logo

Хабарҳо

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Дар Душанбе бо иштироки муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ  Саид, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Хайринисо Юсуфӣ, сафири фавқулода ва мухтори  Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Лю Бин маросими рӯнамоии китоби Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ», ки ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр шудааст, доир шуд.
Давлаталӣ Саид номаи табрикии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба иштирокдорони  ҷамъомад расонд, ки дар он  аз ҷумла гуфта мешавад: «Бовар дорам, ки ин китоб ба доираи васеи хонандагони тоҷик барои аз наздик шинос шудан бо Чин ва усулҳои муосири идоракунии давлатӣ дар ин мамлакат имконият фароҳам меорад. Ба шарофати сиёсати дурандешонаи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мамлакат ба дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву техникӣ ноил гардид. Тоҷикистон аз ин дастовардҳои ҳамсояи наздики худ Чин сидқан хушҳол аст».
Зикр гашт, ки китоби «Дар бораи идоракунии давлатӣ» дар фазои фарҳангии тоҷикон дар арафаи ташрифи қарибулвуқӯи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон падидаи муҳим маҳсуб мешавад. Асар хонандагонро бо таърихи пурғановати гузаштаю имрӯза, орзуву омоли наҷиби мардуми Чин, муҳимтарин самтҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, дурнамои ин мамлакат ва миллати соҳибтамаддун, ошно месозад.
Таъкид шуд, ки китоб фарогири қариб 80 мақола, мусоҳиба ва гузоришҳо буда, дар он таҷрибаи бузурги таърихи Чин, роҳҳои ҳамкории судманд бо кишварҳои гуногуни олам, заминаҳои қавии таърихӣ, фалсафӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Мардумии Чин инъикос ёфтааст.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 342

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед