logo

сиёсат

РАВАНДҲОИ ҶАҲОНИШАВӢ ВА МАРКАЗҲОИ НАВИ ҲАМГИРОӢ

(Дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё,  шаҳри Душанбе, 14 – 15 июн)

Дар оғози асри XXI истилоҳи глобализатсия (ҷаҳонишавӣ) ва равандҳои глобализатсионӣ ҳамчун раванди муҳими ҳаёти иҷтимоӣ якбора вирди забонҳо шуд. Ва маълум гардид, ки глобализатсия раванди ҷаҳонии ҳамгироӣ ва ҳамгунсозии иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва динию мазҳабӣ мебошад.

Ташаккули шабакаи ягонаи иқтисоди бозорӣ – иқтисодиёти ҷуғрофӣ, инфрасохтори он ва раванди аз байн рафтани соҳибихтиёрии давлатҳо, ки тӯли садсолаҳо бозигарони асосии муносибатҳои байналмилалӣ буданд, ба вуҷуд меояд. Дар натиҷа, ҷаҳонишавӣ гардиши умумии тақсимоти байналмилалии меҳнат, муҳоҷират, сармоя, неруи корӣ, захираҳои истеҳсолӣ, ҳамгунсозии қонунгузорӣ, равандҳои иқтисодӣ ва технологӣ, ба ҳам наздикшавӣ ва омезиши фарҳангҳои кишварҳои гуногунро ба бор меоварад. Ин раванд тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро фаро гирифта, субъектҳои оламро ба ҳамдигар вобаста месозад. Дар байни гурӯҳи давлатҳо маҷмӯи масъалаҳои муштарак ва субъектҳои ҳамгироӣ пайдо мешаванд. Ин раванди ҳассоси ҷаҳони муосир дар заминаи таъсиргузорӣ ва омезиши омилҳои гуногун дар гузашта ва имрӯз шакл гирифтааст.
Бояд гуфт, ки дидгоҳҳои марбут ба нақши глобализатсия дар ҷаҳони муосир бисёр баҳснок аст. Муаррихон ин равандро ҳамчун яке аз марҳилаи ҷомеаҳои сармоядорӣ медонанд. Иқтисоддонҳо оғози онро ба шаклгирии бозорҳои молиявии фаромиллӣ мансуб медонанд. Сиёсатшиносон онро натиҷаи густариши созмонҳои демократӣ меҳисобанд. Фарҳангиён туғёни ҷаҳонишавиро ба хоҳиши ғарбишавӣ (вестернизатсия) ва тавсеаи иқтисодии Амрико дар кишварҳои гуногун марбут медонанд. Дар паҳншавии раванди глобализатсия иттилоот ва технология (алоқаи мобилӣ ва интернет) низ нақши муҳим мебозанд. Глобализатсияи сиёсӣ ва иқтисодиро аз ҳам фарқ мекунанд, ки дар он мафҳуми минтақабандии кишварҳо барои муайян кардани қутбҳои аз нигоҳи имкониятҳои иқтисодӣ ва технологӣ рушдёфта таъсири ҳалкунанда дорад.
Зуҳури ислом мансубияти динии миллату давлатҳоро ҳамчун меҳвари асосӣ ба омили тавонои муносибатҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ мубаддал сохт. Сипоҳи исломиён ба кишварҳои масеҳитабор ва минтақаи густариши фарҳангҳои қадим – қибтиён, бобулиён, сурёниён ва порсиён ҳам футӯҳот анҷом дода, онҳоро мусулмон карданд ва сатҳи таъсиргузории фарҳангиашонро хира гардонданд. Афзун бар ин, онҳо як қисмати умдаи минтақаи густариши фарҳанги ҳеллинистиро ба таври доимӣ тасарруф намуда, аз тариқи вилояти Андалусияи Испания ба амнияти умумии Аврупо хатари ҷиддӣ ворид кардан гирифтанд. Ислом, воқеан, дар асли худ хусусияти бунёдгароии динии тавсеапазир нишон дод ва механизми татбиқи амалии онро таҳия намуд. Ин воқеият нахустин иттиҳоди глобализатсионии кишварҳои Аврупоро дар пояи ҳамгироии иқтисодӣ ва динию сиёсӣ бо номи «ҷангҳои салибӣ» (Cruzada) ҳамчун муқовимат бар муқобили тавсеаи мусулмонӣ ба вуҷуд овард. Ин бидъат то ҳол дар шаклу гунаҳои мухталиф дар байни пайравони динҳои гуногун зуҳур карда истодааст. 
Дар шароити асрҳои миёна империяи теократии Хилофат тақвият ёфта, муқовимати олами масеҳият ва ислом дар ҳавзаи баҳри Миёназамин хусусияти доимӣ касб кард. Ва ҳар ду ҷониб зимни масъалагузориҳо аз мавқеи бунёдӣ корбарӣ мекарданд. Барои собит кардани даъвоҳои худ ҳар ду ҷониб ба матнҳои муқаддас такя мекарданд, ки ин равиши бунёдгароӣ (фундаментализм) - ро дар динҳо ба вуҷуд овард. Ҳар ҷониб мехост ҳаққу ҳуқуқи худро дар асоси қудсияти китобҳои осмониаш талаб намояд. 
Мусулмонон тавонистанд падидаи зуҳури Пайғамбари ислом (с), фарҳанги мусулмонӣ ва Қуръону суннатро ҳамчун унсур ва зербинои нави ҳувиятсоз истифода намоянд. Дар ин росто, забони арабӣ низ ба неруи қавии муттаҳидкунанда ва фарҳангсоз табдил ёфт. Аз ҷониби дигар, бояд эътироф кард, ки қабилаҳои арабитабори нимҷазира ба ҷуз ҳамин кашфиёти дини нав дар таърихи мавҷудияташон чизи дигаре ҳамчун дастовез надоштанд ва дар атрофи ҳамин идеяи динӣ ва миллӣ сахт муттаҳид шуданд.
Кашфи захираҳои нафтӣ дар кишварҳои Ховари Миёна ин минтақаро дар меҳвари сиёсати ҷаҳонӣ ва мавқеи пешоҳангии ҷаҳони ислом қарор дод. Аз нимаи дуюми асри ХХ то имрӯз дар баробари гаҳвораи фарҳанги мусулмонӣ будан бойигарӣ ва имкониятҳои пулию молиявии кишварҳои арабии халиҷ рӯ ба афзоиши доимӣ ва болоравӣ дорад. Зарурати истифода бурдан аз чунин имкониятҳо муносибати давлатҳои арабии Халиҷро бо кишварҳои абарқудрати ҷаҳон ба сатҳи шарикии стратегӣ боло бурдааст. Табиист, ки чунин тавъам омадани имкониятҳои молиявӣ ва пуштибонии қавии сиёсӣ барои таҳрик додани идеяи ҳамгироии минтақавӣ ва дар меҳвари сиёсати хориҷии ин кишварҳо қарор гирифтани дипломатияи динӣ сахт мусоидат кардааст.
Оғози ҷангҳо дар Афғонистон ба бунёдгароии динӣ дар маҷмӯъ, сифатҳои ҷиҳодӣ, такфирӣ, минбарӣ ва интернетӣ эҳдо кард. Барои пешбурди кор бунёдгароён дар усули фиқҳи исломӣ истифодаи се намуди ихтилоф – ихтилофи танаввӯъ, ихтилофи афҳом ва ихтилофи аздодро дар байни ҷомеаҳои камогоҳи мусулмонон корбарӣ кардан гирифтанд. Мутаассифона, пайравони раванди бунёдгароии динӣ ҳама гуна низомҳои мавҷудаи кишварҳои мусулмониро аз мавқеи баҳогузории худ мавриди ҳамла ва накӯҳиш қарор медиҳанд. Дар ин замина, вазъияти эътирозӣ ба вуҷуд омада, дар байни ҳизбҳои гуногуни сиёсӣ ва пайравони мазҳабҳои динӣ ихтилофи оштинопазир эҷод мегардид.  Ҳамин рафтори бунёдгароӣ дар байни ҳамаи ҳизбу ҷараёнҳои динию мазҳабӣ  сироят кард ва кор то ба ҷое расид, ки шаҳрвандони мусулмони ҳар кишвар дар тартиби раддабандии ифротгароёни динӣ ба муъмину кофир тақсим мешуданд. Дар таърихи солҳои 90-уми асри сипаришуда ҷумҳурии мо низ шоҳиди таъсири манҳуси фаъолияти ҳизби сиёсии динӣ бо номи ҲНИ гардида буд.
Аз оғози асри XXI дар доираҳои илмии ҷаҳонӣ як консепсияи машҳур бо номи ҷомеаи ҷаҳонӣ (global society) роиҷ гардид. Аз ин нуқтаи назар, ҳамаи сокинони рӯи Замин шаҳрвандони ҷомеаи ягонаи ҷаҳонӣ мебошанд, ки аз маҷмӯи ҷомеаҳои маҳаллии кишварҳои алоҳида иборатанд. Тарғиби ин консепсия баррасии равандҳои глобализатсиониро ба манфиати кишварҳои абарқудрат осон мегардонад, то ки ин раванд ҳамчун як тағйироти маъмулии иҷтимоӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шавад. Кишварҳои пешрафта мехоҳанд болои сари арзишҳои мусулмонӣ кулоҳи технологияи сиёсӣ (политтехнология) бипӯшонанд. Барои нигоҳ доштани ҳолати кунунӣ дар кишварҳои мусулмонӣ, ки аксари онҳо мансуби қитъаи Осиё мебошанд, якчанд консепсия таҷриба карда шуд. Яке аз онҳо платформаи гуфтугӯи тамаддунҳо буд, ки, баръакс, зуҳури миллатгароӣ ва тақвияти ҳизбҳои хусусияти ифротидоштаро дар Ғарб ба бор овард. Раванди дигар инқилобҳои «баҳори арабӣ» номгузорӣ шуд ва ошкор намуд, ки демократияи арабию мусулмонӣ барои пазируфтани ин гуна тағйиротҳо омода нест ва заминаҳои сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии ҳамгироии онҳо ҳанӯз муҳайё нагардидаст. Аз ин ҷиҳат, бунёдгароии динӣ дар ҷаҳони ислом ҳамчун механизми идеологии равандҳои иқтисодии глобализатсионӣ мавриди таваҷҷуҳи амиқи неруҳои абарқудрат қарор гирифтааст ва манфиати давлатҳои мусулмониро пайгирӣ нахоҳад кард.
Дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе 15 июни соли 2019 Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Барои ширкат намудан дар кори ин машварати муҳими сатҳи байналмилалӣ сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва намояндагони воломақоми кишварҳои иштирокчӣ - Тоҷикистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Баҳрайн, Бангладеш, Ветнам,  Миср, Ҳиндустон, Урдун, Ироқ, Эрон, Қазоқистон, Қатар, Камбоҷа,  Чин, Корея, Қирғизистон, Муғулистон, Амороти Муттаҳидаи Араб,  Покистон, Фаластин, Федератсияи Россия, Таиланд, Туркия, Ӯзбекистон, Шри-Ланка, роҳбарону намояндагони давлатҳои нозир - Индонезия, Филиппин, Белорус, Украина, ИМА, Япония, роҳбарони ташкилоту созмонҳои байналмилалии нозир ва шарик - Созмони Милали Муттаҳид, Созмони байналмилалии муҳоҷират, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Ассамблеяи парламентии кишварҳои туркзабон, Созмони ҳамкории Шанхай ва меҳмони ҳамоиш - Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар “Кохи Наврӯз” ба ҳам омаданд. Дар як вақт ташриф овардани теъдоди зиёди меҳмонони олимақом дар кишвари мо имиҷи байналмилалии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи «дарҳои кушод» ва ҳикмати таҳаммулпазирии Пешвои миллати тоҷиконро тӯли чанд рӯз дар маърази муҳокимаҳои расонаҳои ҷаҳонӣ қарор дод. Баргузории ин ҳамоиш собит намуд, ки қитъаи Осиё дар ҷустуҷӯи роҳҳои нави ҳамгироӣ қарор дорад ва дар давраи раёсати Душанбе МҲТБО ҳамчун ниҳоди минтақавӣ имконияти васеи табдил ёфтан ба созмони мустақил оид ба таъмини амният ва ҳамгироии конструктивӣ дар Осиёро дорад. Дар оғози раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши панҷуми ин ниҳоди бонуфузи минтақавӣ таҳти шиори «Нигоҳи ягона ба минтақаи амн ва бештар дар ҳоли шукуфоӣ» доир гардид ва таъмини амният, рушд ва шукуфоии қитъаи Осиё дар меҳвари масъалагузориҳои он қарор дошт. Ҳамзамон, меҳмонони олиқадр дар тӯли ин рӯзҳо аз пешрафту дастовардҳои кишвари азизи мо дар бахшҳои иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсию инфрасохторӣ огоҳии комил пайдо карданд. Ҳамоиши Душанбе нишон дод, ки ин платформа ғунҷоиши воқеии татбиқи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, бунёди долонҳои нақлиётӣ, рушди логистика, таъсиси инфрасохторҳои муосири истеҳсолию саноатӣ, кишоварзӣ ва сайру саёҳат, ҳамчунин, роҳу усулҳои муассири пешгирӣ ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории фаромиллӣ ва дигар хатару таҳдидҳои ҷаҳониро доро мебошад. 
Файзулло БАРОТЗОДА, директори Маркази исломшиносӣ дар
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.06.2019    №: 116    Мутолиа карданд: 120

22.07.2019


МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН. Қонуншиканиҳо ҳанӯз зиёданд

ТАҲСИЛОТИ САЛОҲИЯТНОК ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ЗАМИН. Камбуди оби полизӣ мушкили ҳалталаб боқӣ мемонад

Гилерми: «Тоҷикон соҳиби кишвари афсонавианд»

Швейтсария дар Тоҷикистон бонк мекушояд

Ҷаҳон дар як сатр

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед