logo

фарҳанг

"КУЛЛИЁТ" - И ҲОҶӢ ҲУСАЙНИ КАНГУРТӢ НАШР МЕШАВАД

Дар партави дастур ва супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал осори гаронбаҳои шоир ва мутафаккири шинохта аз тариқи нашриёти «Адиб» дар шакли «Куллиёт» ба наздикӣ бо сифати аъло ва теъдоди зиёд нашр ва дастраси хонандагони сершумор мегардад.

«Куллиёт» - и шоир аз дигар асарҳояш, ки дар давраҳои гуногун рӯи чоп омадаанд, ба куллӣ фарқ мекунад. Нахустин муҳаққиқу омодакунандаи осори шоир Сайидумар Султонов дастхатҳои Ҳоҷӣ Ҳусайнро дастрас намуд. Ғазалу рубоиҳои чопнашудаи шоир аз ин миён пайдо шуд.
Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳусайни Кангуртӣ (1868 - 1917) яке аз суханварони орифу фарзона ва нозукбаён мебошад, ки дар таърихи адабиёти тоҷик шарафёби мақом ва манзалати хос гардидааст. Осори рангину арзишмандаш имрӯз ҳам мазраи дилҳоро шодоб мегардонад. Аз мутолиаи он бармеояд, ки Ҳоҷӣ дар замони худ аз ҷониби амалдорон ва ҳасудонаш сахтиҳо ва ранҷҳои зиёд кашидааст.
Ҳоҷӣ Ҳусайн ба ғайр аз омӯхтани илмҳои замони худ ба лаввоҳӣ, тарроҳӣ, саҳҳофӣ, наққошӣ ва хусусан, дар санъати муҳрканӣ маҳорати зиёде дошт. Ҳамчунин, дар санъати хаттотӣ ва хушнависӣ маълуму машҳур гашта буд.
Аз Ҳоҷӣ ба мо 254 ғазал, 19 мухаммас, як мусаддас иборат аз 28 банд, 97 рубоӣ, 13 таърихи манзум бахшида ба сохтмону иморатҳои гуногун - ҳаммом, мадраса, қалъаҳо дар Кангурт, Қаротегин, Ҳисор ва ҳоказо, 9 мактуби мансур ба шахсони гуногун ва муҳибони худ, манзумаҳои «Василат - ун - наҷот», «Дабистони ибрат», «Таърихи ҷуда», рисолаи таърихии «Мунтахаб - ул - ахбор фи табақот - ус - салотин» ва маснавии «Комде ва Мадан» омада расидааст. Илова ба ин, боз як мероси адабии пурқимати Ҳоҷӣ ин рисолаи «Хутути ашколи исломия» мебошад, ки дар бораи намудҳои гуногуни хат ва хушнависӣ аст.
Ҳоҷӣ бо ақидаҳои озодипарастиаш мардумро аз нодонӣ, торикӣ ва ҷоҳилӣ ба сӯи рӯшноӣ, маърифат ва некномию хештаншиносӣ ҳидоят мекард:
Чӣ замонест, ки халқе, ки дар ин бозоранд,
Ҳама берун шуда дар бодияи нодонӣ.
Ва ё:
Бе сиёсат нест, Ҳоҷӣ, кори оламро низом,
Фитнаро бошад қарор аз ваҳшати арбоби теғ.
Шоир бар он ақида буд, ки хештаншиносӣ бе дониш ҳаргиз даст нахоҳад дод:
Бо аҳли ҳунар нишину шахси доно,
Гар заҳр диҳад, бихӯр чу шаҳду ҳалво.
В - аз суҳбати ноаҳлу касони ҷоҳил,
Пайванд агар бувад, табарро бинмо.
Яке аз асарҳои ӯ, ки дар эҷодиёташ мавқеи арзанда ва намоён дорад, ин манзумаи «Комде ва Мадан» дар пайравии асари ҳамноми Мирзо Абдулқодири Бедил мебошад.
Мавриди ёдоварист, ки баъди итмоми таҳсили мадраса ба Арабистон бо мақсади ба ҷо овардани маносики ҳаҷ сафар карда, се сол дар он ҷо умр ба сар бурдааст. Баъдан ба Фарангистон, Эрон, Ҳиндустон сафар намуда, илму адабиёти халқҳои гуногунро меомӯзад.
«Куллиёт» - и ӯ соли 1913 дар Тошканд ба табъ расидааст. Эҷодиёти Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ ҳанӯз солҳои 60 - уми асри гузашта мавриди таваҷҷуҳи донишманд ва муҳаққиқи шинохта Сайидумар Султонов қарор гирифта буд. Мавсуф нусхаҳои беҳтарин ва саҳеҳтарини дастхатҳои шоирро ҷамъ оварда, мавриди таҳқиқ ва омӯзиш қарор дод. Дар натиҷа осори гаронбаҳои ӯро соли 1962, ки ғазал, мухаммас, марсия, рубоиҳо, инчунин, манзумаи «Комде ва Мадан» - ро дар бар мегирифтанд, мураттаб сохт.
Соли 1998 нашриёти «Ирфон» «Куллиёт» - и Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртиро бо ду хат: кириллӣ ва арабӣ ба табъ расонд.
Дар нашри нави «Куллиёт» - и Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ аз нусхаҳои аслии дастнавис истифода ва ғазалу рубоиҳои то ба имрӯз ба чоп нарасидаи ӯ ҷой дода шудаанд.
Мавриди зикр аст, ки Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ солҳои охири умраш дар мадрасаи  Кангурт ба шогирдон дарс мегуфт. Фишору таъзиқи тангназарони замон ӯро дилшикастаю маъюс мекард. Ҳама ин беэътиноию бадбиниҳо, нодидагирию бадгумониҳо ба ҷисму рӯҳи шоир бетаъсир намонданд:
Ба ҳайратам, ки чӣ созам ба ин фиғон, Ҳоҷӣ,
Нафас чу най зи гулуям ба дӯши нола гузашт.
Имрӯз, ки барои нашри осори Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ ва таҳқиқи ҳамаҷонибаи эҷодаш имкон фароҳам омада, дигар он най нолаи ҷонсӯз намебарорад, балки бо навои рӯҳбахшу дилнавозаш, ки аз банди «асорат» раҳо гардида, дилу ҷонҳоро бо камоли ҳикматомезаш тавони тоза мебахшад.
Мафтуни ашъори пурҳикмату ишқии ин орифи шоир ва низ шоири ориф овозхонҳои маъруф Одинаи Ҳошим ва Ҳабибуллоҳи Бек (равонашон шод бод!) буданд. Махсусан, Ҳабибуллоҳи Бек бо дилбастагии хос аз рӯзгору ашъораш суҳбатҳои дилнишин менамуд ва пайваста таъкид мекард, ки бояд ба дунёи зебои шоиру ашъори нобаш бештару беҳтар роҳ бибарем. Ба ин хотир нашри мукаммалу бе саҳву хатои Ҳоҷиро хостор буд.
Инак, он рӯз дур нест, ки «Куллиёт» - и Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ дастраси ҳаводорони каломи бадеъ мегардаду ба ин васила таҳқиқҳои бунёдӣ ба фарҷом мерасанд.
Давлат САФАР, директори муассисаи нашриявии «Адиб»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.06.2019    №: 114    Мутолиа карданд: 460
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед