иҷтимоиёт
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ЭҶОДИ ҚОНУНҲОИ МИЛЛӢ
Ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» воқеан дар ҳаёти кишвар як таҳаввулоти фарҳангию иҷтимоӣ маҳсуб меёбад, ки он бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омад.
Таҷрибаи беш аз даҳ соли охир собит намуд, ки дар доираи қонуни мазкур дар раванди ба низом овардани маъракаю маросимҳо корҳои муайяне ба субут расонда шуданд. Коршиноси варзидаи соҳа Одинашоҳ Вализода, ки чандин сол боз вобаста ба танзими расму оин таҳқиқот мебарад, дар китоби худ бо номи “Танзими расму оинҳо – талаботи замон” (соли 2009) роҷеъ ба мушкилию проблемаҳо ва муваффақиятҳо дар самти ба низом даровардани маъракаҳо тазаккур додааст. Масалан, тӯю маъракаҳо дар ин давра дар минтақаҳои гуногуни кишвар камхарҷ гардиданд. Инчунин, дар шаҳри Хуҷанд маъракаҳои «тӯйбарон», «салом», дар маъракаи хонадоршавии ҷавонон ва бо тантана додани тилловорӣ хеле кам шуд. Дар маросими дафну азодорӣ ва маъракаҳои баъди он, ба монанди «шаби сиёҳ», «бегоҳи охир», «бист»-ро худи аҳли маҳаллаҳо кам карданд. Дар ҳудуди шаҳри Исфара бошад, зиёфати ёру дӯстони домод ва арӯсшаванда, намоиши ҷиҳози арӯсӣ ва анъанаҳои «ҳаққи шир», «маслиҳатошӣ» камтар гардид. Дар шаҳри Конибодом низ маъракаҳои «оши занон», «духтарталабон» барҳам хӯрд. Дар дигар манотиқи кишвар низ бад-ин минвол маъракаҳою маросим аз тариқи корбарии фаъолон, раисони маҳаллаҳо, шахсони бонуфуз ва обрӯманд камтар шуданд. Бо вуҷуди ҳамаи ин тадбирҳо кор дар самти мазкур қонеъкунанда набуд, зеро механизми таъсиррасонӣ ба нафароне, ки ба зиёдаравӣ роҳ дода, намоишкорона маъракаҳояшонро бодабдабаю серхароҷот мегузаронданд, мавҷуд набуд.
Аз ин рӯ, дар асоси дастуру супориши Сарвари давлат дар ибтидои соли 2007 гурӯҳҳои кории босалоҳият, аз ҷумлаи масъулони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломии Тоҷикистон, олимони ҳуқуқшинос, ҷомеашиносон, уламои дин, шахсиятҳои обрӯманди кишвар таъсис дода шуда, ба омӯзиши масъала пардохтанд. Дар давоми ду моҳ гурӯҳҳои корӣ хулосаҳои худро роҷеъ ба вазъи ҷашну маросимҳои мардумӣ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намуданд. Тайи чанд моҳ аз тариқи воситаҳои ахбори омма доир ба танзими расму оинҳо ва пешгирии исрофкорӣ муҳокимарониҳои зиёде сурат гирифта, андешаҳои гуногун баён гардиданд. Мақсади роҳбарияти олии кишвар ва ҳадафи ниҳоии шаҳрвандон гирифтани пеши роҳи хароҷоти барзиёд дар маъракаҳо буд.
Ҳамин тавр, 24 майи соли 2007 таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи умумиҷумҳуриявӣ доир ба танзими расму оинҳои миллӣ ва анъанаву маросимҳои динӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа иштирок доштанд. Сарвари давлат бори дигар хотирнишон сохтанд, ки гарчанде аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 сол муқаддам санадҳои дахлдор қабул гардида бошанд ҳам, кор дар ин самт беҳбудиро тақозо менамояд. Тазаккур дода шуд, ки ҳадафи ҳамоиш на аз байн бурдани анъанаю маросим, балки ба низому тартиби дуруст ба роҳ мондани анъана ва ҷашну маросим маҳсуб меёбад. Ба муҳокимаи умум лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузошта шуд. Баъд аз баррасию муҳокимаҳо рӯзи 8 июни соли 2007 Қонуни мазкур мавриди амал қарор дода шуд ва ин дар ҳаёти иҷтимоию маънавии мардуми кишвар саҳифаи тозаеро кушод. Ин иқдоми таърихии Пешвои муаззами миллат уфуқҳои наву равшанро барои оянда баҳри амалисозии ормону ниятҳои нек боз намуд.
Дарвоқеъ, агар ба таърихи начандон дур назар афканем, бароямон маълум мегардад, ки таассубу хурофот, зоҳирпарастӣ ва исрофкорӣ ба ҳаёти аҳолӣ таъсири манфӣ расонда, рӯзгори мардумро боз ҳам вазнинтар карда буд. Дар ин маврид василаи намоишкорию исрофгароӣ баргузории маъракаҳо ва василаи он ҷашну маросимҳо маҳсуб мешуданд.
Таъкидҳои пайвастаи Сарвари давлат барои риояи қонуни мазкур бо мақсади пешгирии хароҷоти зиёдатӣ ва исрофкорӣ дар маъракаю маросимҳо барои ҳар як шахси масъулиятшинос ва ватандӯст бояд дастури амал бошад. Тавре ки таъкид намуданд: “Ҳамагон бояд дарк намоем, ки яке аз воситаҳои асосии ноил шудан ба шароити арзанда ва муназзами зиндагӣ маҳз амалӣ шудани ҳамин қонуни миллист”.
Нақши ин қонунро дар болоравии сатҳи зиндагии мардуми кишвар ҳам коршиносони ватанӣ ва ҳам хориҷӣ эътироф намудаанд. Дар ҳақиқат, таҷрибаи Тоҷикистон дар бисёр масъалаҳо, аз ҷумла доир ба танзими расму оинҳо, барои дигар кишварҳо омӯхтанист. Ин пеш аз ҳама аз ҳусни таваҷҷуҳи коршиносони хориҷӣ нисбат ба қонуни миллии мо гувоҳӣ медиҳад.
Ҳар як фарди масъулиятшиносу ватандӯсти кишвари соҳибистиқлоли моро зарур аст, ки дастуру таъкидоти пайвастаи Сарвари давлатро дар масъалаи риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва сарфаю сариштакорӣ сармашқи кори ҳаррӯзаи худ қарор дода, дар амалисозии қонуни миллӣ саҳми муносиби худро гузорад.
Фаррухулло ОЛИМЗОДА, муовини раиси Кумитаи дин,
танзими анъана ва ҷашну маросими
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.06.2019 №: 109 Мутолиа карданд: 443