logo

ҳуқуқ

СОЗИШНОМАИ СУЛҲ - НОМАИ ТАҚДИРИ МИЛЛАТ

Агар ба дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ назар андозем, пайдост, ки Тоҷикистони азиз аз файзи қудуми ваҳдати миллӣ ва шоҳкориҳои бесобиқаи Сарвари давлат дар давоми 22 соли ахир ба муваффақиятҳои назаррас даст ёфт, ки чархи зиндагии мардумро ба гунаи мусбат тағйир дод. Зеро, қатъи назар аз он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 ба касби Истиқлолияти давлатӣ мушарраф шуд, роҳи тараққиёти кишвар танҳо баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ муайяну мушаххас гардид.

Баъд аз даргириҳои панҷсолаи мусаллаҳона ва хатми ҷанги шаҳрвандӣ дар мамлакат имкон фароҳам омад, ки барои рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ барномаҳои вижаи давлатӣ рӯи даст гирифта шаванд. Аз ҷумла, дар баробари дигар бахшҳои муҳими ҷомеа, бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Роҳбарияти Олии кишвар дар мақомоти судӣ низ марҳилаи нав ва таҳаввулоти тоза ба миён омад. Чунончи, ҳанӯз соли 2007 ба манзури таҳкими фаъолияти мақомоти судӣ ва адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин барнома - «Барномаи ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид. Таҳия ва татбиқи барномаи мавриди назар дар ду марҳилаи баъдӣ низ идома ёфта, дар асоси дастури Пешвои муаззами миллат, ки зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ иттифоқ афтод, давраи ҷадиди он оғоз шудааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки то кунун барномаи ислоҳот натиҷаҳои мусбатеро ба бор оварда, ба рушди мақомоти судӣ ва таҳкими фаъолияти судяҳо такони нав бахшидааст. Дар пайи татбиқи босамари барнома қонунгузорӣ мукаммалтар шуда, кодексу қонунҳои амалкунанда ба Конститутсияи  мамлакат мутобиқ гардонда шуданд. Аз ҷумла, кодексҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мурофиавии ҷиноятӣ ва мурофиавии гражданӣ дар таҳияи нав пешниҳоду мавриди амал қарор гирифтанд. Ваколатҳои ба ҳабс ва ҳабси хонагӣ гирифтан, кофтукови манзил, ҳабси молу мулк, муваққатан аз вазифа дур кардан ба салоҳияти судяҳо вогузор шуд, ки дар низоми ҳуқуқии аксари кишварҳои ҷаҳон чунин тартиб мавҷуд аст.
Албатта, расидан ба ҳадафу барномаҳои наҷиб дар фазои орому осуда имконпазир аст, ки хушбахтона, мо тоҷикон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти маҳбуби кишвар чунин неъматро дорем. Аз ин ҷо метавон хулоса кард, ки дигаргуниҳо дар мақомоти судии кишвар, ки самти афзалиятноки он риояи адолати судиву иҷтимоист, ба сулҳи пойдору ваҳдати миллӣ бастагӣ дорад. Пас, мо кормандони мақомоти судиро зарур аст, ки дар баробари таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, адолати судӣ ва ризоияти ҷомеа, дар ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ ва арзишҳои олии Истиқлолияти давлатии хеш масъул бошем.
Ғ. ДАМОНЗОДА, корманди Суди Олии иқтисодӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.06.2019    №: 117    Мутолиа карданд: 157

22.07.2019


МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН. Қонуншиканиҳо ҳанӯз зиёданд

ТАҲСИЛОТИ САЛОҲИЯТНОК ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ЗАМИН. Камбуди оби полизӣ мушкили ҳалталаб боқӣ мемонад

Гилерми: «Тоҷикон соҳиби кишвари афсонавианд»

Швейтсария дар Тоҷикистон бонк мекушояд

Ҷаҳон дар як сатр

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед