logo

иқтисод

ФОИЗҲОИ БАЛАНДИ БОНКӢ. ҲАҚИҚАТАН, ВАЗЪ ҚОНЕЪКУНАНДА НЕСТ

Вокуниш ба матлаби танқидии рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз 07. 02. 2019, № 29 (23632) таҳти унвони «Қарз. Нигаронӣ аз фоизҳои баланд».

Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2009, таҳти № 622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» ва иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2019, № 26/10 – 40 дар хусуси таҳияи вокуниш ба матлабҳои танқидӣ дар соли 2018 ба мақолаи дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» чопшуда чунин посух пешниҳод менамояд:
Идома ёфтани буҳрони геосиёсӣ – иқтисодӣ ва ноустувор гардидани вазъи молиявӣ дар ҷаҳон, бахусус дар кишварҳои шарикони асосии тиҷоратии ҷумҳурӣ, ба соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёти ҷумҳурӣ, аз ҷумла ба низоми бонкӣ низ, таъсири манфӣ расонд, ки айни замон ин боиси коста шудани имкониятҳои қарзбаргардонии муштариён, афзоиши сатҳи қарзҳои барнагаштаи бонкҳо ва нисбатан кам шудани ҳаҷми пешниҳоди қарзҳо гардид.
Дар ин ҳол аз як тараф имконияти пешниҳоди қарзҳо аз ҷониби низоми бонкӣ ба иқтисодиёт коҳиш ёфта, аз тарафи дигар бошад, барои паст кардани фоизҳои қарз мушкилиҳои зиёд пеш омаданд.
Ба ин нигоҳ накарда, Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади зиёд намудани эътимоди мардум ба низоми бонкӣ ба ташкилотҳои қарзӣ мактуб фиристода, онҳоро водор намуд, ки аз рӯи имкониятҳои мавҷуда, ки барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва афзун намудани ҳаҷми қарзҳо ба муштариёни боэътимод, аз ҷумла додани қарзҳои хурди дорои фоизи паст ба соҳибкорон, мусоидат намоянд.
Инчунин, барои аз байн бурдани монеаҳои сунъӣ, аз қабили дархости ҳуҷҷатҳои зиёдатие, ки ҷамъоварии онҳо барои муштариён вақти зиёдро талаб менамояд ва сода кардани тартиби додани қарз, бо назардошти ба инобат гирифтани хавфҳои бонкӣ, тавсияҳои судманд дода шуданд. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини рушди соҳибкорӣ бо роҳи  паст кардани меъёри фоизи қарзҳо дар Бонки миллӣ гурӯҳи корӣ оид ба муайян кардани арзиши аслии қарз таъсис гардид ва дар ин самт таҳлилҳои амиқ гузаронда шуда, дар бобати паст кардани фоизи қарзҳо ба ташкилотҳои қарзӣ дастурҳои мушаххас, аз қабили кам кардани хароҷоти ғайрисамаранок, идоракунии дурусти маблағҳои озод, ҷалби сармоя, сода кардани тартиби додани қарз ва таҷдиди стратегияи қарздиҳӣ дода шуданд.
Мавриди зикр аст, ки меъёри миёнавазни фоизи қарзҳо бо асъори хориҷӣ дар охири моҳи апрели соли равон 15,6 фоизро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2018 ба миқдори 1,8 банди фоизӣ паст мебошад. Меъёри миёнавазни фоизи қарзҳо бо пули миллӣ дар охири моҳи апрели соли равон 25,5 фоизро ташкил намуд, яъне нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 (28,8 фоиз) 3,3 банди фоизӣ кам шудааст. Вале ҳолати мазкур ҳоло ҳам қонеъкунанда нест. Бонки миллии Тоҷикистон дар самти мазкур якҷо бо ташкилотҳои қарзӣ барои ноил гардидан ба мақсади гузошташуда корҳои заруриро идома медиҳад.
Ҷ. НУРМАҲМАДЗОДА, раиси Бонки миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.07.2019    №: 126    Мутолиа карданд: 452
22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед