logo

иқтисод

КАШФИЁТИ ГЕОЛОГӢ ЗАМИНАИ УСТУВОРИ РУШДИ САНОАТ

Бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  олимону мутахассисони соҳаи геология конҳои зиёди  канданиҳои фоиданокро кашф намудаанд. Ин конҳои маъдан заминаи мустаҳками рушди саноат маҳсуб ёфта,  барои амалисозии ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат аҳамияти калонро доранд. 
Кормандони корхонаи воҳиди «Экспедитсияи иктишофи геологии Моғиён»-и Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи кумаку дастгириҳои давлату Ҳукумат дар  кушодани нуқтаҳои маъдандори нав натиҷаҳои чашмрас ба даст оварданд.
Корҳои иктишофию геологӣ дар доираи «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Тоҷикистон барои солҳои 2012 – 2020» мутобиқ ба нақша дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ анҷом ёфта, аз моҳи апрел корҳои саҳроӣ - сохтмони пайроҳаҳо, тоза намудани роҳҳо, гузоштани хатсайрҳои геологӣ, кандану пур кардани хандақҳо ва гирифтани маҳакҳои ҷӯякӣ оғоз гардиданд. Маҳакҳои ҷӯякии гирифташуда дар озмоишгоҳи  корхона коркард ва дар асоси он оид ба ҳаҷми маъдани мавҷуда хулоса бароварда мешавад. Аз ҷумла, тибқи барномаи «Корҳои ҷустуҷӯию арзёбӣ дар зуҳуроти сурмаи Ривути Боло» дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ корҳои ҷустуҷӯӣ - геологӣ хуб ҷараён доранд. Мавзеи номбурда дар баландии зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр воқеъ буда, релйефаш мураккаб аст. Дар он канданиҳои фоиданоки  сурмаю тилло муайян карда шуданд. Кормандони корхона  мехоҳанд, ки бо ин роҳ боз конҳои нави маъданро  кафш намуда,  барои пешрафт ва ғанӣ гардондани захираҳои  маъдандори тилло, сурма, нуқра ва мис дар мамлакат саҳм гузоранд.
Соли 2015 корҳо аз рӯи лоиҳаи «Омӯзиши иловагии ояндадори кони тилло,  зуҳуроти симобу сурмаи майдони маъдандори Шинг-Моғиён» дар  шаҳри Панҷакент оғоз гардида буданд. Дар натиҷаи гузарондани корҳои омӯзишӣ, дар мавзеъҳои Валанги Дароз, Оби Хундӣ ва Қароқамари шарқӣ бо дарозии 600 метр минтақаи маъдандор муайян гардид. Дар ин омӯзиши натиҷабахш саҳми олимони геолог С. Шомуродов, (сардори  гурӯҳ), Б. Абдуллоев, Ш. Қурбонов ва С.  Ҳамроқулов  назаррас аст.
Ғайр аз ин, кормандони корхона  ба иҷрои   корҳои шартномавӣ машғуланд. Мувофиқи шартнома бо ширкатҳои «Зарафшон», «ГИИНТИЗ», «Талко Голд», «Минералс» корҳо оид ба пармакунии чоҳҳо ва гузарондани корҳои таҳлилӣ ба роҳ монда шудаанд. Ин тарзи кор барои аз ҳисоби маблағҳои иловагӣ беҳтар намудани шароити зиндагии кормандон ёрӣ мерасонад. Мутахассисон, ки бо пармаҳои замонавӣ ва дастгоҳҳои муосири корӣ таъминанд, барои бо оби нӯшоӣ ва полизӣ таъмин намудани  аҳолии шаҳру деҳоти Панҷакент корҳои зиёдеро ба анҷом расонданд. Маҳз натиҷаи заҳмат ва малакаю дониши мутахассисони  КВ «ЭИГМ» буд, ки имрӯз корхонаҳои бузурги саноатии кишвар, ба монанди «Зарафшон», конҳои ангишти Шашқад, Ғезан, Канте, ҶДММ корхонаи маъдани  «Анзоб», КФД «Фон – Яғноб», ширкатҳои «Талко Голд» ва «ТВЕА» фаъолияти пурсамар намуда, барои бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ ва ғанӣ гардондани буҷети кишвар саҳми назаррас доранд.
Сарзамини мо дорои маъданҳои зиёдест, ки барои рушди босуръати саноат имконият фароҳам меоранд. Аз ин рӯ, бо ҷалби  сармоягузорони ватаниву хориҷӣ аз ин ҳисоб бунёди  корхонаҳои нави соҳа бо  фарогирии ҷойҳои зиёди кор имконпазир аст. Ба ин хотир,  мутахассисони корхонаи  «ЭИГМ» барои кашфи конҳои нав кӯшиш мекунанд ва, албатта, заҳмати онҳо барои пешрафти кишвар самар меорад.
Ғолибҷон ШЕРАЛИЕВ, сардори КВ «ЭИГМ»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.06.2019    №: 116    Мутолиа карданд: 176

18.09.2019


Харбузаҳои 25 - килограмма

Суиқасд ба ҷони Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ

Дар Душанбе ба ифтитоҳи масҷиди калонтарин дар Осиёи Марказӣ омодагӣ мебинанд

Вохӯрии нахустини Путин ва Зеленский мумкин аст моҳи октябр баргузор шавад

Медведев давраи нави муносиботи Москва ва Пекинро эълом дошт

Низомиёни Ироқ ба марҳилаи нави мубориза алайҳи «Давлати исломӣ» шурӯъ карданд

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед