logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад.

Муаммои ҳавз
Ҳавзро ба воситаи ду ҷумаки алоҳида бо оби гарм ва хунук пур мекунанд. Агар ҳар ду ҷумак дар як вақт кушода бошад, ҳавз дар 1 соату 20 дақиқа пур мешавад. Агар ҷумаки якум 10 дақиқа ва дуюм 12 дақиқа кор кунад, он гоҳ аз 15 танҳо 2 ҳиссаи ҳавз бо об пур мешавад.  Пас, агар танҳо ҷумаки оби хунук кушода бошад, дар чанд вақт ҳавз аз об пур мешавад?
Масъули рубрика  Зулола БОБОРАҶАБОВА
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05,
bzm_701@mail.ru


КӮДАК ВАҚТЕ НОУМЕД МЕШАВАД...
Кӯдак дар минбари суд қарор дошт. Як тараф модар ва дар тарафи дигар падараш менишаст. Онҳо аз ҳам ҷудо мешуданд. Судя аз ӯ мепурсад:
- Шумо ҳуқуқ доред, яке аз онҳоро интихоб намоед. Интихобатонро дар коғаз нависед: падар ё модар.
Бача ба фикр фурӯ рафт. Беҳтарин лаҳзаҳои якҷоя гузарондаашонро ёд мекард. Бо ҳам будану якҷоя хӯрок хӯрдан, ба саёҳат рафтан, дар оғӯши онҳо хуфтан, ин ҳама аз навори хотираҳояш пайиҳам гузашта, дилашро реш месохт. Қатраҳои оби чашм ҳам дигар канда - канда набуданд, ҷорӣ мешуданду рухсораҳояшро гӯё мешустанд. Эҳсос кард, ки бе падару модар зиста наметавонад. Ниҳоят навишт: «Наметавонам аз ду якеро интихоб кунам. Беҳтараш маро ба хонаи ятимон баред».
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


МАВЗЕЪҲОИ ҶОЛИБИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАЛЪАИ  МУҒ
Таҷдиду барқарорсозии Қалъаи Муғ дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имконият фароҳам меорад, ки сайёҳону меҳмонони дохиливу хориҷӣ ба тамошои ин намунаи барҷастаи меъморӣ ва ёдгории таърихӣ бештар ҷалб гарданд. Ин аст, ки соли гузашта 16360 сайёҳи дохилӣ аз ин макон дидан намуд.
Қалъа дар баландии 1040 метр аз сатҳи баҳр бунёд гардида, масофаи деворҳои он беш аз 600 метр ва майдони умумиаш 6 гектар аст. Ба гуфтаи бостоншиносон, Қалъаи Муғ маконест, ки дар он Деваштич ба хотири озодии Ватан ҷангида, он ҷо паноҳ бурдааст.
Ҳанӯз тобистони соли 1933 зери раҳнамоии шарқшиноси маъруф А. Фрейман дар ин қалъаи қадима ҳафриёти бостоншиносӣ гузаронда шуд, ки дар натиҷаи он зиёда аз сад бозёфти нодири таърихии мансуб ба асрҳои сеюму дуюми то милод пайдо шуд.
Дар ин иншооти таърихию фарҳангӣ 70 ҳуҷра ҷиҳати нигаҳдории намунаи ҳунарҳои мардумӣ, нигораҳо, хонаҳои ёрирасон барои ҳунармандон мавҷуд аст. Инчунин, бинои амфитеатри Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Муғ” дорои беш аз 5 ҳазор ҷойи нишаст мебошад.
Таҳияи Лола РИЗОӢ


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
Акси шубҳаноке, ки боиси хисорот шуд
Марди 27- солае аз Зимбабве (Африқо) аз байни колои завҷааш акси ҷавонеро дарёфту зуд ба шубҳа рафт, ба дил, ки, аллакай, аз рашк ба сӯзиш омада буд, гуфт: «Яқин ин акси ошиқаш». Аз ин хаёл оташи рашкаш аланга зад, ақлаш тира шуд, либосҳои занашро дар миёни хона ғарам намуда, гӯгирд зад. Аланга ҳамаро фаро гирифт ва дар як зум хонаи истиқоматӣ дар коми оташ сӯхт. Вале, аламаш паст нашуд, ба хонаи хусураш рафту хонаи хаспӯши ӯро низ сӯзонд, девонагиаш боз бадтар авҷ гирифту сӯи саҳро давид ва киштзори қаҳваашро оташ зад. Баъди ин каме таскин ёфту назди завҷааш омад ва бо ситеза пурсид: «Ин акси кист?». «Акси солҳои ҷавонии падарам», - шунид дар ҷавоб.
Қурбон МАДАЛИЕВ,  тарҷума аз русӣ


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
Духтури дандон ба мизоҷ:
- Гӯё се дандонатро нав кардам, ҳамааш фағфурӣ. Ҳаққи хизмат ҷамъулҷамъ 2100 сомонӣ мешавад. Хоҳиш, то яку ним соат ҳеҷ чиз нахӯред.
- Чӣ хел яку ним соат?!! Ин нархе, ки шумо гуфтед, ман бояд ним сол чизе нахӯрам…
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалимаи ҚУРБОНАЛӢ


ФАЗИЛАТИ ШОҲ АРАГОНСКИЙ
Боре, шоҳ дар ҳалқаи дарбориён дукони пур аз ҷавоҳироти заргареро тамошо мекард. Ҳангоми бадар рафтан, ногаҳон, соҳиби дукон арз дошт, ки нигине аз ангуштарии алмосӣ гум шудааст. Шоҳ пурсишу ҷустуҷӯи ҳар як нафарро, ки ҳама аҳли дарбор буданд, салоҳ надонист ва фармон дод, то зарферо аз резатахта пур намуда, биёранд. Сипас, ҳамроҳонашро амр дод, ки панҷаҳояшонро мушт кунанд ва бо навбат ба зарф андохта, пас гиранд. Вақте нафари охир амрро иҷро кард, бо хости шоҳ резатахтаҳоро ба болои миз рехтанд. Ба ҳамин минвол, ҳам нигин ёфт шуд ва ҳам обрӯи қаллоби дарборӣ нарехт.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзоди ҚУРБОНАЛӢ


ПАҲЛАВОНИ РУС
ТЕПЛОХОДИ 11 000 – ТОННАРО АЗ ҶОЯШ ҶУНБОНД
Сокини кишвари Приморяи Русия Иван Савкин теплоходи вазнаш 11 ҳазор тоннаро, ки барои кашондани контейнерҳо пешбинӣ шудааст, аз ҷояш ҷунбонда, рекорди нави ҷаҳонӣ гузошт. Дар ин бора рӯзномаи «Известия» хабар додааст.
Савкин рӯзи 2 майи соли ҷорӣ теплоходи зикршударо на танҳо аз ҷояш ҷунбонд, балки киштиро ба масофаи 2,5 метр кашид. Ин ҳам дар ҳоле, ки бод аз тарафи муқобил бо суръати 18 метр дар як сония мевазид.
Хотирнишон месозем, ки то ин дам Иван Савкин барои чунин корнамоиҳояш 3 маротиба шомили «Китоби рекордҳои Гиннес» шудааст.
Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ


ЮРИЙ НИКУЛИН
5 ФАКТИ ҶОЛИБ АЗ ҲАЁТИ ҲУНАРМАНДИ МАШҲУР
Юрий Никулин аз намоёнтарин ситораҳои синамои шӯравист, ки ягон тамошобин аз истеъдоди нотакрори ӯ ба ваҷд наомада наметавонист. Ӯ дар бисёр филмҳои мазҳакавӣ, ба монанди «Пирони роҳзан», «12 курсӣ», «Амалиёти Ы», «Дасти алмосдор» ва «Саргузаштҳои Шурик» нақшҳои намоёнро иҷро намудааст. Гарчанде тамошобинон аксари нақшҳои ӯро аз ёд  медонанд, лекин аз ҳаёти шахсии ин ҳунарманди бузург кам воқиф ҳастанд. Силсилаи маводи навбатӣ ба ӯ бахшида мешавад.

Се нишон дар ду ҷанг
Юрий Никулин соли 1939 ба фронт меравад. Дар он вақт ҷанг байни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Финляндия мерафт. Никулин барои хизмат ба қӯшунҳои зиддиҳавоӣ, ки дар он вақт Ленинградро аз ҳуҷуми душман муҳофизат мекард, фиристода шуд. Соли 1943 маҷрӯҳ гашта, ба госпитал афтод.
Баъди шифо ёфтан, боз ба қӯшунҳои зиддиҳавоӣ бармегардад  ва ҷангро идома медиҳад. Никулинро  барои хизматҳои содиқонааш ба Ватан бо се нишон: «Барои шуҷоат», «Барои муҳофизати Ленинград» ва «Барои ғалаба бар Германияи фашистӣ» қадр кардаанд. 
Таҳияи Лутфия ҚОДИРОВА


АФРОДИ КАМБИЗОАТЕ, КИ САРВАТМАНД ШУДААНД
8. Шаҳид Хон, соҳибкор
Дороӣ: 44 миллиард доллари ИМА
Алҳол ӯ яке аз сарватмандтарин одамони дунё маҳсуб мешавад. Замоне ки аз Покистон ба ИМА барои таҳсил дар Донишгоҳи Иллинойс омад ғайр аз омӯзиш ба хотири дарёфти қути лоямут ба зарфшӯӣ машғул мешуд. Акнун ба ӯ яке аз ширкатҳои хусусии бузургтарини ИМА бо номи «Flex-N-Gate» ва ду бошгоҳи футбол «Jacksonville Jaguars»  ва «Fulham» аз примйер лига маҳсуб мебошад.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ


КИТОБДОРОНИ МАШҲУР
АЗ ЭРАТОСФЕН ТО БЕНҶАМИН ФРАНКЛИН
Китобдорӣ касби хеле қадима буда, таърихи беш аз чорҳазорсола дорад.
Яке аз китобдорони машҳур Бенҷамин Франклин буд, ки ҳамроҳи гурӯҳи кории худ аввалин китобхонаро дар Амрико ташкил додааст. Мао Тзэдун як вақтҳо ёрдамчии китобдори яке аз китобхонаҳои Пекин буд. Голда Меир, панҷумин сарвазири Исроил, то ба ин мартабаи баланд расиданаш вазифаи китобдорро ба зимма дошт.
Байни олимон Эратосфен китобдори номӣ ба ҳисоб меравад, ки на танҳо дарозию паҳнои Заминро аввалин маротиба нишон дод, балки дарҳои китобхонаи Искандарияро ба хонандагон боз намуд. Хорхе Луис Борхес бошад, на танҳо дар бораи китобхонаҳо менавишт, балки худ солҳои 1939 - 1946 ҳамчун китобдор ифои вазифа кардааст.
Люис Кэрролл муаллифи «Алиса дар олами муъҷизаҳо» пеш аз муаллими математика шудан, дар калисои Исои Оксфорд вазифаи китобдорро иҷро мекард. Марсел Пруст, муаллифи романи «Дар ҷустуҷӯи замони гумшуда» дар китобхонаи мактаб фаъолият дошт.
Яке аз бародарон Гримм – Якоб дар китобхонаи Казеле кор мекард. Маҳз дар ҳамин ҷо ӯ афсонаҳои халқиро ҷамъоварӣ карда, шуҳратёр гашт.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА


ДАРЁҲОИ ДАРОЗТАРИНИ ОЛАМ
ОБ
Дарёи Об дар Сибири ғарбӣ ҷорӣ шуда, дарозиаш, дар якҷоягӣ бо шохобаш Иртиш, 5410 километрро ташкил медиҳад. Он дарозтарин дарёи Русия буда, аз нимаи дуюми моҳи октябр то моҳҳои апрел - май қисми поёниаш ях мебандад.
Дар охирҳои фасли баҳор оби дарё зиёда аз 4 метр  баланд мешавад. Ҳавзаи дарёи Об пурра ба Сибири ғарбӣ тааллуқ дошта, дар он дарёҳои хурду бузурги зиёд ҳамроҳ мешаванд. Худи дарё бошад, ба уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ мерезад.
Муҳаққиқон дар ҳавзаи он конҳои бузурги газ, нафт ва ангиштро пайдо кардаанд. Ҳамчунин, дар дарё неругоҳҳои барқи обӣ сохта шудаанд, ки барои иқтисодиёти Русия, махсусан Сибири ғарбӣ аҳамияти бузург доранд.   
Таҳияи Комрон САФАР


«ЛИВЕРПУЛ»
АЗ ИШТИРОКАШ ДАР ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО ЧӢ ҚАДАР ФОИДА ДИД?
Дастаи «Ливерпул» - и Англия дар мавсими 2018/19 - и Лигаи чемпионҳо дар маҷмӯъ, 110 миллион евро дарёфт намуд.
Тим барои ғалаба дар мусобиқаи фавқуззикр соҳиби 19 миллион евро гардид. Аз оғоз то анҷоми лига ин дастаи англисӣ ҷиҳати иштирок 74,35 миллион евро фоида, инчунин, барои фурӯши ҳуқуқи пахши бозиҳо ба шабакаҳои телевизионӣ 35 миллион еврои дигар суд дарёфт кардааст.
Таҳияи Маҳмуд БАҲРОМ


САРБАНДҲОИ БАЛАНДТАРИНИ ҶАҲОН
Сяован (Чин)
Сарбанди мазкур тӯли 8 сол ва бо баландии 292 метр дар болои дарёи Меконг сохта шудааст. Кор дар неругоҳ 1 январи соли 2002 оғоз гардида, агрегати якуми он моҳи сентябри соли 2009 ба кор шурӯъ кард. Сохтмони неругоҳ моҳи марти соли 2010 анҷом ёфта, охирон чархаи он соли 2013 ба кор даромад. Неругоҳ 6 агрегат дошта, бо иқтидори 4200 мВт кор мекунад. Сарбанд аз деворҳои мустаҳками ба 8 балл заминларза тобовар, иборат аст.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ФИЗИКАИ АМАЛӢ
Солҳои 60-уми асри гузашта як гурӯҳ олимони физик, ки барои анҷоми корҳои илмию таҳқиқотӣ озими баҳри Сиёҳ буданд, барои мабодо чанд шиша об харида, ҳамроҳ мегиранд. Вале вақти зарурат дар кушодани сарпӯши шишаҳо, ки пластикӣ буданд, оҷиз мемонанд. Ин вақт аз наздашон марди солхӯрдаи бумӣ мегузарад.
- Мебахшед, шумо ягон ашёе надоред, ки дар боз намудани шишаҳо ба кор ояд? – мепурсанд аз марди дарвешсурат.
- Не, надорам, лекин агар гӯгирд дошта бошед, кушода медиҳам, - ҷавоб медиҳад мард.
Чун гӯгирдро ба ӯ медиҳанд, мард донаеро дар гиронда, сарпӯши шишаро гарм мекунад, сипас, онро бо осонӣ аз сари шиша мегирад. Марди роҳгузар ҳайронии олимони мусофирро дида, ҳазломез мегӯяд:
- Физикаро хондан даркор!
Таҳияи Наргис АТОЕВА


БО 3D ПРИНТЕР ДЕҲА МЕСОЗАНД
Тарроҳ Яваш Беҳар аз нақшаи сохтмони деҳае хабар дод, ки бори аввал тариқи 3D принтер чоп мешавад. Мувофиқи пешгӯиҳо, он дар Амрикои Лотинӣ сохта шуда, барои дастгирии оилаҳои камбизоати ин минтақа пешбинӣ шудааст.
Лоиҳаи деҳаи азим тариқи чопи 3D бо нияти хайр пешниҳод гардид. Беҳар мегӯяд, ки қарори нақшабандии системаи азим бо назардошти барномаҳои гуногун ва ба ҳисоб гирифтани шароити иқлиму вазъи оилаҳо қабул шудааст.
Чопи 3D намои воқеии деҳаи минбаъдаро пешорӯи бинанда ҷилвагар намуда,  макети барқади лоиҳаи декоратсияҳои театриро ба ёд меорад.
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА


АЗ  ОЛАМИ  АҶИБИ  ҲАЙВОНОТ
Мор бо пилки чашмаш мебинад.
* * *
Гурбаҳои баҳрӣ дар зери об то ду соат нафасашонро нигоҳ медоранд.
* * *
Муш ҳангоми қитиқ (хоридан) кардан механдад.
* * *
Квокка бо сабаби бисёр хандиданаш хушбахттарин ҳайвон ба ҳисоб меравад.
* * *
Зарофаҳо пайвастагии овозӣ надоранд, бинобар ин, садояшонро баланд карда наметавонанд.
* * *
Наҳангҳои кӯзапушт аз ҳама садои баландро миёни ширмакҳо доро мебошанд. Овози онҳоро то масофаи 20 – километр шунидан мумкин аст.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ


ТАРАБХОНАҲОИ ҒАЙРИОДӢ
ТАРАБХОНА БО ХИЗМАТРАСОНИИ РОБОТҲО
 Пойтахти Таиланд – шаҳри Бангкок дер боз миёни сайёҳон шуҳрат дорад. 1 апрели соли 2010 дар шаҳр тарабхонаи «Hajime» дари худро ба рӯйи меҳмонон боз намуда, ҳамаро ба ҳайрат гузошт. Зеро ин бор роботҳо дар хизмати мизоҷон буданд.
Онҳо ба қабули меҳмонон бо либосҳои миллии ҷопонӣ ва рақсҳои дилнишину мавзун ҳозир шуда, табъи ҳозиринро болида месохтанд. Инро меҳмонон шӯхии якумиапрелӣ пиндоштанд, аммо он то ҳол идома дорад.
Имрӯзҳо «Hajime» бо хизматрасонии ғайриодиаш на танҳо аз маконҳои дӯстдоштаи таиландиҳо, балки ҷаҳонгардони олам низ гаштааст.
Таҳияи Зулола БОБОРАҶАБОВА


НОДИРТАРИН МУҶАССАМАИ ОЛАМ
Соли 1580 дар гулбоғи Вилла Демидоффи қисмати шимолии Флоренсия муҷассамаи бузурге қомат афрохта, ҳамаро ба ҳайрат овард. Муҷассама «Сolosso dell Appennino» ном дошта, бо баландии даҳ метр аз ҷониби ҳайкалтароши итолиёвӣ Ҷамболоня эҷод шудааст.
Замоне ин муҷассама як гӯшаи боғи ободеро, ки бо ҳайкалҳои сангину биринҷии зиёде оро дода шуда буд, зеб медод. Бо мурури вақт дигар пайкараҳои нодиру бузург нобуд гардиданд, аммо баҳодури сангини азимҷусса то имрӯз побарҷост.
Ва, инак, чанд садсола аст, ки пайкараи бузурги мард дар соҳили обанбор нишаставу хаёломез ба оби ҳавз дида медӯзад.  Кас ба ин муъҷизаи даҳметра назар карда, ба эъҷози дасти инсон, ки бо табиати афсункор хеле тавъам афтодааст, аҳсан мегӯяд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ФУТБОЛБОЗОНЕ, КИ МУФЛИС ГАРДИДААНД
2. Асамоа Гян
Ҳамлагари мунтахаби Гана пас аз дурахшаш дар Чемпионати ҷаҳон - 2010 ба маблағи 9 миллион доллар дар як сол ба бошгоҳи футболи «Ал-Айн» - и Амороти Муттаҳидаи Араб гузашт. Сипас, аз он ҷо бо маблағи 13 миллион доллари ИМА ба ҳайати тими «Шанхай СИПГ» - и Чин пайваст. Тобистони соли 2017 чун агенти озод бо доштани 1,5 миллион доллар маош ба Туркия омад. Ҳамзамон, дар Ганаи азизаш Асамоа савори автомобили достонзеби тиллоии Rolls – Royce  ширкати ҳавопаймоии Baby jet Airlines – ро таъсис дод. Тибқи нақша, парвозҳо дар Гана баҳори ҳамин сол бояд шурӯъ мешуданд. Вале, ногаҳон хабари аз  занаш бо се фарзанд ҷудошавии варзишгар паҳн гардид.
Сафедкунандаҳои хонумаш фавран ба расонаҳои иттилоотӣ хабар доданд, ки агар рафту ӯ аз хонаводааш ҷудо шавад, муфлисшавӣ таҳдидаш мекунад. Вале худи Асамоа Гян дар матбуот иброз дошт, ки дар ҳисоб ҳамагӣ 600 фунт дорад. Сафедкунандаҳои завҷаи Гян ҷиҳати муайян кардани ҳақиқат ба тафтиши ҳисобҳои молии ӯ пардохтаанд. Акнун вақт мушаххас менамояд, ки Асамоа муфлис аст ва ё қаллоб.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.06.2019    №: 112    Мутолиа карданд: 350

18.09.2019


Харбузаҳои 25 - килограмма

Суиқасд ба ҷони Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ

Дар Душанбе ба ифтитоҳи масҷиди калонтарин дар Осиёи Марказӣ омодагӣ мебинанд

Вохӯрии нахустини Путин ва Зеленский мумкин аст моҳи октябр баргузор шавад

Медведев давраи нави муносиботи Москва ва Пекинро эълом дошт

Низомиёни Ироқ ба марҳилаи нави мубориза алайҳи «Давлати исломӣ» шурӯъ карданд

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед