logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

22, 9 МИЛЛИАРД ДАРОМАДИ ШВЕЙТСАРИЯ АЗ СОАТ
Соли 1541, вақте ки Людовики XIV дар Аврупо истифодаи ҳама гуна фулузоти қиматбаҳоро барои ороиш манъ кард, дар шаҳри Женева иттиҳодияи  устоҳо ба сохтани соатҳои дастӣ шурӯъ намуд. Соат бо мурури  замон ҷои зару зеварро иваз кард. Дар натиҷа, соатҳои швейтсарӣ бо намои зебо ва сифати хуб машҳур гашта, то ҳозир нуфузи худро дар бозори ҷаҳонӣ нигоҳ медоранд.
Соли 1953 дар Швейтсария нахустин соати квартсии худкор сохта шуд, ки бо тамғаи «Longines» дар ҷаҳон машҳур гашт.
Соли 1989 бошад, соате бо номи «Calibre 89» ба фурӯш бароварда шуд, ки устоҳо барои сохтани он нуҳ сол ранҷ кашиданд. Он аз 1700 қисмҳои мухталиф  иборат буд.
Аз ҳама соати қиматтарини швейтсарӣ «The 5 Million»  мебошад, ки барои сохтани он 1300 алмос истифода шудааст. Нархи ин соат панҷ миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Номаш ҳам аз арзишаш гирифта шудааст.
Швейтсария 95 дарсади соатҳои истеҳсолнамудаи худро ба хориҷа мебарорад. Даромади солонаи ин кишвар аз саноати соатсозӣ 22,9 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Таҳияи Лутфия ҚОДИРОВА


ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад.

Чӣ қадар замин фурӯхта шуду чӣ қадар боқӣ монд?
Соҳибкоре як гектар замини обчакорӣ дошт. Бо сабаби мавҷудияти мушкилҳои зиёд дар коркарди замин хост, ки онро фурӯшад. Бо ин мақсад 0,005 км2 заминашро ба як шахс, 40 сотихашро ба нафари дигар ва 1000 м2 - ро ба одами севум фурӯхт. Муайян кунед, ки соҳибкор аз ин миқдор замин чӣ қадарашро фурӯхт ва чӣ қадарашро барои худ боқӣ гузошт?
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА

Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru

 

“КОХИ НАВРӮЗ”
ЯКЕ АЗ 8 МУЪҶИЗАҲОИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ
“Кохи Наврӯз”, ки шукӯҳу фарри пойтахти Тоҷикистон ба шумор меравад, ҳамчун яке аз 8 муъҷизаи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) пазируфта шуд.
21 июни соли 2019 дар пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин - шаҳри Пекин ба муносибати Рӯзи таъсисёбии СҲШ лоиҳаи иқтидорҳои сайёҳии кишварҳои аъзои созмон таҳти унвони “8 муъҷизаи СҲШ”, ки дар ҳамкорӣ бо давлатҳои аъзо роҳандозӣ гардида буд, аз ҷониби котиботи СҲШ муаррифӣ шуд.
Дар ин чорабинии сатҳи баланд “Кохи Наврӯз” ба сифати муъҷизаи муосир муаррифӣ гардид. Маҷмааи мазкур бо усули меъмории миллӣ сохта шуда, дар ҷаҳон бемисл аст. Он аз 5 ошёна иборат буда, 40 ҳазор метри муррабаъ масоҳат дорад. Ҳамчунин, толорҳои хурду калон, айвончаҳои тобистона ва фаввораҳои ранга ба бино зебоии дигар  мебахшанд. 12 толори қаср бо ҳунарҳои гачкорӣ, мозаика аз шишаҳои ранга, сақфҳои рангин, кандакорӣ дар чӯб, сангтарошӣ ва оинабандӣ оро дода шудаанд.
Таҳияи Лола РИЗОӢ


ҶЕК ЛОНДОН
АЗ ФУРӮШИ РӮЗНОМА ТО ЭҶОДИ АСАРҲОИ БУЗУРГ
Ҷек Лондон аз зумраи нависандагонест, ки маҳсули эҷодаш ӯро на танҳо шуҳратманд сохт, балки сарвати ҳангуфт ҳам барояш овард.
Замони кӯдакию наврасӣ зиндагии пурталоше дошт. Барои пайдо кардани қути лоямут рӯзнома мефурӯхту маллоҳӣ менамуд, дар заводу фабрикаҳо кор мекард. Вале, бо ин ҳам, зиндагиаш беҳ нагашт. Азм кард таҳсилро дар донишгоҳи Калифорния идома диҳад. Вазъи иҷтимоиаш ба ин ҳам имкон надод ва донишгоҳро тарк намуд.
Ниҳоят тасмим гирифт, ки ба эҷод машғул шавад. Аз паси мизи корӣ тақрибан намехест. Ҳамин тавр, китоби нахустинаш бо номи «Бачаи гург» (соли 1900) аз чоп баромад. Оҳиста – оҳиста миёни хонандагон маҳбуб гашт. Кор ба ҷое расид, ки нашрияҳо барои чопи асарҳояш навбат мепоиданд.
Таҳияи М. ҚОДИРОВА


АДАМ СМИТ
Иқтисоддон ва файласуфи машҳур, поягузори иқтисоди сиёсӣ Адам Смит зодаи Шотландия аст. Ӯ пас аз хатми чандин донишгоҳу донишкадаҳо таълиму тарбияро пеша кард. Нахуст лексияҳояш аз адабиёти англис буду баъдтар ба пажӯҳиши иқтисод машғул шуд.
Аҷиб, ки дар як муддати кӯтоҳ бо навиштани асарҳои «Назарияи эҳсосоти ахлоқӣ» (1759) ва «Пажӯҳишҳо оид ба хусусият ва омилҳои боигарии халқҳо» (1776) машҳури олам шуд. Олимони соҳаи иқтисод кашфиёти ӯро ба ихтирои Нютон баробар медонанд.
Ӯ бештари дороияшро ба корҳои хайру савоб сарф мекард. Олимону файласуфонро ба хонааш даъват намуда, маҳфилу суҳбатҳои омӯзанда мегузаронд. Соли 1790, вақте ки аз ҷаҳон гузашт, аз худ танҳо китобхонаи бузург боқӣ монд.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


ГУЛОНСИА
ТАРҲИ НАВ
Яке аз ҷойҳои ғайриодӣ ва фавқулодаи Хитой ин кӯҳсори Гулонсиа мебошад. Майдони машҳури тамошобоби он бо тарҳи замонавӣ ва аз  шишаи холис бунёд ёфтааст. Он дар байни ҷарии хатарнок ва дар баландии 202 метр ҷойгир аст. Тамошои он гӯё касро ба олами дигар мебарад. Аз баландӣ на танҳо кӯҳу гулу дарахтон намоёнанд, балки шамол гардҳои шаршараро ба рӯю мӯи кас мезанад.
 Майдони шишагӣ барои расидани шамол бо сӯрохиҳо фосилагузорӣ шудааст. Сайёҳони ба ин ҷо омада, бо ҳавас ва завқи зиёд сӯи майдон мераванду дар нимароҳ аз тарсу ҳаяҷон ба доду фарёд задан медароянд, баъзеяшон ҳатто ба гиря меоянд, то онҳоро баргардонанд.
  Бюрои маҳаллӣ барои рушди мавзеъ лоиҳаи наверо роҳандозӣ карда истодааст. Бо ин мақсад 27,7 миллион фунт - стерлинг сарф кардан мехоҳанд.
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА


ҚИССАИ ҲАРФҲО
Инсон пеш аз он ки ҳарфҳоро барои ифода кардани афкору ақоид ва ҳодисаҳо истеъмол намояд, аз суратҳо истифода мебурд. Масалан, сурати ғизол макони сайдро ифода мекард. Ин гуна суратҳо як навъи навишт ба ҳисоб мерафт.
Бобулиёни қадим, мисриҳо ва хитоиҳо илова ба кашидани сурати ҳар гуна предметҳо рамзи ҳаракатҳоро истифода мебурданд. Чунончӣ, сурати қадам рамзи рафтан буд. Аммо ин тарзи навишт тафсирро талаб менамуд. Мардум ин гуна тарзи навиштро ба тариқи гуногун тафсир мекард. Ин марҳаларо марҳалаи навишти овозҳо меномиданд.
Андаке пас, мисриён ҳарфҳоро истифода бурданд, ки аз 24 рамз иборат буд. Ҳар яке аз ин рамзҳо ҳарфе ё калимаеро ифода мекард. Лекин ин ихтироъ ба муваффақият ноил нашуд. Хишти аввал дар ин самт 3500 сол муқаддам дар Шарқи Миёна гузошта шуд. Ин пайдоиши ҳуруфи абҷадӣ буд. Ҳар як ҳарф як овозро ифода мекард. Ин ҳуруфро финикиён ва баъдтар юнониҳо қабул намуда, баъзе тағйирот ва изофаҳо дароварданд. Ҳуруфи лотинӣ ҳам натиҷаи он буд, ки вай модари забонҳои тамоми Аврупо гардид.
Таҳияи М. МИРЗО

 

МАРК ТВЕН ВА "ЧАРО..."
Боре, Марк Твен маҷмӯаи шеърҳоеро бо унвони «Чаро ман зиндаам», ки болои мизаш мехобид, таҳрир карда, ниҳоят асабонӣ шуд, зеро ашъори шоири гумном хеле суст ва, ҳатто, бебанду қофия буданд.
Вақти дастнависҳоро ба соҳибаш баргардондан, Твен ба ҷои хулоса чунин навишт:
- Медонед барои чӣ зиндаед? Барои он ки шеърҳоятонро бо почта равон карда, шахсан, назди ман наомадед. Вагарна, номи маҷмӯаатон «Чаро ман мурдам» мешуд.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалимаи ҚУРБОНАЛӢ


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
Аз миллиардери маъруф Рокфеллер пурсиданд:
- Барои сарватманд шудан чӣ бояд кард?
- Пеш аз ҳама, он фикреро, ки гӯё камбағалӣ айб нест, аз сар бояд дур андохт, - бо қатъият маслиҳат медиҳад Рокфеллер.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзоди ҚУРБОНАЛӢ


РЕКОРДҲОИ БОВАРНОКАРДАНӢ
Вим Хоф рекордсмени ҷаҳонӣ дар чандин категорияҳои бо сардӣ алоқаманд мебошад. Ӯ ду соатро дар даруни оби сард гузаронда, баъдан ба қуллаи Эверест баромадааст.
Хоф ҳангоми ба даруни оби сард даромадан сатҳи ҳормонҳои зидди стрессашро назорат намуда, ҷараёни зидди илтиҳобиро дар ҷисмаш вусъат бахшида метавонад. Ин амали Хофро каси дигар такрор карда наметавонад, зеро барои одами муқаррарӣ ду соат дар даруни оби яхбаста хобидан баробар ба худкушист.
Таҳияи Матлуба ШАРИФОВА


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
МОҶАРО ДАР БАЛАНДИИ 5000 МЕТР
Ба ҳангоми парвоз дар баландии 5000 метр 30 мусофири тайёраи фарсудаи Бангладешро воҳимаи азим пахш намуд. Онҳо сахт тарсиданд, ки ана ҳамин замон ба замин афтода ҷон ба Ҷаббор таслим мекунанд. Тайёра дар меҳвари худ чархзанон босуръат поён мефуромад ва ба назар чунин мерасид, ки ҳоло ба замин бармехӯрад. Сабабашро, албатта, мусофирон намедонистанд. Дар ҳамин лаҳзаҳои барои ҳаёти мусофирон хатарнок ду сарнишин бо ҳам даст ба гиребон шуда буд, онҳо «лаҷоми асп» - ро аз даст раҳо намуда, баҳс мекарданд, ки стюардесса басо духтари покдоман асту ба ин ҷойи шубҳае нест.  Ба сари ҳамдигар мушт мезаданду парвои тайёра надоштанд. Танҳо замоне стюардесса ба миёни онҳо даромада гуфт, ки баъди ба замин фуромадан, яке аз онҳоро ба шавҳарӣ интихоб менамояд, хархаша анҷом ёфту тайёра парвозашро ба низом даровард. Аммо ҳодисаи дигаре ба вуқӯъ пайваст. Зане дар қатори охирин аз тарс пеш аз муҳлат «чашм равшан кард». Ёрии аввалинро стюардесса расонд.
Қурбон МАДАЛИЕВ,  тарҷума аз русӣ


ТАЪСИРИ НАВИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ ОШКОР ШУД
Олимони Донишгоҳи Ратгери ИМА муайян намуданд, ки тағйироти иқлим боиси баландшавии ҳарорати ҳаво гардида, дар уқёнуси ҷаҳонӣ ба камшавии миқдори моҳӣ оварда мерасонад.  Дар навбати худ, ин ҳолат, ба норасоии хӯроки баҳрӣ бетаъсир нахоҳад монд.
Пажӯҳишгарон зимни омӯзиш дар 38 минтақаи экологӣ оид ба таъсири гармӣ ба 124 намуди ҳайвоноти баҳрӣ таҳқиқот гузаронданд. Олимон маълумоти бадастомадаро хулоса карда, талафоти моҳиро дар натиҷаи гармшавии иқлим муайян сохтанд.
Аз рӯи ҳисоби мутахассисон, аз соли 1930 то 2010 сатҳи гармӣ дар уқёнусҳо 4,1 дарсад боло рафта, ба коҳиши теъдоди якчанд намуди моҳӣ оварда расондааст. Аз ҷумла, камшавии шумори моҳиҳо дар  Чини шарқӣ ва Баҳри шимолӣ 15 – 35 дарсадро ташкил дод. Акнун соҳилҳои нимҷазираи Пиреней, мавҷҳои Куросио дар уқёнуси Ором ва соҳили Биской ҳам каммоҳитарин мавзеъҳо маҳсуб меёбанд.
Таҳияи Ташрифулло САЪДУЛЛО


ФУТБОЛБОЗОНЕ, КИ МУФЛИС ГАРДИДААНД
5. Эммануэл Эбуэ (Кот-д'Ивуар)
Дар синни 22 – солагӣ Эммануэл бо даъвати махсуси сармураббии «Арсенал» (Лондон) Арсен Венгер ба ин даста мегузарад ва шаш мавсим дар чемпионати Англия ҳунарнамоӣ карда, дар финали Лигаи қаҳрамонҳо ширкат меварзад. Пас аз он, ба бошгоҳи туркии «Галатасарай» гузашт. Оғози фаъолияташ дар ин даста хуб буд ва «Галатасарай» замони бозигарии Эммануэл ду бор унвони қаҳрамонии чемпионати кишварро соҳиб гардида, барандаи Ҷому Суперҷоми мамлакат шуд. Баъдан, хислаташ бо мураббии навбатӣ созгор наомад ва яке аз бозигарони эҳтиётӣ гардид. Пас аз анҷоми қарордод ӯ Туркияро тарк  намуд ва қариб як сол бе даста монд. Билохира, бо «Сандерленд» (Англия) шартнома ба имзо расонд, вале зуд мушкилоти дигар пайгираш шуданд. Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) ба иллати қарздор будан аз агенти собиқаш ӯро аз идомаи бозиҳо маҳрум ва маҷбур кард як миллион евро пардохт намояд. Ҳамзамон, «Сандерленд» бо Эбуэ шартномаро қатъ кард.
Эммануэли Кот-д'Ивуар рӯҳафтода шуд ва чанд ҳафта аз хонааш набаромад. Зарбаи дигарро ба ӯ завҷааш: ӯ ҳамаи дороиро соҳибӣ карда, аз Эбуэ ҷудо шуд.  
Таҳияи
Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


АФРОДИ КАМБИЗОАТЕ, КИ САРВАТМАНД ШУДААНД
11. Сарватманди пӯлодин
Лакшми Миттал
Дороӣ: 12,3 миллиард доллари ИМА
Лакшми Миттал соли 1950 дар хонаводаи камбағал дар иёлати Раҷастани Ҳиндустон ба дунё омадааст. Тӯли ду даҳсолаи фаъолияти кориаш дар соҳаи пӯлодрезӣ, роҳбарии калонтарин ширкати пӯлодрезӣ дар ҷаҳонро  ба уҳда гирифтааст.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ


ШАРТНОМАИ МЕҲНАТӢ БО МАЙМУН
Охири асри XIX сайёҳон дар истгоҳи роҳи оҳани Кейптауни (Африқои Ҷанубӣ) ҳолати аҷиберо мушоҳида намуданд. Он ҷо маймуни калоне бо номи  Ҷек  чун ёрдамчии навбатдор кор мекард. Онро масъули қатора Ҷеймс Эдвин Уайд оварда буд.
Боре Ҷеймс дар ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш  аз ҳар ду пояш маҳрум мегардад, аммо  рӯҳафтода нашуда, барои худ аз чӯб пойҳои сунъӣ (протез) ва аробачаи махсус месозад.
Рӯзе ҳангоми сайру гашт дар бозор маймунеро мебинад, ки аробачаи хурди пур аз маводро мекашонад. Кори маймун ба Ҷеймс писанд омад. Ӯ ҳамон лаҳза онро харид. Аҷибаш он аст, ки Ҷеймс бо Ҷек шартномаи ҳамкорӣ ҳам баст. Дар асоси шартнома  Ҷек ба ҳайси ёрдамчӣ фаъолиятро оғоз намуд.
Дар натиҷаи санҷиш  маълум шуд, ки Ҷек кори худро бе камбудӣ анҷом медиҳад. Ҳатто то омадани қатора ҷиддӣ омодагӣ мегирад. Сипас, Ҷекро ба сифати сигналдиҳанда ба кор қабул намуда, Ҷеймсро ба вазифаи болотар гузаронданд. Илова бар ин, Ҷек ба корҳои ободонии истгоҳ машғул шуда, фаррошӣ ҳам мекард.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ДАРЁҲОИ ДАРОЗТАРИНИ ОЛАМ
Миссисипи
Миссисипи калонтарин ва дарозтарин дарёи Амрикои Шимолӣ буда, ҳавзаи он 3,7 миллион километри мураббаъро ташкил медиҳад. Он дар минтақа баъди Амазонка ва Конго ҷойи сеюмро ишғол мекунад. Маънои калимаи миссисипи ҳам “дарёи калон” аст. Шохоби асосиаш Миссури мебошад, ки дарозии он 6275 километр аст.
Бояд зикр намуд, ки аз давраҳои қадим дар соҳилҳои он ҳиндуҳои Амрико зиндагӣ мекарданд. Бо гузашти солҳо, дар соҳилҳои Миссисипи шаҳрҳои бузург сохта шуда, боркашонӣ ба воситаи дарё рушд кард. Дарё барои ИМА аҳамияти бузурги стратегӣ дошта, дар он 42 обанбор сохта шудааст, ки оби 12 - тои он барои истеҳсоли қувваи барқ истифода мешавад.
Таҳияи Комрон САФАР


НАМАКИ ОШ
ДИГАР ЗАҲРИ САФЕД НЕСТ
130 ҳазор одам аз 49 кишвари ҷаҳон, бо фишори муътадил ва ҳам баланди хун, мавриди омӯзиш қарор гирифт. Олимон аз сатҳи истеъмоли  намак вобастагии фавт, сактаи дил ва майнаи сарро тадқиқ намуданд. 
Муайян гардид, ки маҳз сатҳи пасти истеъмоли намак нисбат ба истеъмоли муътадили он  бештар хавфнок аст. Даъват ба парҳез аз ғизои сернамакро олимон ҳатто барои одамони фишорашон баланд зарарнок ҳам меҳисобанд.
- Хӯроки камнамак фишорро поён мефарорад, вале дар баробари ин, таркиби силсилаи ҳормонҳоро дар организм афзун месозад, ки хеле  бад аст, - иброз доштааст профессор Андре Менте аз Донишгоҳи Макмастер.
Олимон кам кардани истеъмоли намакро ба фишорбаландон тавсия намедиҳанд. Хӯроки камнамак хатари гирифторӣ ба бемориҳои дилу рагҳоро бештар мекунад, мегӯянд онҳо.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН


УИЛЯМ ҶЕЙМС СИДИС
ҶАВОНИ ДАРАҶАИ IQ- АШ БАРОБАР БА 300
Уилям Ҷеймс Сидис одами аз ҳама қобилиятноки асри XX эътироф шудааст. Дараҷаи IQ - и ӯро 300 муайян кардаанд, ки ин нишондиҳандаи баландтарин аст.
Сидис соли 1898 дар шаҳри Ню-Йорк ба дунё омадааст. Волидонаш – Борис Сидис ва Сара Манделбаум, ки яке доктори илмҳои фалсафа ва дигаре духтур буданд, хостанд Уилямро дар хона, бо истифода аз методҳои худашон омӯзиш диҳанд. Кӯдак дар 18 - моҳагӣ  навишта метавонисту маводи рӯзномаи “The New York Times”  - ро мехонд.
Дар 8 - солагӣ соҳиби 2 китоб буду 8 забони хориҷиро медонист.
Баъдан ба донишгоҳи Ҳарвард ҳуҷҷат супурд ва хурдсолтарин донишҷӯ дар таърих гашт. Баъди 1 сол донишаш дар самти математикаи олӣ  ба  ҳадде  расид, ки ӯро барои лексияхонӣ ба клуби математикаи донишгоҳ даъват карданд. Баъдан дар вазифаи муҳосиби одӣ кор карда, зиёда аз 40 забони дунёро омӯхт. Мақолаҳои илмиаш пайваста нашр мешуданд. Дар 46 - солагӣ аз сактаи мағзи сар даргузашт.
Таҳияи Мафтуна НУРИДДИН


КӢ ГУФТ, КИ АЗ 7-УМ ОШЁНА АФТОДӢ, ЗИНДА НАМЕМОНӢ?
Нисфи шаб хонаи Михаил оташ гирифт. Аз ин ҳодиса замоне огоҳ шуданд, ки хона пурра оташ гирифта буд. Ӯ зуд ҳамсари худро бедор кард, то ҷон ба саломат баранд. Ҳамсараш давида берун баромад. Михаил писарашро мекофт, ки аз тарс дар куҷое паноҳ бурда буд. Вақте писарашро ёфт, шуълаи оташ дари хонаро пахш кард. Михаил илоҷи дигаре надошт ва ба тарафи тиреза давид.
Фарзандашро ба кӯрпа печонда, оғӯш кард ва аз ошёнаи 7-ум худро ба поён партофт. Ба бахти онҳо дар поён алафзори баланд доман густурда буд.
Кӯдак камтар осеб диду падарро устухонҳои кос ва дасти росташ шикастанд. Аммо баъди як моҳ саломатиаш беҳтар шуду шаш моҳ пас ба роҳгардӣ сар кард.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.07.2019    №: 128    Мутолиа карданд: 135

22.07.2019


МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН. Қонуншиканиҳо ҳанӯз зиёданд

ТАҲСИЛОТИ САЛОҲИЯТНОК ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ЗАМИН. Камбуди оби полизӣ мушкили ҳалталаб боқӣ мемонад

Гилерми: «Тоҷикон соҳиби кишвари афсонавианд»

Швейтсария дар Тоҷикистон бонк мекушояд

Ҷаҳон дар як сатр

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед