logo

ҳуқуқ

"ШАҲРИ БЕХАТАР". БЕШ АЗ 132 МИЛЛИОН СОМОНӢ ҶАРИМА СИТОНДААСТ. АЗ КӢ ВА ЧАРО?

Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ нахустин шуда моҳи октябри соли 2013 лоиҳаи инноватсионии «Шаҳри бехатар» ё худ низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро ҷорӣ намуд.

Барномаи «Шаҳри бехатар» - ин маҷмӯи таҷҳизоту дастгоҳҳо ва тадбирҳои ташкилӣ ҷиҳати таъмини видеомуҳофизат ва амнияти техникӣ, ҳамчунин, дар фазои ягонаи иттилоотӣ идорасозии иншооти хоҷагии манзилию коммуналӣ ва дигар объектҳо мебошад. Ба василаи он назорати шабонарӯзии вазъият дар кӯчаҳо ва иншооти шаҳр, огоҳсозии автоматии хадамот ва ташкилоти дахлдор аз сарзании ҳолатҳои фавқулода, дастрасии маълумоти визуалӣ аз маҳали телекамераҳои насбшуда, барқарорсозии ҷараёни воқеот дар асоси видеомаводҳои сабтӣ, мубориза ва пешгирии ҷинояткорӣ, инчунин, таҳдидҳои террористӣ таъмин мегардад. Аз ин рӯ, лоиҳаи «Шаҳри бехатар» муҳимтарин унсури таъмини амнияти ҷомеа низ ба шумор меравад.

«ШАҲРИ БЕХАТАР» ДУЗДИЮ АВБОШИРО ДАР ДУШАНБЕ КОҲИШ ДОД
Татбиқи лоиҳаи номбурда дар шаҳри Душанбе тавассути ширкати машҳури чинии «Хуавей» 31 октябри соли 2013 шурӯъ шуд. Тибқи маълумоти Маркази автоматикунонии идораи нақлиёт ва тартиботи ҷамъиятии Раёсати БДА ВКД бар асоси барномаи номбурда дар 71 сероҳаву чорроҳа, кӯчаю хиёбон ва ҷойҳои серодами пойтахт 814 камераи наворбардорӣ ва аксгирӣ насб шудааст, ки бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ва тартиботи ҷамъиятӣ ба таври автоматӣ аз тариқи дастгоҳҳои электронӣ назорат мешавад. Инчунин, масъулин нақша доранд, ки минтақаҳои назоратиро зиёд кунанд, аз ҷумла насби камераҳо дар ҳафт чорроҳа ва камераҳои «боздошт» дар даромадгоҳҳои шаҳр, ки нақлиёти  вориду хориҷшударо сабт месозанд.
Имрӯз дар ин марказ 24 танзимгар дар се баст шабонарӯзӣ мониторҳоро назорат мекунанд ва дар ҳолати сар задани ягон ҳодисаи нохуш онҳо фавран ба кормандони масъули минтақаи содиршавии ҷиноят маълумот ирсол медоранд.
- Дурбинҳои назоратӣ кори нозирони ҳаракат дар роҳро хеле осон мекунанд, зеро нақзи қоидаҳои ҳаракати роҳ дар наворҳои видео ва аксҳо сабт мегардад. Дар чунин ҳолат ягон ронандаи қонуншикан беҷазо нахоҳад монд. Инчунин, дар одилона ҳал намудани садамаҳои нақлиётӣ ва риоя кардани чароғакҳои роҳнамо нақши бориз дорад, - гуфт муовини аввали сардори марказ подполковники милитсия Наврӯз Зиёев.
Бино ба маълумоти оморӣ, аз соли 2013 то имрӯз тавассути «Шаҳри бехатар» наздик ба 2 миллион нақзи қоидаи ҳаракат дар роҳ сабт шуда,  аз ҳисоби ҷаримаҳо ба буҷети давлат зиёда аз 132 миллион сомонӣ ворид гардидааст. Ҳамчунин, марказ қариб 65 ҳазор ҳолати вайрон кардани тартиботи ҷамъиятиро ба қайд гирифта, кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ҳамкорӣ бо операторони «Шаҳри бехатар» 420 ҷиноятро кушоданд.
- То фаъолияти марказ дар шаҳри Душанбе, махсусан шабона шумораи ҷинояткорӣ, аз қабили дуздию авбошӣ зиёд буд. Ҳоло бошад, он ба таври чашмрас коҳиш ёфтааст, - афзуд Наврӯз Зиёев.

ЧАРО РОНАНДАҲО 1, 5 МИЛЛИОН СОМОНӢ ҶАРИМА ШУДАНД?
Рафтори худсаронаи бархе ронандагон, ки мошинҳояшонро дар куҷое рост омад мегузоранд, аз мушкили асосӣ, бахусус дар пойтахти мамлакат, ба ҳисоб меравад. Ин ҳолат, махсусан дар назди бозорҳои «Корвон», «Султони Кабир», шаҳраки Гипрозем ҳодисаи муқаррарӣ шудааст. Вале чунин ҳолатҳои ғайриқоидавӣ аз «чашм»-и дурбинҳои «Шаҳри бехатар» пинҳон намонд ва аз соли 2013 инҷониб 25 890 чунин нақзи қоида сабт гардидааст. Дар натиҷа ронандаҳои худсар беш аз 1,5 миллион сомонӣ ҷарима шуданд ва тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, бо бунёди таваққуфгоҳҳо дар пойтахти мамлакат ин ҳолат торафт коҳиш меёбад.
Бо вуҷуди ин, ҳанӯз мушкилот пурра аз байн нарафтааст. Икром Тошев, сардори шуъбаи ташкилӣ - нозиротии ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе ҳангоми суҳбат бо хабарнигори рӯзнома аз нарасидани таваққуфгоҳҳо дар шаҳр изҳори нигаронӣ кард: «Тибқи қоида ҳар як иншооте, ки дар пойтахти кишвар сохта мешавад, бояд таваққуфгоҳи алоҳида дошта бошад. Аммо масъулон на ҳамеша ин талабро риоя мекунанд».

КАМЕРАҲОИ СИМОШИНОС НИЗ НАСБ МЕШАВАНД
Ба гуфтаи Наврӯз Зиёев, ояндаи наздик тарҳи «Шаҳри бехатар» дар дигар шаҳрҳои калони кишвар, ба монанди Хуҷанду Бохтар ва Турсунзода низ ба роҳ монда мешавад. Ҳамчунин, бо дархости Вазорати нақлиёти кишвар мутахассисони марказ дар шоҳроҳи Душанбе – Бохтар нуқтаҳои насби камераҳоро омӯхта истодаанд.
Тибқи таҷрибаи кишварҳои аврупоӣ камераҳои корхонаҳои азим, марказҳои савдою дилхушӣ, тарабхонаҳо, марказҳои фарҳангию варзишӣ, таваққуфгоҳҳо ва дигар иншооти муҳим ба низоми ягонаи «Шаҳри бехатар» пайваст карда шудаанд, ки дар ҳолати зарурӣ сабти онҳо низ истифода мегардад. Зимнан, ҳангоми ифтитоҳи маркази «Шаҳри бехатар» дар пойтахт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин супориш дода буданд, ки ташкилоту идораҳо, иншооти муҳим ва, махсусан муҳим, ки камераҳои мушоҳидавӣ доранд, таҷҳизоти худро ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намуда, дар оянда ба Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт пайваст намоянд.
Бешубҳа, камераҳои насбкарда ронандаҳоро ҳушдор медиҳанд, ки ба қоидавайронкунӣ роҳ надиҳанд. Аммо таъсири бештар медоштанд, агар суръати аз меъёр баланди нақлиётро низ сабт созанд. Ин боиси пешгирӣ аз садамаҳо мегардад. Бино ба гуфтаи масъулони маркази низоми худкори идоракунии «Шаҳри бехатар», ояндаи наздик дар маҳалҳои серодам, аз ҷумла фурудгоҳ, истгоҳи роҳи оҳан, марказҳои савдою бозорҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ  ва ғайра насби камераҳои симошинос дар назар аст, ки ин иқдом дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ таъсири бештар хоҳад гузошт. 
Маҳмуд БАҲРОМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.06.2019    №: 110    Мутолиа карданд: 226

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед