logo

иқтисод

МУЪМИНОБОД. ТАҚСИМОТИ ЗАМИН БАРОИ ЭҲТИЁҶОТ АСТ Ё ТИҶОРАТ?

Имрӯзҳо ҳангоми сафар ба деҳоти шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Муъминобод  дар баъзе маҳаллаҳо хонаҳои зиёди нимсохтро мебинем, ки дар дару деворашон “фурӯшӣ” навишта шудааст. Чунин ба назар мерасад, ки дар байни сокинони минтақа шумораи эҳтиёҷмандони манзили зист кам аст. Аммо теъдоди муроҷиаткунандагон ба  идораҳои дахлдор барои гирифтани қитъаи замини ҳавлӣ рӯз ба рӯз зиёд мешаваду кам не. Яъне, шумораи эҳтиёҷмандони хонаи истиқоматӣ дар асл рӯ ба афзудан дорад. Пас, ин хонаҳои фурӯшӣ аз киҳост?

Яке аз сабабҳои ба дасти эҳтиёҷмандони аслӣ нарасидани қитъаи замини ҳавлӣ, ба андешаи ман, ба ихтиёри ҷамоатҳои деҳот вогузор нашудани тақсимоти он мебошад. Қитъаҳои замин бо қарори махсуси Ҳукумати ҷумҳурӣ  барои бунёди хона ҷудошуда  аз ҷониби аъзои комиссияи ноҳиявӣ - кормандони кумитаи идораи замин ва  бахши меъморию сохтмони ноҳияҳо мавриди санҷиш қарор мегиранд. Соҳиби қитъаи замин  боз маротибаи дуюм  барои гирифтани имзою муҳри  14 узви  комиссияи тақсимоти замин дар ба дари идораҳои номбурда мегардад. Ин тарзи тақсимоти замин ҳамеша боиси кашол ёфтани кор ва дар канор мондани муҳтоҷону корафтодагони асосӣ мегардад. Агар тақсими қитъаҳои замин ба ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вогузор шавад, масъулини ҷамоат беҳтар медонанд, ки ба замин кӣ бештар эҳтиёҷ дорад. Инчунин, ҷараёни кор ошкору шаффофтар сурат хоҳад гирифт. Ҳолатҳое вомехӯранд, ки баъзеҳо ҳатто барои кӯдаку набераҳои дар гаҳвора будаашон бо ҳар роҳу восита замин  гирифтаанду баъзе эҳтиёҷмандон солҳо дар интизоранд.
Аҷибии кор дар он аст, ки бархе одамон ҳамчун эҳтиёҷманд қитъаҳои замини ҳавлӣ гирифта, баъд хонаи нимсохтро ба фурӯш мегузоранд. Дар маҳаллаи назди беморхонаи марказии ноҳия то имрӯз 100 нафар соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ шудааст. Аммо чуноне шоҳид гардидем, қариб 40 нафари онҳо  қитъаҳои замини гирифтаашонро фурӯхтаанд. Ин вазъ дар Ҷамоати деҳоти Балховии  ноҳияи Муъминобод низ ба чашм мерасад. Хонаҳои нимсохти қитъаҳои тавора гирифтаро мебинед, ки дар онҳо лавҳаҳои калон бо навиштаҷоти “фурӯшӣ” овезонанд. Соҳибони бештари ин чордеворҳои ба ном “хона” на сокинони ноҳияи Муъминобод, балки бошандагони шаҳри  Кӯлоб ва ноҳияи Восеанд. Зимни суҳбат мардуми ин маҳалла гуфтанд, ки ҳатто хоҷагиҳои деҳқонии аз 10 то 100 – гектара дар ин мавзеъҳо моли собиқ прокурору судяҳо ва нозирони андозанд, ки онҳо, бешак, аз доираи эҳтиёҷмандони ҷамоат берунанд. Ба назар мерасад, ки паси ин ҳама  дарҳаму барҳамиҳо ришвахорӣ ва суиистифода аз мансаб ниҳон аст. Тавре шоҳид шудем, дар мавзеъҳои номбурда тақсимоти қитъаҳои замин бештар на аз рӯи эҳтиёҷот, балки  барои тиҷорат сурат мегирад. Суоли матраҳ ин аст, ки кай ин вазъ бартараф мешаваду адолат барқарор?
Нурулло ҲАСАНОВ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.06.2019    №: 116    Мутолиа карданд: 279

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад

«Лолаи тиллоӣ» синамогарони тоҷикро ба ҳам овард

Дар Британия намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” ифтитоҳ ёфт

Россия ва Беларус қисме аз ваколатҳоро ба ҳукумати ягона медиҳанд

Олимон суду зиёни қаҳванӯширо ном бурданд

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медали биринҷии Сорбон дар Қазоқистон

02.12.2019


Дар Бишкек кишварҳои аъзои СААД 15 санад ба имзо расонданд

Эрдуғон кишварҳои арабро ба ёрии Албания даъват намуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед