logo

иқтисод

САНОАТ. СОҲАЕ, КИ БА МУТАХАССИСОНИ ВОҚЕӢ НИЁЗ ДОРАД

Дар саноатикунонии иқтисодиёт мавҷудияти чанд омили асосӣ, пеш аз ҳама, қонеъ гардондани талаботи бозори дохилӣ бо маҳсулоти озуқа, таъмини корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хом, об, энергия ва қувваи корӣ ҳатмист. Кишвари мо тамоми ин имкониятҳоро дорад. Дар баробари ин, омили дигаре ҳаст, ки бе мавҷудияти он низ босамар фаъолият намудани корхонаҳо номумкин аст. Ин ба камол расондани мутахассисони касбии соҳавӣ аз ҳисоби бошандагони ноҳияву шаҳрҳои кишвар мебошад, зеро танҳо мутахассиси касбӣ метавонад лоиҳаи рушди корхонаро тартиб диҳад, технологияи самараноки истеҳсоли маҳсулотро интихоб ва фаъолияти пурмаҳсулро ба роҳ монад, фаъолияти ҳаррӯзаи корхонаро идора кунад ва истеҳсоли маҳсулоти босифату бозоргирро таъмин намояд.
Таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки саноатикунонии иқтисодиёт бе ҷалби мутахассисони таҷрибадори баландпоя ғайриимкон аст.
Зеро мутахассиси касбӣ амаликунандаи  васоили равнақи саноат аст. Агар ӯ роҳбари корхона таъйин шавад, мутахассисони дигари касбиро барои роҳбарии  сохторҳои корхона ҷалб намуда, идораи  корхонаи саноатиро бо дарёфти васоити афзалиятноки фаъолият барои таъмини эҳтиёҷоти иқтисодиёти ҷумҳурӣ, роҳу усулҳои дурусти маблағгузорӣ ва ташкили истеҳсолотро мувофиқ ба талаботи ҳозиразамон ба роҳ мемонад.
Омода кардани мутахассисони касбӣ омилест, ки асосан се зинаро   фаро мегирад. Он аз такмили таълим дар мактабҳои ибтидоӣ ва миёна оғоз меёбад. Мо бояд бо истифодаи тамоми воситаҳо ва имкониятҳо равнақи таълимоти маълумоти умумӣ, инчунин, барномаҳои касбомӯзии мактаббачагонро дар тамоми мактабҳои ҷумҳурӣ таъмин намоем. Бе таҳкурсии мактаби миёна, ки ба насли ҷавон дониши бунёдӣ медиҳад, дар зинаҳои болоии системаи маориф донишманд намудани таълимгирандагон мушкил аст. 
 Зинаи дуюми тайёркунии мутахассисон таълим дар донишкадаву донишгоҳҳост. Ҳоло дар мамлакат барои тайёр намудани мутахассисони касбии соҳаҳои гуногуни саноат донишгоҳу донишкадаҳои зиёд фаъолият мекунанд. Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишкадаи саноати кӯҳӣ, Донишкадаи энергетикии шаҳри Левакант, се филиали донишгоҳҳои бонуфузи Россия ва факултаҳои алоҳида дар донишгоҳҳои миллӣ ва аграрӣ мутахассисони соҳаҳои гуногуни саноатро  омода месозанд.
Иқтидори макотиби олӣ дар тарбияи мутахассисон назар ба талабот зиёд аст, вале алҳол сифати таълим ва сатҳи донишу малакаи хатмкардагони  макотиби олӣ барои самаранок идора кардани техникаву технологияҳои саноатии ҳозиразамон кифоя нестанд. Аз ин лиҳоз, сифати  тайёркунии мутахассисони касбӣ дар донишкадаву донишгоҳҳои мамлакат роҳандозии тадбирҳои  бунёдиро тақозо дорад. Равнақи саноат бояд аз таъмини пойгоҳи моддӣ- техникии донишкадаву донишгоҳҳо дар намуди озмоишгоҳҳои дорои тамоми таҷҳизоти ҳозиразамон, маводи таълимӣ, васоили компютерӣ ва намоишӣ оғоз ёбад ва ин амал сол ба сол дар равиши тараққиёти илму техникаи соҳаи ихтисосӣ ташаккул ёбад.
Дар ташкили пойгоҳи моддиву техникии донишгоҳҳо дар баробари саҳми буҷети мамлакат корхонаҳои истеҳсолии мавҷуда низ бояд саҳм гиранд. Тайёр кардани мутахассис барномаи мушаххаси мақсаднок аст, яъне мутахассисон бояд барои ташкилоту корхонаҳо омода карда шаванд, на барои ба даст овардани диплом. Барномаи мақсаднок имкон медиҳад, ки  мутахассиси дар донишгоҳ таълимгирифта дар истеҳсолот мавқеъ ёбаду донишу малакаи гирифтаашро барои равнақи иқтисодиёт истифода барад.
 Тайёр намудани мутахассисон бо пули корхонаҳо таҷрибаи босамару озмудашудаи ҷаҳонист. Дар мамлакатҳои пешрафта барномаҳои махсуси дастгирии ҷавонони болаёқат дар  касбомӯзӣ яке аз роҳҳои асосии омодасозии  мутахассисони касбианд. Аз ин барномаҳо ҳатто баъзе ҷавонони тоҷик низ истифода мебаранд, лекин, гумони ағлаб, онҳо баъди хатми донишгоҳу донишкадаҳои хориҷа дар он ҷойҳо монда, барои равнақи иқтисодиёти мамлакатҳои дигар хизмат мекунанд. Бинобар ин, корхонаҳои саноатӣ ё вазорату ташкилотҳои марбута набояд фақат бо умеди аз ҳисоби буҷети давлатӣ тайёр кардани мутахассисон бошанд, балки барои таъмини талаботи истеҳсолоти худ бо мутахассисон дар тайёркунии онҳо саҳмгузорӣ намоянд.
Зинаи сеюми омодасозии мутахассисони  баландпоя бозомӯзии доимии мутахассисон,  шиносоии  онҳо  бо навигариҳои илмӣ - техникӣ дар семинарҳо, курсҳои такмили ихтисос, таҷрибагузарӣ дар корхонаҳои истеҳсолӣ ва дигар амалҳое, мебошад, ки бояд корхона барои кормандонаш муҳайё намояд.
Фаъолияти ҳар корхона аз тавонмандии касбии мутахассисон сахт вобаста аст. Азбаски равнақи илму техникаву технологияи саноатӣ хеле суръатнок аст, пас дониши кормандон низ бояд мунтазам  такмил ёбад. 
Зумрат ҒАЙБУЛЛОЕВА,
устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи
академик М. С. Осимӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.07.2019    №: 125    Мутолиа карданд: 197

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад

«Лолаи тиллоӣ» синамогарони тоҷикро ба ҳам овард

Дар Британия намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” ифтитоҳ ёфт

Россия ва Беларус қисме аз ваколатҳоро ба ҳукумати ягона медиҳанд

Олимон суду зиёни қаҳванӯширо ном бурданд

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медали биринҷии Сорбон дар Қазоқистон

02.12.2019


Дар Бишкек кишварҳои аъзои СААД 15 санад ба имзо расонданд

Эрдуғон кишварҳои арабро ба ёрии Албания даъват намуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед