logo

фарҳанг

АХЛОҚ. ВОЛИДОН АЗ МО РОЗИАНД?

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар табрикоти рамазониашон махсус таъкид доштанд, ки падару модарро гиромӣ бидорем ва ба онҳо накуӣ бикунем. Ин таъкид ва панд аз Қуръони маҷид маншаъ мегирад, ки ба волидайн эҳсон бинамоем. Ва ҳам ҳадисҳои зиёде дар ин маврид аз Расули акрам (с) ривоят шудаанд.
Гиромӣ доштан, накуӣ кардан ва эҳсон ба волидайн одамиро шараф мебахшад, ба дарёфти ҳақиқат водор месозаду мадад менамояд. Ҳамзамон, рисолату масъулияташро ба ин васила мешиносонад. Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ барҳақ иброз доштааст:
Ақл дар оғози айёми шубоб
Менаяндешад савобу носавоб.
Аз мизоҷи ман падар озурда гашт,
Лолазори чеҳрааш афсурда гашт.
Бар лабаш оҳе ҷигартобе расид,
Дар миёни синаи ӯ дил тапид.
Воқеан, дар ин айём, айёми ҷавонӣ бо он ҳавои ғуруре, ки дар сар дорем, ба волидайн эҳсон намекунем. Фармудаҳояшонро, ки аз таҷрибаи зиндагӣ ҳосил кардаанду барои нафъу пешрафти мост, намепазирем. Баръакс онҳоро нодону побанди афкори замони куҳани худашон мехонем.
Албатта, баъд, ба рӯзгоре пушаймон мешавем. Он рӯзгоре аст, ки фарзандон сар аз итоату ҳидояти мо мепечанд ва мо ба пирӣ дармеёбем оқибат корашон ба чӣ меанҷомад. Андуҳгин аз он мешавем, ки ба шикаст рӯ ба рӯ мегарданду ҳасрату ноумедӣ дари вуҷудашонро барои вуруд гардидан мезананд.
Зиндагии мо аз ин гуна мисолҳо бисёри бисёр дорад ва ба ҳар рӯз онро пеши назарамон мегузорад, аммо ғуруру ғафлати айёми ҷавонӣ пардаҳо бар чашмҳо кашидааст.
Аллома Муҳаммад Иқбол аз забони падар ба фарзанд хитоб мекунад, ки «андаке андешу ёд ор, эй писар» ва низ:
Боз аз ин риши сафеди ман нигар,
Ларзаи биму умеди ман нигар.
Бар падар ин ҷаври нозебо макун,
Пеши мавло бандаро расво макун.
Ба фармудаи Мавлонои Рум фитрати мо бояд саропо шафқат ва дасту забонамон раҳмат бошад. Агар тинат поку мусаффо гардад, ба мақсуди аслӣ мерасем ва беҳтару бештар дармеёбем, ки эҳсон ба волидайн чӣ гуна як амри зарурист. Оре ва он бояд бе ҳеҷ ихтилофи назару андеша иҷро гардад.
Аз худ боре мепурсем, ки ин рисолату масъулиятро ба чӣ ранг шинохтаем? Дар иҷрои он оё гоҳе гоме бардоштаем?
Ҷойи таассуф аст, ки намедонем ба волидон чӣ сон эҳтиром бигузорему эҳсон бикунем. Ин гуна як ҳидоят ва роҳнамоӣ бояд аз ҷониби кӣ сурат бигирад? Оё ҳидоят ва роҳнамоиҳо дар ин маврид дар асри ҳозир дурусту муассир сурат мегиранд? Посух ёфтан ба чунин пурсишҳо моро водор месозад, ки барои ҳалли мушкилоти мавҷуда тадбирҳои заруриро биандешем. Дини мубини ислом мақоми волидонро бисёр баланд бардоштааст. Он гуна баланд, ки таърих то ба зуҳури он амсолашро ёд надорад. Дар Қуръони маҷид омадааст: «Ва Аллоҳро бипарастед ва на чизи дигареро, дар баробари ӯ ва ба волидонатон некуӣ (кунед)».
Ва ба оятҳои дигар дар ин китоби муқаддас ҳукм мешавад: «…ва ба волидон хуб муносибат намоед. Ва агар яке аз онҳо ё ҳар дуи эшон пир шаванд, он гоҳ ту ба онҳо «Уф!» магӯ ва ба онҳо дод мазан, ба онҳо сухани муносиб бигӯ. Ва нисбати эшон аз сари шафқат ҳалимӣ зоҳир намову бигӯ: «Парвардигори ман, онҳоро мағфират намо, зеро онҳо моро, вақте ки хурдсол будем, тарбият доданд».
 Ин оятҳо, дар баробари пазируфтани амру иҷрояшон, дар дилҳоямон нисбати падару модар бояд эҳсоси раҳму шафқат, хайрхоҳиро барангезаду биафзояд, то волидонро ба таври шоиставу арзанда эҳтиром бикунем. Ҷомеа фосиду беэътибор  мегардад, агар ба волидайн эҳсон нанамоем ва низ аз раҳму шафқати фарзандӣ бенасиб бишавем. Сарвари давлат бо эҳсоси масъулият  зарур шумурд, ки дар ин хусус на танҳо таъкид бинамоянд, балки қонуни махсусе ба тасвиб бирасад. Дар иҷрои бечуну чарои ин қонун ҳамаи масъулон ва шаҳрвандони бакамолрасида бояд саҳми назаррасу арзанда бигиранд.
Ҳанӯз ҳам падару модарон аз дасти фарзандони бераҳму шафқат азият мекашанд ва дилҳояшон пур аз андуҳ аст.
Ҳанӯз ҳам фарзандони бемеҳр мехоҳанд волидонро ба хонаи пиронсолон бисупоранду бори масъулиятро бар дӯши давлат бигузоранд.
Ҳанӯз ҳам волидон аз мо - фарзандон ба он гунае, ки бояд, розӣ нестанд ва бароямон бо сидқу муҳаббат дасти дуо баланд намебардоранд.
Аз ҷониби Сарвари давлат дар бораи эҳтиром гузоштан ба волидон боз таъкиди махсус шуд. Ин таъкид моро вазифадор месозад ва ҳам масъул менамояд, ки на танҳо онҳоро эҳтиром бигузорем, балки барои тарбияи дурусти насли наврас дар ин маврид саҳмгузор бошем.
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.06.2019    №: 110    Мутолиа карданд: 146

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед