logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ВАЙОЛЕТТ ҚАҲРАМОНИ ФОҶИАҲОИ БАҲРӢ
Бонуи аргентинӣ Вайолетт Ҷессоп ҳанӯз аз хурдсолӣ волидонашро аз даст додаву дар пешорӯи тақдир ночор монд. Ӯ азм кард, ки пешаи модараш – роҳбаладиро идома диҳаду ва бо ин мақсад ба ширкати бонуфузи «Уайт Стар Лайн» ба кор даромад.
Соли 1911 бо яке аз калонтарин киштиҳои баҳрӣ - «Олимпик» ба сафар баромад. Аснои сафар он ба киштии бритонии «Хок» бархӯрд ва 14 нафар ҷони худро бохт. Бахт ба рӯи Вайолетт хандиду ҷон ба саломат бурд.
Баъд аз як сол киштии афсонавии «Титаник», ки «духтараки баҳрӣ» дар он ба мусофирон хизмат мерасонд, ба фоҷиа гирифтор шуд. Нафарони зиёде ба коми уқёнус рафтанд,  аммо ин бор низ, Вайолетт амон ёфт.
Ин хатарҳо натавонистанд ӯро аз сафарҳои минбаъда боз доранд. Соли 1916 бо киштии «Британик» озими баҳр гашт. Ғайриинтизор ин киштӣ ҳам ба мина бархӯрда таркид. Лекин Вайолеттро боди шурта ба соҳили мурод расонд. Ва боз 40 - соли дигар адои касб намуд. Аз ин рӯ, қаҳрамони фоҷиаҳои баҳриаш мехонанд.
Таҳияи М. ҚОДИРОВА

ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад.

Ҷамъоварии қулфинай
Дилшод ва Дилафрӯз қулфинай ҷамъ меоварданд.  Сабади Дилшод 5 килограмм ва сабади Дилафрӯз 4 кило ғунҷоиш дошт. Дилшод меваро нисбат ба Дилафрӯз тезтар мечид. Бинобар ин, вақте Дилафрӯз ним сабад мева чид, онҳо сабадҳояшонро иваз карданд. Баъди гузашти чанд вақт онҳо сабадҳоро дар як он пур карданд. То ивазкунии сабадҳо Дилшод чӣ қадар мева чида буд?
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА

Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон:
238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05,
bzm_701@mail.ru



САРБАНДҲОИ БАЛАНДТАРИНИ ҶАҲОН
РОҒУН
(ТОҶИКИСТОН)
Неругоҳи барқи обии «Роғун» баробари ба итмом расидани сохтмонаш бо баландии 335 метр дар рӯйхати баландтарин сарбандҳои олам дар мақоми аввал қарор хоҳад гирифт. Сохтмони неругоҳи мазкур соли 1976 оғоз гардида, ҳоло идома дорад.
Он дорои 6  агрегат буда, 16 ноябри соли 2018 нахуст чархааш бо иқтидори 120 мВт ба кор дароварда шуд. Неругоҳ дар болои дарёи Вахш ва дар дили кӯҳҳо ҷойгир буда, бо деворҳои мустаҳками худ як шаҳраки алоҳидаро мемонад.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
Боре, Софокл бо таассуф мегӯяд, ки барои эҷоди 3 шеър  се рӯзи ҳаёташро аз даст додааст.
- 3 рӯз?! - каме бо тамасхур эътироз мекунад шоири ҷавону ҳавобаланде. - Ман дар ин муддат сад шеър менависам.
- Бале,- ҷавоб медиҳад Софокл,- шумо 100 шеър менависед, вале онҳо аз 3 рӯз зиёд умр намебинанд.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзоди ҚУРБОНАЛӢ


МАВЗЕЪҲОИ ҶОЛИБИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН
САФЕДДАРА
Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафеддара» ба як мавзеи воқеан ҳам, дилфиреби истироҳатию фароғатӣ ва тамрингоҳи намудҳои гуногуни варзиши зимистона табдил ёфт. Он ягона мавзеи сайёҳии лижаронӣ дар мамлакат буда,  дар километри 57 - уми шаҳри Душанбе, дар баландии 2400 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Иншоот, инфрасохтор, хизматрасонӣ ва шароити муносиби он ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ мебошанд. Дар он барои баргузории мусобиқаҳои зимистона ва истироҳату фароғати меҳмонону сокинони мамлакат тамоми шароит муҳайёст. Аз ин рӯ, соли гузашта 9260 нафар сайёҳи дохилӣ аз он дидан намуд. 
Дар  маҷмаа мутахассисони ботаҷрибаи соҳаи варзиши зимистона, мураббиёну роҳбаладон ва ҳайати хуб баҳри фароғати сайёҳону меҳмонон хизмат мерасонанд. Бояд гуфт, ки иқлими мусоиду мавқеи ҷуғрофии маҷмааи мазкур имкон медиҳад, ки варзиши лижаронӣ то охири моҳи май идома ёбад.
Таҳияи Лола РИЗОӢ


КОРБЮЗЙЕ ВА ХОНАИ БЕКУНҶ
Вақте  меъмори номӣ Ле Корбюзйе лоиҳаи хонаи баландошёнаи гирд ва ҳуҷраҳои даврашаклро пешниҳод мекунад, аз ӯ мепурсанд, ки чаро хонаҳо кунҷ надоранд?
- Аз хурдӣ хонаҳои чоркунҷаро дӯст намедорам, зеро ҳар боре, ки дар девор хат мекашидам, волидонам маро дар кунҷи хона рост мемонданд,- мегӯяд меъмор.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалимаи ҚУРБОНАЛӢ


ЛИНА БУЛЛАХ
ЛОЛАЕ, КИ БА ОЛМОН РАФТ
Ҳунарпешаи тоҷик Лола Тайғуншоева, офарандаи нақши Нисо дар филми «Субҳи нахустини ҷавонӣ» ҳангоми воқеаҳои нобасомони солҳои навадум аввал ба шаҳри Москва (1992) ва, сипас, баҳори соли 1993, ҳамроҳи ҳамсар ва фарзандонаш ба Олмон ҳиҷрат намуд.
Алҳол Лола бо ҳамсараш – сарояндаи сурудҳои тоҷикӣ Олег Фезов ва фарзандонаш дар Замини шваби Олмон сукунат доранд. Лоларо имрӯз бо насаби Лина Буллах (Lina Bullach) мешиносанд. Маълум гардид, ки модари ӯ олмонитабор будааст.
Лола Тайғуншоева дар ду филм нақши асосӣ офаридааст. Инҳо нақши Заррина дар филми бадеии телевизионии «Хобҳои апрелӣ» («Апрельские сны», таҳиягар Валерий Аҳадов, 1980) ва Нисо аз филми бадеии «Субҳи нахустини ҷавонӣ» («Юности первое утро», таҳиягар Давлат Худоназаров, 1979) мебошанд.
Таҳияи Умар АЛӢ


АФРОДИ КАМБИЗОАТЕ, КИ САРВАТМАНД ШУДААНД
10. Ралф Лорен моделйери амрикоӣ, филантроп ва соҳибкор.
Дороӣ: 6,8 миллиард доллари ИМА.
Лорен мактабро дар Брокси Ню-Йорк хатм намуд. Баъдан, ӯ ба хотири хизмати ҳарбӣ таҳсил дар коллеҷро қатъ кард. Замони фурӯшанда – ассистенти «Brooks Brothters» будан, Лорен тасмим гирифт то худро дар корҳои аз ин ҳам бузургтар ва бо манфиаттар бисанҷад. Аз ин рӯ, ӯ фурӯши галстукҳои  васеъ ва калонро ба роҳ монд ва муваффақ ҳам шуд. Орзуяш  соли 1967 амалӣ гардид, ки дар он сол ба маблағи 500 ҳазор доллар галстук фурӯхт. Баъд аз як сол вай ширкати «Марку polo» - ро таъсис дод.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ


САГ ҶОНИ СЕ КАСРО НАҶОТ ДОД, АММО...
Дар иёлати Техаси ИМА саги зоти лабрадори бо лақаби Зеро (Zero) дар зодрӯзи соҳибаш Лора Мартинес қаҳрамонӣ нишон дод. Дар авҷи маросими хурсандӣ ҷинояткоре ворид шуда, мехост ба сӯи соҳибҷашн ва оилаи ӯ тир кушояд. Вале саг чолокона ба ӯ дарафтода, нишони гирифтаашро чап андохт. Маҳз ҳамин сабаб шуд, ки Мартинес ва ду фарзанди ӯ захми сабук бардошта, ҷон ба саломат бурданд. Вале бахти худи Зеро омад накард. Ӯ аз ҷароҳати вазнини бардоштааш дертар фавтид.
«Хавиан аввал ба Зеро тир парронд, зеро саг ба ӯ дарафтода буд. Ӯ се маротибаи дигар тир кушод. Як тир ба Валери расид. Саги ярадор боз ба Хавиан дарафтод, ӯ ба тарафаш бори дигар оташ кушод.  Яке аз тирҳо ба пои ман расид. Агар Зеро ба қотил зиддият нишон намедод, ӯ моро аниқ нобуд менамуд», - мегӯяд Мартинес.
Таҳияи Абдусаломи АБДУСАЛИМ, донишҷӯ


АСКАРИ 107 - СОЛА
Василий Кочетков, аскари рустабор, 107 сол умр дида,  ҳамчун солортарин сарбоз дар олам эътироф гардид. Василий 60 сол дар хизмати аскарӣ қарор дошт.
Василий Николаевич соли 1785 дар деҳаи Спасскоеи губернияи Сибир, дар оилаи низомӣ ба дунё омадааст. Мувофиқи қонуни он замон, фарзандони аскарон аз рӯзи таваллуд дар рӯйхати ниҳодҳои ҳарбӣ ба ҳайси аскари оянда шомил мешуданд. Василий моҳи марти соли 1811 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дохил гардида, дар ҷанги соли 1812 ва дар муҳорибаҳо бар зидди Туркия (1828-1829) иштирок намудааст.
Пас аз 25 сол  Василий хизмати аскариро бояд ба охир мерасонд, вале ӯ онро идома дод. Ҳамин тариқ, пас аз 40 - солагӣ ба истеъфо рафта, 3 сол баъд боз ба нуқтаи гарми ҷанг, ба Севастопол, раҳсипор шуд. Шурӯъ аз 78 - умин баҳори умри хеш то 90 - солагӣ дар сафи бригадаи савораи артиллерии Туркистон меҷангид. Албатта, давоми хизмат чандин маротиба захмҳои вазнин бардошт, вале то охирин нафас ба Ватан содиқ монд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


МАРИЯ ВА "РАФИҚАИ ҶАНГӢ"-И Ӯ
Моҳи августи соли 1941, пас аз он ки ҳамсари Мария Октябрская дар фронт ба ҳалокат мерасад, ӯ ба комиссариати ҳарбӣ муроҷиат мекунад, ки вайро ҳам ба ҷанг фиристанд. Вале, бо сабаби он ки бемории сили муҳраи гарданро аз сар гузаронда буд, хоҳишашро  рад мекунанд. Ноилоҷ ӯ роҳи дигарро пеш мегирад.
Он солҳо мардум барои сохтани аслиҳа маблағ ҷамъ мекарданд. Мария бо хоҳараш тамоми дороияшонро фурӯхта, 50 000 сӯми бадастовардаашонро барои сохтани танки Т – 34 месупоранд.
Пас аз ин, ӯ ба номи Иосиф Сталин телеграмма фиристода, хоҳиш мекунад, ки ба танк «Рафиқаи ҷангӣ» ном гузошта, ӯро ба ҳайси танкист ба фронт фиристанд. Сталин хоҳишашро мепазирад ва Марияро баъди хатми омӯзишгоҳи танкии Омск, моҳи октябри соли 1943 ба ҷанг мефиристанд.
Корнамоиҳои Мария ва ҳайати танкии ӯ дар майдони набард ҳамаро ба ҳайрат овард. Тайи се моҳ ба ҳайат муяссар мегардад, ки теъдоди зиёди афсарону аскарон ва силоҳҳои вазнини фашистонро нобуд созад.
Моҳи январи соли 1944 дар яке аз набардҳои шадид дар назди  Витебск Мария ҷароҳати вазнин бардошта, бар асари он моҳи март вафот мекунад. Барои ҷасорату далерӣ Мария Октябрская бо ордени Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дараҷаи якум, сазовор гашта, пас аз марг бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ қадр мешавад. 
Таҳияи Наргис АТОЕВА


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
МИЛЛИОНЕРБОНУИ ХАСИС
Гиффорд Стенлии хюстонӣ дар Техас (ИМА) бо бону Хилда ақди никоҳ баст, вале ним сол нагузашта ногоҳ завҷааш иқрор шуд, ки ӯро дӯст  намедорад, бадбахт асту мехоҳад ҳар чи зудтар ҷудо шавад. Ҳарчанд шавҳар аз ин ҳолат мушавваш шуд, аммо мардонавор аз ҳисси эҳтиром ба эҳсосоти завҷааш ба созишномаи талоқ имзо гузошт. Хилда зуд колояшро ҷамъ карду аз хона ғайб зад. Баъдтар маълум шуд, ки ба лотереяи Хилда миллион доллар бурд баромадааст ва ин зани хасис нахостааст, ки онро бо шавҳараш ба ҳам бубинад. Ӯ ба гирифтани бурд танҳо баъди аз шавҳараш ҷудо шудан омад. Дар идораи лотерея дар ҳайрат буданд, ки чаро шахси хуштолеъ чор моҳ боз барои пул намеояд. Вақте ки Гиффорд сабаби аслии талоқро фаҳмид, ба ин зани мумсик нафраташ омад ва ба суд ариза навишт, ки Хилда ҳангоми завҷаи ӯ буданаш бурд кардааст ва, аз ин рӯ, вай ба нисфи маблағ ҳақ дорад. Суд ба манфиати мард ҳукм баровард. Хилда ҳам аз шавҳар ва ҳам аз ним миллион доллар маҳрум гашт.
Қурбон МАДАЛИЕВ,  тарҷума аз русӣ


ОРОИШ. ЧАНД ФАКТИ ҶОЛИБ
Аз рӯи манфиат индустрияи зебоӣ дар ҷаҳони тиҷорат яке аз ҷойҳои аввалро ишғол менамояд. Аз ҷумла, тоҷирон ҳамасола аз воситаҳои нигоҳубини пӯст – 24 миллиард, макияж – 18 миллиард, воситаҳои ороиши мӯй – 38 миллиард ва парфюмерия – 15 миллиард доллар ба даст меоранд. Он тадриҷан, ташаккул ёфта, ба системаи муназзам табдил ёфтааст.
Эжен Шуллер соли 1907 ширкати «French Harmiess Hair Dye Company» - ро таъсис дод, ки барои мӯй ранг тайёр мекард. Минбаъд ин ширкат бо номи «L’Oreal» машҳур гашт. Аввалин патент барои ранги нохун бошад, дар соли 1919 ба қайд гирифта шуд. Он намои гулобӣ дошт.
Аввалин лабсурхкунакҳо дар лӯлачаҳои силиндршакли тобхӯранда соли 1923 пайдо шуданд. Ороиши рӯйро бошад, мисриҳо оғоз намуданд. Баъд аз онҳо римиҳо ва юнониҳо онро инкишоф дода, дар тамоми ҷаҳон маъмул шуд.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА


САБАБИ КАМБАҒАЛӢ
Фақире аз ҳаким пурсид:
- Барои чӣ ман камбағалам?
Ҳаким посух дод:
- Чунки ту саховату олиҳимматӣ надорӣ.
Камбағал дарҳол аз дил гузаронд, ки барои саховатманд будан одам бояд хеле сарватманд бошад ва гуфт:
- Чӣ гуна метавонам олиҳиммат бошам, ки ягон чизи ба дигарон бахшиданӣ надорам?
- Ту панҷ сарвате дорӣ, ки бо ёрии онҳо метавонӣ эҳсонкор бошӣ, аммо аз онҳо истифода намекунӣ. Тавассути чеҳраи худ метавонӣ ба дигарон табассум ато намоӣ, бо чашмони худ ба одамон назари саршор аз меҳру муҳаббат афканӣ, бо лафзи худ сухани нарму латиф ва меҳрбор бигӯӣ, бо худ хушбахтӣ орзу намоӣ ва бо тану равони худ дар ҳаққи дигарон амали хайр анҷом бидиҳӣ.
Таҳияи Б. КАРИМ


ГАРОНМУЗДТАРИН ВАРЗИШГАРОНИ ДУНЁ
ОНҲО КИҲОЯНД?
Нашрияи машҳури амрикоӣ - «Форбс» маълумотномаи гаронмуздтарин варзишгарони ҷаҳонро ба табъ расонд. Зинаи аввалро ҳамлавари дастаи «Барселона» Леонел Месси ишғол намуд, ки даромади ӯ дар як сол 127 миллион доллари ИМА аст. Дар мавқеъҳои дуюм ва сеюм форварди «Ювентус» Криштиану Роналду ($ 109 млн.) ва ҳамлагари  «ПСЖ» Неймар ($ 105 млн.) қарор гирифтанд.
7 – гонаи дигари раддабандии варзишгарон чунин аст:
Саул Алварес (Мексика, бокс) – $ 94 млн.;
Роҷер Федерер (Швейтсария, теннис) – $ 93,4 млн.;
Рассел Уилсон (ИМА, футболи амрикоӣ) – $ 89,5 млн.;
Аарон Роҷерс (ИМА, футболи амрикоӣ) – $ 89,3 млн.;
Леброн Ҷеймс (ИМА, баскетбол) – $ 89 млн.;
Стефен Карри (ИМА, баскетбол) – $ 79,8 млн.;
Кевин Дюрант (ИМА, баскетбол) – $ 65,4 млн.
Таҳияи Маҳмуд БАҲРОМ


5D ДИСКҲО
МАЪЛУМОТРО АБАДӢ НИГОҲ МЕДОРАНД
Муҳаққиқон дискҳои 5D - ро ихтироъ кардаанд, ки онҳо имкони миллиардҳо сол нигоҳ доштани маълумотро доранд. Чунин дискҳо метавонанд то 360 терабайт иттилоотро дар худ ҷой дода, ба гармӣ ва сардии то  1000 дараҷа тоб оранд.
Дар чунин дискҳо файлҳоро аз се қабати нанонуқтаҳо таҳия менамоянд.
Гурӯҳи олимон аз Саутгемптон, ки таҳиягарони асосии лоиҳаи мазкур мебошанд, дар 5D диски нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар, оптикаи Нютон, Магна Карта – яке аз асноди муҳими конститутсионии Британияи Кабир ва «Инҷил» - ро сабт намуданд. Дар назар аст, ки пас аз чанд сол чунин диск на ҳамчун маҳсули тахайюли олимон ва ашёи таҷрибавӣ, балки меъёри асосии нигоҳ доштани маълумот мегардад.
Таҳияи Саҳобиддин СУЛТОНЗОДА  


ТАҶРИБАИ ТӮЛОНИИ ИЛМӢ
Дар таърихи илм таҷрибаи аз ҳама тӯлониро олими австралиягӣ Томас Парнелли гузарондааст. Таҷрибааш баъди марг низ идома ёфт. Ӯ соли 1927 эълон кард, ки қатрони сахт низ дар таркибаш моеъ дорад. Барои ин як пора аз қатрони мутлақо сахту хушкро дар қиф (воронка) гузошта, дар зер зарфи шишагӣ монд.
Баъди 11 сол як қатра моеъ аз қатрон чакид. Баъди 9 сол қатраи дувум низ. Аммо қатраи дувумро худи Томас надид, зеро ҳамон сол (1947) ҷон ба ҷонофарин супурд.
Баъди сари ӯ шогирдонаш таҷрибаро идома доданд ва воқеан ҳам, 7 қатраи дигар аз таркиби қатрони мазкур ҷудо шуд.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


ДАРЁҲОИ ДАРОЗТАРИНИ ОЛАМ
Янсизи
Янсизи бо дарозии 5800 километр дарозтарин ва серобтарин дарёи АвруОсиё ба шумор меравад. Ҳавзаи дарё дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷойгир аст.
Дар як қисмати он боғи миллии “Се дарёи параллелӣ” ҷой дорад, ки ба мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардидааст. Ҳамчунин, дар Янсизи намудҳои нодири моҳиҳо ва ҳайвонҳо, аз қабили тимсоҳ ва делфинҳои чинӣ ба сар мебаранд. Дарё аҳамияти стратегӣ дошта, 2850 километраш киштигард мебошад. Маънои калимаи Янсизи “дарёи дароз” аст.
Таҳияи Комрон САФАР


ТАРАБХОНАҲОИ ҒАЙРИОДӢ
АКНУН ДАР БОРАИ ...
ПЕШХИЗМАТҲОИ ҒАЙРИОДӢ
Тарабхонаи «Таверн Каябукия» дар Ҷопон хеле машҳур аст. Дар ин тарабхона маймунҳо: Фуку-чан ва Ят-чан дар хизмати меҳмононанд. Аслан, ба кор гирифтани маймунҳо аз гӯшаи хаёли сарвари тарабхона Каору Осука ҳам намегузашт. Вале боре ғайричашмдошт Ят – чан, ки бо соҳибаш ба тарабхона омада буд, ба мизоҷе хизмат расонду писандаш афтод. Бо ҳамин соҳиби кор шуд. Онҳо миёни меҳмонони тарабхона, махсусан сарвари он, маҳбубияти хос доранд. Каору Осука ба онҳо муҳаббати беандоза дошта, ҳамчун аъзои оилааш муносибат мекунад.
Маймунҳо аз рӯи қонун рӯзе 2 саот кор мекунанд. Маҳз дар ин муддат мизоҷони бештар ба тарабхона меоянд.  
Таҳияи Зулола БОБОРАҶАБОВА


ФУТБОЛБОЗОНЕ, КИ МУФЛИС ГАРДИДААНД
Роналдинйо
(Роналду ди Асис Морейра)
Воқеан, ин  бовар нокарданист, вале бештари васоити ахбори оммаи испанӣ ва бразилӣ роҷеъ ба мушкилоти молии яке аз муъҷизакорҳои маъруфи футболи дунё борҳо навиштаанд. Охири соли 2018 якчанд нашрияи бразилӣ иттилоъ доданд, ки дар суратҳисоби собиқ бозигари бошгоҳҳои «Барселона» (Испания), «Милан» (Италия) ва мунтахаби Бразилия ҳамагӣ шаш евро мондаасту халос. Ҳамаи нобарориҳо аз соли 2015, замоне ки бозигар дар мамнӯъгоҳи маҳаллӣ фермаи моҳипарвариро сохт ва пас аз он 180 ҳазор евро ҷарима шуд, шурӯъ гардид. Роналдинйо аз пардохти ҷарима ва барҳам додани ширкаташ даст кашид. Ҷанҷоли тарафҳо то ба суд ва он бар зарари футболбоз ба анҷом расид.
Бо назардошти ҳамаи  ҳисобҳои пардохтнашуда суд маблағи ҷаримаи Роналдинеоро се миллион евро муқаррар кард.
Ғайр аз ин, «Барселона» ҳамкориашро бо футболбоз қатъ кард, зеро Роналдинйо аз президенти нави Бразилия, ки бо назари ростгароии худ, маъруф буд, ҷонибдорӣ намуд. Намояндаҳои бозигар иттилоъ доданд, ки ӯ ба хотири надоштани маблағи пулӣ қарзро пардохт карда наметавонад. Алҳол тарафҳо оид ба реструктуризатсияи қарз гуфтушунидро ба роҳ мондаанд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.06.2019    №: 123 - 124    Мутолиа карданд: 216

22.07.2019


МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН. Қонуншиканиҳо ҳанӯз зиёданд

ТАҲСИЛОТИ САЛОҲИЯТНОК ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ЗАМИН. Камбуди оби полизӣ мушкили ҳалталаб боқӣ мемонад

Гилерми: «Тоҷикон соҳиби кишвари афсонавианд»

Швейтсария дар Тоҷикистон бонк мекушояд

Ҷаҳон дар як сатр

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед