logo

иқтисод

ХАТЛОН. БЕФАЪОЛИЯТИИ КОРХОНАҲО СОҲАИ САНОАТРО ҚАФО МЕКАШАД!!!

Дар ҷаласаи назди раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, ки бо иштироки роҳбарони шаҳру навоҳӣ ва корхонаю идораҳо баргузор гардид, натиҷаҳои тараққиёти иқтисодию иҷтимоии вилоят натиҷагирӣ шуд.

Сараввал, бо истифода аз наворҳои видеоӣ баъзе аз корхонаҳое, ки аз фаъолият бозмондаанд ё дару девору таҷҳизоти шикастаю рехта ва ҳудуди алафзеркардаи ғайрисанитарӣ доранд ва сохтмонашон солҳо боз нотамом мондааст, муаррифӣ шуданд. Инҳо, асосан, корхонаҳои “Аноҳит” - у “Қобилов” - и ноҳияи Ёвон(масоҳаташон 7 - гектарӣ), “Самар” - и ноҳияи Восеъ (7 гектар), “Файзи Ҷомӣ” (7 гектар), “Оби қадр”, фабрикаи мурғпарварии “Ганҷи ҳилол”- и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, “Комбинати орди Балхӣ”, “Корхонаи пахтаи Ҷ. Исоев”, “Агрофудголд” (3 - гектарӣ, фабрикаи мурғпарварии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, “Фаррухрӯз”- и шаҳри Норак, “Орди Хатлон” (7 - гектарӣ), “Соап зан” (2 гектар), “Саодат” - и шаҳри Бохтар (1 гектар), “Корхонаи равғанбарорӣ” (7 гектар), “Сангу шағали Левакант” (6 гектар), “Нуриҳои Осиё” - и шаҳри Левакант, “Некрӯз” -и ноҳияи Фархор (10 гектарӣ), “Боҳам” - и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, “Саноел асва” - и ноҳияи Шаҳритуз, “Муъмин” - и ноҳияи Ҷайҳун, фабрикаи мурғпарварии “Бӯстон” - и ноҳияи Вахш (3 - гектарӣ) мебошанд. Раиси вилоят масъулони ташкилоту идораҳои вилоятӣ ва раисони шаҳру навоҳиро муваззаф кард, ки нисбат ба корхонаҳои хусусии давоми панҷ соли охир аз фаъолият бозмонда то 1 июл қатъӣ чораҷӯӣ кунанд.
Муовини аввали раиси вилоят Хайрулло Амонулло дар баромади худ масоили марбут ба соҳаи саноатро таҳлил кард.
- Дар 5 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ дар вилоят 2 миллиарду 962 миллион сомониро ташкил намуда, суръати афзоиш ба маблағи 362 миллион сомонӣ таъмин гардидааст. Ҳоло дар соҳаи саноати вилоят 16 ҳазор шаҳрванд кору фаъолият менамояд. Ҳаҷми маҳсулоти саноатие, ки соли гузашта корхонаҳои ҳудуди вилоят истеҳсол кардаанд, ба сари ҳар сокини вилоят 140 – долларӣ рост меояд. Ин нишондод дар вилояти Суғд ба беш аз 400 доллар баробар аст. Аз 512 корхонаи ҳудуди вилоят дар давоми 5 моҳи соли ҷорӣ 188, аз ҷумла дар ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 39, Данғара  14, Ёвон 10, Қубодиён 10, Абдураҳмонӣ Ҷомӣ 8, Левакант 8 ва Дӯстӣ 8  корхона кор накард, ки дар натиҷа, зиёда аз 6 ҳазор коргар бекор монд ва иқтисоди вилоят низ хисороти ҷиддӣ дид. Дар 5 моҳ, аз ҷумла дар ноҳияи Вахш 92,  Дӯстӣ 83, Ҷалолиддини Балхӣ 85, Ҷайҳун 86, Шаҳритуз 56 корхона, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро кам карданд, - тазаккур дод ӯ.
Хайрулло Амонулло гуфт, ки ҳамаи 21 корхона ва 47 коргоҳи дӯзандагии вилоят нақшаи истеҳсолиашонро ҳамагӣ 10 дарсад иҷро кардаанду халос. Корхонаҳои дӯзандагии шаҳру ноҳияҳои Норак, Восеъ, Фархор солҳои тӯлонӣ фаъолият надоранд. Бо вуҷуди эҳтиёҷоти шадид дар 12 шаҳру ноҳияи вилоят корхонаҳои коркарди меваю сабзавот то ҳол сохта нашудаанд. Аз 17 корхона ва коргоҳҳои равғанбарории шаҳру ноҳияҳои вилоят 6 адади онҳо, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Вахш, Фархор, Панҷ доир ба фаъолияти панҷмоҳаашон, умуман, ҳисобот пешниҳод накардаанд. Дар вилоят ҳамагӣ 2 корхонаи макаронбарорӣ (дар шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб) фаъолият дорад, ки ин кофӣ нест. Ноҳияҳои Ёвон ва Абдураҳмонӣ Ҷомӣ ба ҷойи кам кардани бақияпулиҳои андоз, баръакс, онро зиёд кардаанд, ки ин боиси халалдор шудани қисми даромади буҷет мегардад. Аз 945 кӯпруки  шаҳру ноҳияҳои вилоят 43 - тои онҳо дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак, Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш, Дӯстӣ, Ҷайҳун, Восеъ ва Шаҳритуз беназмиву тамбашавии воситаҳои нақлиёт мушоҳида мешавад. Филиалҳои “Тоҷиксодиротбонк”, “Агроинвестбонк” ва “Бонки рушди Тоҷикистон” дар шаҳру навоҳии вилоят дар давраи ҳисоботӣ барои эҳтиёҷмандон, умуман, маблағҳои қарзӣ ҷудо накардаанд. Аз 6 ҳазору 556 номгӯи иншооту иқдомҳои марбут ба бунёдкорӣ ба муносибати 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 ҳазору 891 ё ин ки 28,9 дарсади онҳо иҷро шудаанду бас.
Қурбон Ҳакимзода перомуни камбудиҳои дар шаҳру навоҳӣ ҷойдошта ибрози назар намуда, гуфт, ки дар ноҳияи Вахш дар тӯли панҷ моҳ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 5,7 дарсад кам шудааст. Сабаби ин аз кор мондани якчанд корхона ва ҳам паст будани сифати маҳсулот мебошад. Дар ин ноҳия аз ҳаҷми умумии маҷмӯи маҳсулоти истеҳсолшуда ҳамагӣ 25 дарсадашро корхонаҳои саноатӣ истеҳсол кардаанду дигарашро аҳолӣ, ки ин мувофиқи мақсад нест. Аз 91 корманди соҳаи фарҳанг ҳамагӣ 5 нафар мутахассиси соҳаанд. Азнавсозии боғи фарҳангӣ - фароғатӣ чанд моҳ боз тӯл кашида истодааст. Идораи барқи ноҳия дар тӯли 5 моҳ ҳамагӣ 52 дарсади ҳаққи истифодаи неруи барқро ҷамъоварӣ кардааст.
Дар панҷ моҳи соли ҷорӣ як қисми корхонаҳои саноатии шаҳри Норак низ ҳаҷми истеҳсолро кам карданд. Дар 5 моҳ аз ҷониби соҳибкорони шаҳр ягон лоиҳаи қарзӣ таҳия ва пешниҳод нагардидааст. Дар боғи фарҳангӣ - фароғатӣ корҳои бунёдкорӣ суст ҷараён доранд. Лагерҳои истироҳатӣ барои қабули кӯдакон дар давраи таътили тобистона тайёр нестанд. Аз буҷети маҳаллӣ барои ин мақсад ягон сомонӣ ҷудо нашудааст. Ба ин мавзӯъ ахиран рӯзномаи “Ҷумҳурият” низ руҷӯъ карда буд.
Дар ноҳияи Панҷ масъалаи доғ ҳуҷуми малах аст. Масъулон ҳисобот додаанд, ки 12 ҳазор гектарро коркард кардаанд, аммо дар асл вазъ дигар аст.
Ҳолати иҷрои нақшаи андоз ва вазъи роҳҳои маҳаллӣ дар шаҳру навоҳии Левакант, Дӯстӣ, Панҷ, Фархор, умуман, ба талабот ҷавобгӯ нест. Дар навоҳии Панҷ, Шаҳритуз ва Абдураҳмони Ҷомӣ рафти ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ ғайриқаноатбахш мебошад. Аз ин сабаб, дурнамои содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар иҷро нашуд. Истеҳсоли моҳӣ дар ноҳияҳо ҳамагӣ аз 44 то 100 кило иҷро шудааст. Қурбон Ҳакимзода масъулони ноҳия ва вилоятро вазифадор кард, ки барои бунёди иншооти ҷашнӣ дар фурсати кӯтоҳ қитъаҳои замин ҷудо кунанд. Ҳамзамон, роҳбарони шаҳру навоҳӣ ва корхонаю идораҳо супориш гирифтанд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро сари вақт рафъ намуда, корро дар ҳама самтҳо беҳтар ба роҳ монанд ва рушди устувори соҳоти гуногуни хоҷагии халқи вилоятро таъмин созанд.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.06.2019    №: 115    Мутолиа карданд: 157

22.07.2019


МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН. Қонуншиканиҳо ҳанӯз зиёданд

ТАҲСИЛОТИ САЛОҲИЯТНОК ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ЗАМИН. Камбуди оби полизӣ мушкили ҳалталаб боқӣ мемонад

Гилерми: «Тоҷикон соҳиби кишвари афсонавианд»

Швейтсария дар Тоҷикистон бонк мекушояд

Ҷаҳон дар як сатр

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед