logo

иҷтимоиёт

ТОҶИКИСТОН ВА ЛИТВА. МУБОДИЛАИ ТАҶРИБА БАЙНИ МАҚОМОТИ СУДӢ ВА ЖУРНАЛИСТОН

Чанде қабл ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти судӣ ва ВАО ба пойтахти Ҷумҳурии Литва - шаҳри Вилнюс сафар дошт. Мақсади асосии сафар, табодули таҷриба, омӯзиш ва ба роҳ мондани ҳамкории боз ҳам судманд байни мақомоти судӣ ва журналистон буд.

Ин сафар дар доираи барномаҳои расонаии Осиёи Марказӣ - Media CAMP бо дастгирии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) амалӣ гардид. Қабл аз сафар, охири моҳи апрел Ташкилоти байналмилалии Интернюс дар Тоҷикистон барои рӯзноманигороне, ки мавзӯъҳои судиро инъикос мекунанд, озмун эълон намуда буд. Дар озмун аз 14 иштирокчӣ ҳамагӣ 4 нафар интихоб гардид, ки барои сафар ба Литва роҳхат гирифтанд. Камина -  хабарнигори Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи «Ҷумҳурият» низ, аз ҷумлаи ғолибони ин озмун ва узви ҳайати 10 - нафараи намояндагони Тоҷикистон дар сафари Литва будам.
Ба мо муяссар гашт, ки дар ин сафар якбора аз чор кишвар дидан намоем. Қаблан, барои гирифтани раводид (виза) - и Шенген моро зарур омад, ки ба шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон сафар кунем. Баъди ҳуҷҷатгузориву як рӯзи саёҳати пур аз таассурот барои бозгашт ба Душанбе ба пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон - шаҳри Тошкант парвоз намудем. Давоми як рӯзи дар Тошкант будан низ тавонистем аз ёдгориҳои таърихӣ ва ободкориҳои ин шаҳр дидан намоем.   
Сафари мо дар пойтахти Литва- шаҳри Вилнюс аз 27 то 31 май сурат гирифт. Дар ин масир тавассути шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия ба Литва парвоз кардем. Давоми 8 соате, ки дар Истанбул қарор доштем, имкон даст дод, то аз маконҳои таърихӣ ва навободи ин шаҳри сайёҳӣ низ дидан намоем.
Ниҳоят ба шаҳри Вилнюс расидем. Намояндагони Иттифоқи журналистони Литва моро дар фурудгоҳ гарму самимӣ пешвоз гирифтанд. Аллакай бегоҳ шуда буд. Шабҳои Вилнюс хеле кӯтоҳ. Субҳ зуд фаро расид ва вохӯриву мулоқоти мо бо намояндагони мақомоти судии Литва аз ҳамон рӯз шурӯъ шуд.
Зимни сафар бо вакилони порлумон, намояндагони мақомоти судӣ, вазоратҳои адлияву корҳои хориҷӣ ва ВАО - и Ҷумҳурии Литва вохӯрӣ анҷом дода, доир ба фаъолияти ҳамдигар мубодилаи афкор намудем. Аз Суди Олӣ, Суди Олии маъмурӣ, Суди конститутсионӣ, суди округии Вилнюс ва факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Вилнюс боздид ба амал оварда, бо раисони суд ва судяҳо ҷиҳати баррасии парвандаҳо, дастрасии намояндагони ВАО ба иттилооти саривақтӣ ва сареҳ, ҳамчунин, тарбияи мутахассисони ҳирфаӣ мулоқот намудем. Илова бар ин, дар яке аз мурофиаҳои судӣ, ки дар он парвандаи оилавӣ баррасӣ мешуд, иштирок кардем.
Фозил Сайдализода, муовини сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳайати намояндагони мақомоти Тоҷикистонро дар ин сафар роҳбарӣ мекард, дар суҳбат ба мақомоти Литва дар бораи фаъолияти порлумон, мақомоти судӣ, адлия ва ВАО - и Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал дод. Миёни ҳайати Тоҷикистон ва Литва суҳбати озод ва суолу ҷавоб ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи тарафҳо низ сурат гирифт.
Роҳбарони мақомоти судии Литва дар посух ба суолҳои рӯзноманигорони тоҷик вобаста ба ҳамкории ин ниҳод бо хабарнигорон изҳор доштанд, ки мақомоти судӣ бо ВАО ҳамкории зич дошта, тамоми мурофиаҳое, ки ба таври кушод сурат мегиранд, журналистон имкон доранд, бе мушкилӣ иштирок ва инъикос намоянд.
Тавре маълум шуд, дар Ҷумҳурии Литва тибқи қонунгузорӣ мақомоти давлатӣ муваззафанд, ки ба мактуби пешниҳоднамудаи намояндагони ВАО барои гирифтани маълумот дар муҳлати на бештар аз як шабонарӯз посух диҳанд. Ин тартиб бо мақсади сари вақт ба мардум расондани иттилооти зарурӣ ва гум накардани муҳлати эътибори он рӯи даст гирифта шудааст.
Вохӯрӣ бо намояндагони ВАО-и Литва ҳам хубу хотирмон буд. Рӯзноманигорони тоҷик ва ҳамтоёни литвагӣ аз таҷрибаи кории ҳамдигар дар самти инъикоси мавзӯъҳои судӣ, иштирок дар мурофиаҳои судӣ ва дастрасӣ ба иттилоот табодули афкор карданд.
Ҳар рӯз дар баробари вохӯриву мулоқот чанд соат барои саёҳат низ фурсат доштем. Бо ташаббуси дастандаркорони ин сафар тавонистем аз мавзеъҳои таърихӣ, аз ҷумла осорхона, иншооти қадима ва боғу гулгаштҳои шаҳри Вилнюс, ки ба тамошогоҳи сайёҳони дохиливу хориҷӣ табдил ёфтааст, дидан намоем. Садҳо бинои қадимаи бо санъати махсуси меъморӣ сохташудаи ин шаҳр хаёли бинандаро ба таърихи куҳан доштани мардуми Литва мебарад. Боду ҳаво ва табиати форами шаҳр боис шудааст, ки ҳамасола садҳо ҳазор нафар барои саёҳату истироҳат ба ин ҷо оянд.
Дар маҷмӯъ, сафари панҷрӯзаи ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти Литва - шаҳри Вилнюс хеле хотирмон буд. Тавонистем дар ин фурсати кӯтоҳ каме ҳам бошад, аз таҷрибаи мақомоти судӣ ва ВАО - и ин кишвар ба худ чизе бардорем ва ба онҳо низ аз таҷрибаи худ чизе гуфта бошем.   
Лашкар ШАРИФЗОДА, Душанбе - Вилнюс – Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.06.2019    №: 110    Мутолиа карданд: 307

18.09.2019


Харбузаҳои 25 - килограмма

Суиқасд ба ҷони Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ

Дар Душанбе ба ифтитоҳи масҷиди калонтарин дар Осиёи Марказӣ омодагӣ мебинанд

Вохӯрии нахустини Путин ва Зеленский мумкин аст моҳи октябр баргузор шавад

Медведев давраи нави муносиботи Москва ва Пекинро эълом дошт

Низомиёни Ироқ ба марҳилаи нави мубориза алайҳи «Давлати исломӣ» шурӯъ карданд

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед