣ медоданд. Таъсири онҳоро мо дар маҳсулоти кулолӣ, шишасозӣ, оҳангарӣ ва тарҳу ороиши биноҳои қаср ва атрофи он мушоҳида менамоем. Ҳамаи тасвирҳо олӣ буда, нафосат ва зебогии нотакрореро дар худ таҷассум менамоянд.
Маҳз ҳамин сифатҳои шаҳри Ҳулбук буд, ки моҳи ноябри соли 2009 дар шаҳри Сиан – пойтахти фарҳангии давлати Чин дар қатори 8 ёдгории беназири халқи тоҷик ба силсилаҷоизаи «Шоҳроҳи бузурги Абрешим» - и ЮНЕСКО сарфароз гардид.
Таҳияи Лола РИЗОӢ


«СОМОН - ЭЙР»
ШИРКАТЕ, КИ ЛАЗИЗТАРИН ХӮРОК ДОРАД
 Тибқи рӯйхати тартибдодаи Хадамоти сайёҳии Россия «Туту. ру»  Ширкати ҳавопаймоии «Сомон - эйр» ба рӯйхати 10 ширкате ворид гашт, ки ба мизоҷон лазизтарин хӯрокро пешниҳод мекунад.
Дар пурсиш наздики 28 ҳазор мусофир, ки тӯли як соли охир парвоз дошт, ширкат варзид.
Тоҷикистон дар ин рӯйхат ҷойи 7 – умро ишғол намудааст.
Ҳамчунин, дар ин даҳгона мақоми дуюм ва сеюмро ширкатҳои ҳавопаймоии Озарбойҷон «Ҳава йоллари» ва «Туркиш Айрлайнз»  ишғол намуданд. 
Таҳияи Меҳрона ЗУВАЙДОВА


САДОҚАТ
Грем Уоспии нобино саге дошт бо номи Эдвард, ки барояш ҳам посбонӣ ва ҳам роҳбаладӣ мекард. Эдвард вафодор буд ва бо садоқаташ шуҳрат дошт. Аҷиб аст, ки баъди 8 соли хизмат худи ҷонвар ҳам мисли соҳибаш нобино мешавад. Акнун на танҳо ба соҳибаш хизмат карда наметавонист, балки худаш ба нигоҳубин эҳтиёҷманд буд. Шояд фикр мекард, ки дер ё зуд ӯро хизматгорон аз хона меронанд. Вале Грем ҳеҷ майли ҷудоӣ аз дӯсти вафодорашро надошт. Бинобар ин, соли 2010 сагчаи дусолаеро хариду Опал номаш монд. Акнун Опал ҳам роҳнамои Грем асту ҳам чашми Эдварди солхӯрда.
Имрӯз ин ду саги бовафо дар тамоми Саффолки Англия, ки авлоди Уоспҳо дар он ҷо ба сар мебаранд,  шуҳрати беандоза доранд.
Таҳияи Мафтуна НУРИДДИН


ФУТБОЛБОЗОНЕ, КИ МУФЛИС ГАРДИДААНД
На ба ҳамаи футболбозон муяссар мегардад, ки маҳорати дар майдони футбол нишон додаашонро дар ҳифзи дороияшон низ роҳандозӣ намоянд. Қисме аз ситораҳои варзиш аз саҳлангорӣ бошад ва ё аз бетаваҷҷуҳӣ маблағҳои зиёди дарёфтаашонро муфт аз даст дода, муфлис гардидаанд.
Маълумоте дар ин бора ба ҳаводорони «Шоми шанбе» манзур мегардад.

Диего Марадона
Ин ба назар аҷиб менамояд, аммо яке аз нобиғаҳои футболи олам Диего Армандо Марадона як замон муфлисгардида маҳсуб мешуд. Дар замони футболбозиаш Диегоро ҳамеша мушкилот думболгир буд: ҳабс ва ҷаримаҳо барои нигаҳдории маводи мухаддир, барои дарафтодан ба намояндагони ВАО, якбора ба чанд  кӯдак ва занҳои расман эътирофшуда додани алимент ва амсоли инҳо. Пас аз он ки ӯ либоси футболбозиашро ба мех овехт, проблемаҳояш аз ҳар тараф боз ҳам бештар гардиданд. Мурофиаҳои судӣ оид ба напардохтани алимент қариб буд, ки ӯро аз хонаи дар Аргентина доштааш маҳрум намояд. Вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ ва ба суд ҳозир нашудан мумкин буд, ки сабаби аз озодӣ маҳрум шуданаш гардад.
Соли 2009 суди итолиёвӣ Диегоро муҷрим дониста, қарор намуд, ки ба хазина 38,5 миллион евро супурад, аммо Марадона аз пардохт даст кашид. Дар натиҷа, маблағ ба 48 миллион расид.
Замоне ки доҳии аргентинӣ аз тариқи Итолиё сафар анҷом медод, дастгир ва ба маҳбас кашида шуд. Ҳамаи чизҳои қиматбаҳо (соат, гӯшвора, телефон, ҷавоҳирот) аз ӯ мусодира ва дар музояда фурӯхта шуданд.
Қисме аз қарзҳои Диегоро домодаш Сержио Агуэро - футболбози "Манчестер Сити" (Англия) пардохт намудааст, вале то ҳанӯз Марадона қарздор боқӣ мемонад.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


ДАРЁҲОИ ДАРОЗТАРИНИ ОЛАМ
ЕНИСЕЙ – МОДАР
Дарёи Енисей бо шохобҳояш Ангара ва Идер дувумин дарёи бузурги Русия мебошад. Дарозии он 5238 километр буда, Сибири ғарбиро аз шарқӣ ҷудо мекунад.
Енисей аз калимаи “ионесси” гирифта шуда, маънояш “оби бузург” мебошад. Ҳамчунин, мардуми таҳҷоӣ дарёро “Енисей - модар” низ ном мебаранд. Дар он неругоҳҳои машҳури барқи обии Саяно - Шушенск ва Красноярск сохта шудаанд.
Дарё  аз ҷануб ба шимол ҳаракат карда, ба баҳри Карски уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ мерезад ва аз моҳи октябр сар карда, то нимаи дуюми фасли баҳор ях мебандад.
Шохобҳои Енисей зиёд буда, қариб 500 дарё ба он ҷорӣ мешавад, ки дарозии умумии онҳо 30 ҳазор километрро ташкил медиҳад.
Таҳияи Комрон САФАР


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
Анъанаи газидан чӣ маъно дорад?
Одати аҷибе доштаанд мардуми яке аз ҷазираҳои соҳили шарқии Гвинеяи Нав. Вақте ки ба духтаре ҷавонмарде писанд ояд, ӯ худ ба хостгорӣ мерафтааст. Ба назди ҷавон омада, аз нармии гӯшаш сахт мегазидааст. Агар мард газидани духтарро таҳаммул намояду нагурезад, яқин мешавад, ки ба никоҳ розист
Қурбон МАДАЛИЕВ,  тарҷума аз русӣ

 

ТЕАТР
АЗ ХУРД ТО БУЗУРГ
Театрҳо аз рӯйи сохташон ҳам муҳташам ва ҳам хеле хурд мешаванд. Театри аз ҳама бузург дар Ҷумҳурии Мардумии Чин сохта шудааст. Он «Дурри обӣ» ном дошта, баландиаш 50, бараш 215 ва дарозиаш 145 метр мебошад.
 Театри аз ҳама қадимаи Аврупо дар шаҳри Маноэл (Валлетта) қомат афрохта, соли 1731 сохта шудааст. Он то ҳол амал менамояду ҳамарӯза дар толораш то 650 тамошобин ғизои маънавӣ мегирад.  
Аз ҳама театри хурдтарин, мутобиқи маълумоти «Китоби рекордҳои Гиннес», дар шаҳри Филли Австрия ҷой гирифтааст. Саҳнаи он 1,3 бар 1,3 метр андоза дораду барои 8 тамошобин пешбинӣ шудааст. Намуди зоҳирии он ба шипанги чӯбин монандӣ дошта, аз соли 2009 амал менамояд.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА


«BEL CANTO» –  ТАРАБХОНА БАРОИ ДӮСТДОРОНИ ОПЕРА
Жак Байзери фаронсавӣ  дар дил  орзуи  мусиқанавоз шуданро дошт. Консерваторияро ҳам хатм намуд, аммо баъди он ба бемории вазнине гирифтор шуд. Ниҳоят  беморӣ асари худро гузошт  ва ӯ ношунаво гардид. Ҳама кӯшишу ғайраташро ба он равона кард, ки тавассути ба мардум  эҳдо намудани шодию  фараҳ тасалло ёбад. Ҳамин тавр, тарабхонаи «Bel Canto» – ро таъсис дод. Ба сифати пешхизмат  донишҷӯёни консерваторияро, ки ҳунарҳои навозандагию овозхониро меомӯзанд, ба кор қабул намуд.
Дар тарабхона муҳити театрӣ таъсис дод. Эълонномаҳои  навозандагону сарояндагони машҳурро дар ҳар гӯшаи он овезон карду дар долони тарабхона либосҳои ҳунармандони машҳури  операю балетро ба намоиш гузошт. Ба мисли пероҳани Ҷулйетта (аз «Ромео ва Ҷулйетта») ва болопӯши  граф  Алмавив (аз  операи  «Зангирии  Фигаро»).
Жак Байзер, ки худ истеъдоди нодири навозандагӣ дошт, пешхизматҳо – сарояндагони операро роҳнамоӣ мекард. Пешхизматҳо сурудхонон хидматгузорӣ менамуданд. Жак агарчи нашунавад ҳам, аз чеҳраи болидаи  меҳмонон пай мебурд, ки  онҳо бо майли том хӯрдани хӯрокро дар ин тарабхона мепазиранд.
Таҳияи Зулола БОБОРАҶАБОВА


БИОЯХДОН
ИХТИРОИ ҲАЙРАТОВАРИ МУҲАҚҚИҚОНИ РУС
Дизайнерони рус аз ҳамтоёни худ чанд қадам пеш гузаштанашонро бо ихтирои охиринашон  исбот карданд. Он таҳти унвони консепсияи  биояхдон муаррифӣ гардид.
Исми лоиҳавии он  "Bio Robot Refrigerator" мебошад, ки маводи ғизоиро бо ёрии гели биополимерӣ тару тоза нигоҳ медорад.  Яхдони нав рафу ҷузъҳои алоҳида надорад: шумо маводро дар дохили гел нигоҳ медоред.
Идеяи таҳияи биояхдонро Юрий Дмитриев дар озмуни «Electrolux Design Lab» манзури дӯстдорони технологияҳои ҷадид намуд. Яхдон ҳамагӣ 8 дарсади энергияи дар хона истифодашавандаро масраф менамояд. Неруи мазкурро он танҳо барои панели назоратӣ талаб дорад, барои тару тоза нигоҳ доштани мавод ба масрафи зиёдатии энергия эҳтиёҷ надорад.
Гели биополимерии яхдон аз равшании ҳангоми сардӣ баамалоянда неру мегирад. Худи гел бӯй надорад, часпак ҳам нест.
Таҳияи Биҳамро УМРОНЗОДА


АЗ  ОЛАМИ  АҶИБИ  ҲАЙВОНОТ
Хуни ширмакҳо сурх, ҳашарот зард ва харчанг кабуд мебошад.
* * *
Басенҷи – ягона сагест, ки аккос зада наметавонад.
* * *
Кайк ҷаҳида ҳаракат мекунад. Бозуи пойҳояш мисли манҷаниқ сохта шуда, дорои ковокӣ мебошад, ки он ҷо энергия ҷамъ мешавад. Ин энергия боиси аз ҷо париданаш мегардад.
* * *
Мурғи қу зиёда аз 25000 пар дорад.
* * *
Мормоҳии 20 - метра метавонад энергияе ба вуҷуд орад, ки тавассути он 20 чароғи электрикиро равшан кард.
* * *
Баҳмут бачаҳояшро дар зери об ба дунё меорад, то аз афтидан ба замин онҳоро эмин дорад.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ


АФРОДИ КАМБИЗОАТЕ, КИ САРВАТМАНД ШУДААНД
7. Ҷон Пол Деҷориа, соҳиби империяи истеҳсоли маҳсулот барои парвариши мӯи сар 
Дороӣ: 2,9 миллиард доллари ИМА.
Дар синни даҳсолагӣ барои ёрӣ расондани наздиконаш Деҷориа ба фурӯши рӯзномаву маҷаллаҳо машғул буд. Вале, бо вуҷуди ин ҳама, волидон ӯро ба тарбияи оилаи дигар доданд. То даъват ба хизмати ҳарбӣ вай узви яке аз гурӯҳҳои авбошони кӯчагӣ буд. Бо гирифтани 700 доллар қарз Деҷориа ширкати «John Paul Mitchell Systems» - ро таъсис дод ва дар дохили автомобил зиндагӣ карда, ба фурӯши чаканаи шампун машғул шуд. Баъдан, ӯ ширкати «Patron Teguila» - ро таъсис дод ва акнун  дигар соҳаҳои саноатро сармоягузорӣ мекунад.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ


СОБУН  
ЧАНД ДАЛЕЛИ ҶОЛИБ
Собуни моеъ соли 1865 аз ҷониби Уилям Шепарди амрикоӣ ихтироъ шудааст. Соли 1712 дар Англия барои истифода аз собун андоз ҷорӣ гардид, ки то соли 1835 амал кард. Ҳар сол аз ин ҳисоб ба буҷети давлат 1 миллион фунт ворид мегардид.
Собуне, ки аз маҳсулоти табиӣ истеҳсол мешавад, барои пешгирии бемориҳои экзема, псориаз ва дигар касалиҳои пӯст истифода мешавад.
Нафақагир Кэрон Вон, сокини Британияи Кабир, аз солҳои 90 - уми асри гузашта ба ҷамъ намудани собун шавқ пайдо намуд. Имрӯз дар коллексияаш беш аз 5000 намуди собунро ҷамъоварӣ намудааст.
Таҳияи Гулистони ҚАДАМСАИД


360 ҲАЗОР ДОЛЛАР  МУЗДИ МЕҲНАТ
Соли 2018 дар Австралия ҳодисаи аҷибе рух дод. Корманди одии яке аз муассисаҳо тасодуф 360 ҳазор доллар маош гирифт, ки аз музди меҳнати муқаррариаш  сад маротиба зиёд буд. Номбурда мебоист 4921 доллару 76 сент  моҳона мегирифт, вале иштибоҳан ба ҳисоби ӯ 492 ҳазору 176 доллари австралиягӣ (360 ҳазор доллари ИМА) гузашт. Ӯ ҳаққи ҳалоли худро гирифта, боқимондаи маблағро ба давлат баргардонд. Баъди рух додани ин ҳолат бюрои аудитории кишвар маълум намуд, ки аз моҳи июли соли 2017 то моҳи январи соли 2018 - 743 ҳолати барзиёд додани маоши шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


НАСИҲАТИ ШОУ
Ҷавони ҳавобаланде, ки шеърҳояшро ба Шоу пешниҳод карда буд, баъди чанде назди нависанда омада, андешаҳояшро донистан мехоҳад:
- Аҷиб, чӣ гуна хоҳиши шеърнависӣ дар шумо пайдо шуд?- мепурсад Шоу.
- Мехоҳам барои башарият хизмат кунам,- бо виқор посух медиҳад ҷавон. - Аз рӯи ихтисос духтурам, вале ба хотири шеър ва маҳорате, ки дорам, аз орзуи худ даст кашида, мехоҳам ҳамчун шоир шинохта шавам.
Шоу дилсӯзона китфи ҷавонро сила карда, сипас мегӯяд:
- Писарам, шумо, аллакай, як кори хубе ба манфиати башарият кардед, вақте духтур нашудед. Акнун, як кори хуби дигар анҷом диҳед: аз шоирӣ ҳам даст кашед.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзоди ҚУРБОНАЛӢ


САРБАНДҲОИ БАЛАНДТАРИНИ ҶАҲОН
Гранд Диксенс (Швейтсария)
Ин маҷмааи барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Ронаи  шаҳри Сиони Швейтсария бунёд ёфта, баландии сарбанди он 285 метрро ташкил медиҳад.
Сарбанд аз 6 миллион метри мураббаъ бетон иборат буда, паҳнои он ба 700 метр мерасад. Гранд Диксенс байни ду кӯҳ, дар баландии 2365 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, ки баландтарин ва калонтарин сарбанди кӯҳӣ дар олам шинохта мешавад.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.06.2019    №: 107    Мутолиа карданд: 146

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед