logo

Хабарҳо

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмаҳмадзода мушовири хоси Президенти Фаронса дар масъалаҳои иқтисодӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ Паскал Лоро ва сафири фавқулода ва мухтори Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ясмин Гуэдарро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории низоми бонкии Тоҷикистону Фаронса ва табодули таҷриба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷамшед Нурмаҳмадзода иброз дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар гузашта низ бо Бонки марказии Фаронса ва институтҳои молиявию қарзии Фаронса ҳамкории зичро ба роҳ монда буд ва дар доираи он мутахассисони Бонки миллӣ дар Бонки марказии Фаронса даври омӯзишӣ гузаштанд. Аз ин лиҳоз, дар шароити кунунӣ низ омодаи ҳамкории самарабахш ва манфиатовари низоми бонкии ду кишвар ҳастем. Барои барқарор кардани равобити судманд мо дар фурсати кӯтоҳ лоиҳаи ҳамкориҳоро дар самтҳои барои низоми бонкии Тоҷикистон афзалиятнок омода ва пешниҳод менамоем.
Паскал Лоро аз таҷрибаи ҳамкориҳои ду кишвар дар самти низоми бонкӣ ёдовар шуда, зикр кард, ки хоҳони дар сатҳи сифатан нав ба роҳ мондани ҳамкорӣ мебошад.
- Барои барқарор ва тақвияти ҳамкорӣ ният дорем бо Бонки миллии Тоҷикистон ёддошти тафоҳум ба имзо расонем, - афзуд Паскал Лоро.
Баъдан, сафири Фаронса дар Тоҷикистон Ясмин Гуэдар дар бораи зарурати вусъати ҳамкориҳо сухан ронда, зикр кард, ки нақши Бонки миллии Тоҷикистон дар таҳияву амалигардонии як қатор ислоҳоти муҳим муассир аст.
Зимни вохӯрӣ, инчунин, самтҳои дигари афзалиятнок, аз ҷумла рушди муносибатҳо байни бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Фаронса, ҳамкорӣ дар самти сиёсати пулию қарзӣ, идораи захираҳои байналмилалӣ, роҳҳои коҳиш додани қарзҳои ғайрифаъол дар сандуқи қарзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 84

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед