menu Бахшҳо
menu Президенти ҶТ
menu Ҳуҷҷатҳо
menu Ҷаласаҳо
menu "Ҷумҳурият"
 

ҳуқуқ

Мухаддирот – хатаре бузург ва фазоянда

Ҳарфҳое ба оғоз

Ҳамеша мегуфтам, ки шояд аз ман марди низомӣ наояд. Ҳоло ҳам ба ҳамин андешаам. Ба гузашти умр менигарам ва мебинам, ки даҳ соли охири он маҳз сарфи кори низомӣ шудааст. Қатори дигарон дар саф будаам, қадам задаам ва пой кӯфтаам, ба эълони омодагӣ аз иҷрои амри роҳбар даст ба пешонӣ бурдаам ва муҳимтар аз ҳама савганд ёд кардаам, ки матни он сар то по садоқат ба меҳан аст.
Ман акнун як афсаре ҳастам, ки бояд қатори садҳо марди низомии дигар дар муқобили маҷрои як хатари бузург ва фазоянда қарор бигирам. Хатаре, ки онро Президенти кишвар бар зарари генофонди миллӣ медонад ва аз ҳамагон даъват дорад, ки бо он мубориза баранд.

Даҳ соле ки граммҳоро тонна кард

Бо ҳамин андешаи даҳ соли умри сипаригашта ба саҳфаҳои мубориза бо мухаддирот дар кишвар нигаристам. Ва дидам, ки он грамму килоҳо зарфи ин муддат бештар аз 64 тоннаро ташкил додааст. Ҳудудан 29 тоннаи он героин-навъи аз ҳама хатарзо ва фоҷеабори маводи мухаддир аст. Ҳамеша хушам меояд аз ин таҳлили соҳибмақоми Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки граммҳоро дар шакли меъёри истеъмол мехоҳад баён кунад. Ва мегӯяд, шояд ин 29 тонна зарфи 10 сол дар назар андак намояд. Вале он миллионҳо нафарро дар сар то сари сайёра аз хатари нобудӣ раҳо кардааст. Ин миқдор героин ба таъбири коршиносон, ки сарвари идораи назорати маводи мухаддири кишвар нақли қавл мекунад, 144 миллиону 632 ҳазор меъёри истеъмол мешавад. Шояд боз ҳам азамати ин хатар дарк нашуд? Пас ба  идомаи ин таҳлил таваҷҷӯҳ фармоед: тибқи таҳқиқи илман собитшудаи табибон вобастагӣ аз истеъмоли героин баъди 3-4 бори  истифода аз он ба вуҷуд меояд. Агар чунин аст, пас мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон тавонистанд 9,2 миллион нафарро аз хатари гирифторӣ ба нашъамандӣ наҷот диҳанд.
Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун як сохтори махсусгардонидашуда даҳсолагии таъсиси худро пушти сар гузошт. Ёд дорам, ки дар аввалин рӯзҳои соли нави  масеҳӣ кормандони агентӣ муваффақ ба мусодираи 2 кило героин шуда буданд. Ва зарфи 10 соли фаъолияти фаврӣ ин 2 кило ба 4 тоннаву 134 кило расидааст. Кам аст? Пас ба ин ҳудудан 3 тоннаву 416 кило афюн ва 3 тоннаву 318 кило мухаддирот аз гурӯҳи каннабисро илова намоем, ки рақам ба 9 тоннаву 868 кило баробар мешавад. Вале боз ҳам агар жарфтар ба умқи фаъолияти ин ниҳод фурӯ равем, мебинем, ки мухаддироти дар дохилу хориҷ муштаракан бо дигар сохторҳои ватаниву хориҷӣ мусодирашуда, ба беш аз 21 тонна мерасад. Ин фаъолияти даҳсолаи танҳо як ниҳоди қудратист. Ва даҳҳо саҳифа бояд рангин шавад, то кори ниҳодҳои дигар  дар ин замина таҳлил гардад.

Тоҷикистон мухаддирот тавлид намекунад

Тоҷикистон дар ҳеҷ замоне тавлидкунандаи маводи мухаддир набудаасту нест. Ҳар сол дар кишвар амалиёти ҷумҳуриявии «Кӯкнор» гузаронда мешавад ва аз сол ба соли дигар мо шоҳиди онем, ки ҳатто майдонҳои растаниҳои худрӯи нашъаовар коҳиш меёбанд. Масалан, дар амалиёти порсолаи «Кӯкнор» мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар 14,6 гектар замин растаниҳои худрӯи нашъадорро кашф ва нобуд сохтаанд. Соли 2008 заминҳои гиёҳҳои худрӯи ошкоршуда 29,4 гектар буд, ки дар қиёс ба соли 2007 7,2% камтар мебошад. Муқоисаи омори солҳои қаблӣ собит мекунад, ки дар Тоҷикистон на танҳо кишти ғайриқонунии кӯкнор, балки майдони рушди гиёҳҳои худрӯи нашъаовар низ амалан то ҳадди ниҳоӣ коҳиш ёфтааст.

Афғонистон: кишт коҳиш меёбад, тавлид низ. Интиқол чӣ?

«Мафия фанонопазир аст,  зеро мирандагон ҳамаи моем».

                                                                                                     Аркадий ДАВИДОВИЧ

Баъди дар қаламрави Афғонистон оғоз гардидани амалиёти зиддитеррористӣ ва сарнагун шудани низоми Толибон, дар моҳи октябри соли 2001  ин кишвар бори дигар дар истеҳсоли маводи нашъаовар, бахусус героин ҷойи аввалро ишғол намуд. Ҳатто ба ҳадде, ки афзоиши бошиддати истеҳсол боиси муфлисшавии истеҳсолкунандагони маводи нашъаовари гурӯҳи афюн дар кишварҳои ба истилоҳ «Секунҷаи тиллоӣ» (Мянма, Тайланд ва Лаос) гардид ва аз соли 2003 ба инҷониб Афғонистон дар арсаи ҷаҳонӣ ба монополисти истеҳсоли героин мубаддал шуд. Тибқи арзёбии мутахассисон героини тавлиди Афғонистон аз охири соли 2001 шӯҳрати ҷаҳонӣ касб кард ва ин кишвар дар тавлиди афюн давлатҳои «Секунҷаи тиллоӣ»-ро пеш гузашт.  Коршиносон инро сирф як бурди иқтисодӣ медонанд. Масалан, аввали садаи 21 ҳар кило диатсетилморфин (асоси героин) дар бозорҳои Бангкок - бузургтарин маркази тиҷорати маводи мухаддири минтақа 10 ҳазор доллар арзиш дошт. Ин дар ҳолест, ки ҳамин миқдор диатсетилморфинро дар Чатрол (Афғонистон) ба 650 доллар харидан мумкин буд. Маҳз фаровонӣ ва арзонии афюни афғонӣ мӯҷиби касодии бозори тиҷорати мухаддирот дар кишварҳои «Секунҷаи тиллоӣ» шуда буд.
Ин буд, ки соли 2006 дар ин кишвар ҳосили рекордии кӯкнор - 6100 тоннаи метрӣ ҷамъоварӣ гардид, ки назар ба соли 2005- ум 49 % зиёдтар буд. Мутобиқи хулосаи коршиносон, ҳосили ҷамъоваришудаи кӯкнор қариб се маротиба аз истеъмоли солонаи он дар тамоми дунё беш аст ва героини аз он истеҳсолшуда 92 % -и муомилоти ҷаҳониро (6629 тоннаи метрӣ) ташкил медод.
Аммо зарфи ду соли охир Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Афғонистон коҳиши кишти кӯкнорро мушоҳида мекунад. Чунончӣ, агар соли 2006 кишти хашхош 33% афзуда бошад, пас соли 2008 он дар қиёс ба соли 2007  19% коҳиш ёфт ва 79 фоизи ҳаҷми ҷаҳонии онро ташкил дод. Бино ба иттилои манбаи ёдшуда соли 2008 теъдоди вилоятҳое, ки аслан даст ба кишти кӯкнор назаданд, ба 18 расид. Вале 19% коҳиш ёфтани кишт ҳамагӣ боиси 6% кам шудани тавлиди мухаддирот гардид.
Вале оморҳои ҳамин сарчашма ҳикоят аз болоравии ҳосилнокии заминҳои кишти кӯкнор мекунанд. Масалан, соли 2007 деҳқони афғон аз ҳар гектар кишти хашхош 42,5 кило, соли 2008  48,8 ва соли 2009  бошад 56 кило афюн ба даст овардааст.
Соли сипарӣ кишти кӯкнор дар вилоятҳои Ҳилманд, Қандаҳор, Урузгон, Фароҳ ва Нимрӯз, ки дар қисмати ҷануб ва ғарби Афғонистон ҷойгир шудаанд, 98% (154,826 гектар) ҳаҷми умумии майдонҳои кишти кӯкнор дар ин мамлакатро ташкил дод.
Аммо  то ба имрӯз коҳиши кишт ва тавлиди мухаддирот ба ҳаҷми мусодираи маводи нашъаовар дар Тоҷикистон таъсири мусбат нарасонд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар соли 2007 бештар аз 5 тонна, соли 2008 зиёда аз 6 тонна ва дар нӯҳ моҳи соли 2009 ҳудудан 4 тонна навъҳои гуногуни маводи мухаддир мусодира намудаанд. Коршиносони агентӣ бар ин назаранд, ки иттилои коҳиши тавлиди мухаддирот дар Афғонистон басо баъид аст, ки таъсири чашмгире дар интиқоли қочоқии он гузорад. Зеро гурӯҳҳои ҷиноӣ намехоҳанд бозорҳои гарми Русия ва дигар мамолики Аврупоро, ки муштариёни аслии героини афғонӣ он ҷо сукунат доранд, аз даст диҳанд. Директори Хадамоти Федеролии назорати муомилоти маводи мухаддири Русия генерал Виктор Иванов ахиран изҳор дошт, ки «Маводи мухаддири ба Русия воридмешуда асосан тавлиди Афғонистон аст ва он сабабгори марги тақрибан 30 ҳазор сокини ин кишвар дар як сол мешавад».

Аз роҳҳои Тоҷикистон чӣ миқдор мухаддирот интиқол дода мешавад?
Гуфтем, ки Тоҷикистон кишвари тавлидкунандаи мухаддирот нест. Балки роҳҳои печ дар печ ва кӯҳии он аз ҷониби гурӯҳҳои ҷиноӣ барои интиқоли мухаддироти истеҳсоли Афғонистон истифода мешаванд. Ва ҳадаф Тоҷикистон низ нест. Зеро арзиши героин ин ҷо хеле поинтар аз Русия аст. Пас гурӯҳҳо мехоҳанд бо истифода аз масири Тоҷикистон бори марговари худро ба шаҳрҳои мухталифи Русия интиқол диҳанд. Мувофиқи маълумоти расмии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, ки болотар иқтибосоте аз оморҳои он овардем, аз ҳаҷми умумии маводи нашъаовари дар Афғонистон истеҳсолшаванда танҳо то 15 фоизи он аз тариқи ба истилоҳ «Хати Шимол», ки аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон убур мекунад,  ба кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Украина ва Озарбойҷон интиқол дода мешавад.
Ахиран мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Озарбойҷон аз мусодираи миқдори бағоят калони  героини афғонӣ хабар доданд, ки аз тариқи Эрон ворид шудааст. Ба воситаи марзи ин кишвар бо роҳҳои обӣ ба давлатҳои Аврупо мухаддирот интиқол дода мешавад. Дар ин миён Доғистон низ ба як минтақае табдил шудааст, ки роҳҳояшро  барои интиқоли маводи мухаддир истифода мебаранд. Президенти ин кишвар Муху Алиев зимни суханронӣ дар як ҷаласаи комиссияи зидди маводи нашъаовари Доғистон бо изҳори нигаронӣ гуфт, ки: «Сарҳади мо аз тариқи баҳр, роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилӣ ба хати интиқоли маводи мухаддир ба мамолики хориҷ табдил ёфтааст. Бо вуҷуди кӯшишҳои зиёд ташкили кори  пурсамари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба мо  муяссар намегардад».

Рӯ ба каннабис ва пушт ба героин?

Тайи чанд соли охир дар Тоҷикистон мусодираи каннабис рӯ ба афзоиш овардааст. Масалан, соли 2008 мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, аз муомилоти ғайриқонунӣ ҳудудан 2 тоннаву 691 кило каннабис мусодира карда буданд, ки назар ба як соли қабл 1 тоннаву 517 кило зиёд аст. Ва мусодираи он дар тамоми манотиқи кишвар ба ғайр аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ афзоиш ёфт. Сабаби инро коршиносони СММ дар афзоиши бесобиқаи кишти бангдона дар Афғонистон медонанд. Тибқи омори расмӣ соли 2005 дар Афғонистон 30 ҳазор, соли 2006-50 ҳазор ва соли 2007-70 ҳазор гектар бангдона кишт шуд. Кишти ин зироати нашъаоварро ҳатто дар вилояти Бадахшон ба қайд гирифтанд. Яке аз омилҳои афзоиши кишти бангдона шояд он бошад, ки нигоҳубинаш назар ба кӯкнор заҳмати бештар талаб намекунад. Гузашта аз ин вилоятҳои шимолӣ ба камбуди прекурсорҳо мувоҷеҳанд. Аммо бангдонаро метавон бидуни мушкилоти иловагӣ ҷамъоварӣ намуд.

Ифшои ҷиноятҳо

Дар Тоҷикистон коҳиши теъдоди ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир ба қайд гирифта шуд. Соли 2008 дар қиёс ба як соли қабл шумораи боздоштшудагон 4,6 фоиз кам гардидааст. Вилояти Суғд бо 258 ва шаҳри Душанбе бо 247 нафар пешгоми боздошти ашхос бо ҷиноятҳои мухаддиротӣ мебошанд.
Тибқи арзёбии Маркази таҳлилии агентӣ ҳар ҷинояти чаҳорум аз тарафи ашхоси қаблан ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидашуда ва ҳар ҷинояти даҳум дар таркиби гурӯҳ бо маслиҳати пешакӣ содир карда мешавад. Дар шумори боздоштшудагон барои ҷиноёти мухаддиротӣ ашхоси бекор ва бозмонда аз таҳсил 92,2% мебошад. Боиси нигаронист, ки 27,5% боздоштшудагон ҷавонони  18-30-сола  ва 7,3% онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд. 83% занони ба ин ҷурм боздоштшуда низ то 49- солаанд ва мухаддироти аз онҳо забтшуда назар ба як соли қабл 2,8% афзудааст. 
Соли 2008 судҳои ҷумҳурӣ 870 нафарро ба ҷурми даст доштан дар ҷиноятҳои вобаста ба мухаддирот ба мӯҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум кардаанд, ки ин дар қиёс ба соли 2007 5,1% зиёд мебошад. Метавон ба як нуктаи дигар низ ишора кард: ҳамчуноне аз таҳлили омори судӣ бармеояд, 51,4 фоизи маҳкумшудагон ба ҷурми ҷиноятҳои мухаддиротӣ боз ҳам бекорон ва афроди бозмонда аз таҳсил мебошанд. Занҳо дар ин омор 5,4 фоизро ташкил додаанд.
Нигаронии дигар дар боздошти шахсоне мебошад, ки қаблан бо ҷурмҳои гуногун зиндонӣ шудаанд. Маркази таҳлилии агентӣ шумораи ин афродро 20,1% аз миёни ҳамаи дастгиршудагон ба ҷурми ширкат дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир эълон кардааст. Ҷазо ба ҷинояти қаблӣ ва шароити сангини маҳбас ҳам панд нашудааст, ки боз пой ба саҳнаи ҷиноят гузоштаанд. 
Соли 2008 ҳамчунин теъдоди афроде ҳам, ки бо ташхиси «нашъамандӣ» барои содир кардани ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир аз озодӣ маҳрум гардидаанд,  аз 10,9 фоизи соли 2007 то 17,4% афзуд, ки ин низ метавонад нигаронкунанда бошад. 
 
Тоҷикон дар Русия зиёд боздошт мешаванд?

«Ҳар касе мехоҳад дар як рӯз сарватманд шавад, зарфи як сол овехта мешавад».

                                                                                                                                     Леонардо да ВИНЧИ

Дар охирин сӯҳбати телевизионие, ки директори Хадамоти Федеролии назорати муомилоти маводи мухаддири Русия генерал Виктор Иванов дошт, ба ин мавзӯъ маҷмӯан дахл кард ва хулоса он  буд, ки, албатта, дар байни даҳҳо ҳазор муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ касоне ҳам ҳастанд, ки даст ба ҷурму ҷиноят мезананд. Ва табиист, ки яке аз ҷиноятҳои умда ширкат дар интиқоли  маводи мухаддир аст.
Соҳибмақоми давлати Русия вақте дар мавриди саҳми шаҳрвандони хориҷӣ дар интиқол ё тиҷорати маводи нашъаовар ҳарф мезанад, эҳсоси нигаронӣ аз вазъи гирифторӣ ба маводи мухаддир дар кишвараш мекунад. Зеро тайи чанд соли охир нашъаҷаллобон кӯчаву бозори ин мамлакатро ба пурфурӯштарин макон барои маводи мухаддир табдил додаанд. Ва ин омор ҳам ба ҳақиқат хеле наздик аст, ки қариб 90 фоизи   вобастагон ва нашъамандони Русия героини афғонӣ истеъмол мекунанд.
 Аммо, хушбахтона, метавон гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар ИДМ ва қабл аз ҳама дар Русия сол ба сол камтар боздошт мешаванд ва миқдори мухаддироти аз онҳо мусодирашуда низ дар қиёс ба солҳои гузашта хеле кам аст.  Аз соли 2000 то имрӯз шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷ аз кишвар ба ҷурми даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шудаанд, 73,3 фоиз коҳиш ёфтааст.

Бо ҳам амал мекунанд, чун ин дард муштарак аст
 
Гузашти замон ҳатто дар мубориза бо маводи мухаддир ҳикмати Саъдиро ба ёд меорад, ки он азиз фармуда: «Бани одам аъзои якдигаранд…». Он ҳақиқат як бори дигар пеши назар омад, ки  ҷиноят марзу бум, ватан, забон ва оину мазҳаб надорад. Тӯли ин даҳ сол басо ҳолатҳоеро ҳам дидем, ки  як дастаи ҷиноӣ мураттаб аз миллатҳое буд, ки бо ҳам на хешанду на ҳамсоя. Масалан, як шаҳрванди Нигерия ба Душанбе омад ва тоҷикеро пайдо кард, ки  бо ӯ ва шарикони  филиппиниву малайзиёияш маводи мухаддир дастрас кунад. Яъне, ҷинояткор аз ҳар кишваре бошад, дар ҳар гӯшаи дунё бо ҳаммаслаки худ забон меёбад.
Зарфи 10 соли фаъолият дар агентӣ нигоранда шоҳиди боздоштҳои шигифтангез ҳам буд. Мардеро бо риши басо зебо ва салла дар сар оварданд, ки ба Русия героин интиқол медод. Албатта, ӯ шояд бӯе аз ислом набурда буд, ки бо пироҳани намозӣ даст ба ҷинояте мезад, ки Худову Расулаш (с) ҳароми мутлақ эълон кардаанд ва ҳеҷ ривояте барои ҳалол хондани он вуҷуд надорад.
Дар ин солҳо басо русу туркману қирғизу қазоқу ӯзбек ва афғон боздошт гардиданд, ки ҳисоб надоранд. Байналмилалӣ шудани ҷиноятҳо тақозо мекунанд, ки на фақат хадамот, балки давлатҳо бо иттифоқи назар ба муқобили ин марази қарн тадобири ҷиддӣ андешанд, бо ҳам амал кунанд, чун ин дард муштарак аст. Агар чунин набуд, пас Амрикову  Бритониё ва Олмону Фаронса ва ҳатто Норвежу Канада барин мамолике, ки  ҳеҷ марзи муштарак  бо Тоҷикистон надоранд, чаро миллионҳо долларро сарфи таҳкими нерӯҳои қудратии Тоҷикистон созанд?
Ин аст, ки дар таъсиси Агентии назорати маводи нашъаовар Тоҷикистон қасд дошт ҳамин муборизаро минтақавӣ ва ҷаҳонӣ кунад ва собит намояд, ки агар ба дарди муштарак якҷо даво набахшанд,  мушкил тавре ҳаст, боқӣ мемонад: толиб боз нерӯ мегирад, «Ал-Қоида» ба террор идома медиҳад, шаҳрҳову рустоҳо эҳсоси беамниятӣ мекунанд. Ва, дарвоқеъ агентӣ садо шуд, ки дигаронро ба муборизаи муштарак хонд ва худ якҷо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар пешгоми ин муборизот гашт.
Агентӣ аввалин ниҳоде буд, ки дар шаҳрҳои бузурги Афғонистон дафтарҳои намояндагии худро ифтитоҳ намуд. Аз соли 2005 то ба инҷониб он бо ниҳодҳои зирабти ин кишвар 99 амалиёти муштарак  гузаронд ва аз вуруди  беш аз 6 тоннаву 630 кило маводи нашъаовар ба кишвари мо ҷилавгирӣ ба амал овард, 21 корхонаи хурди истеҳсоли героин, наздик ба 5 ҳазор гектар замини кишти кӯкнор кашф ва аз байн бурда шуд.

Ва на танҳо дар Афғонистон

Афғонистон як бахши муҳими мавриди таваҷҷӯҳ дар мубориза бо мухаддирот аст. Бахши дигар ҳамкориҳоро бо дигар мамолики минтақа тақозо дорад. То ин замон ҳамкориҳо бо хадамоти махсуси Федератсияи Русия, Қирғизистон ва Қазоқистон созанда ва арзишманд арзёбӣ шудаанд. Бо ташаббуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2007-2009 якҷо бо мақомоти салоҳиятдори Федератсияи Русия 113 амалиёти муштараки фаврӣ-ҷустуҷӯӣ бо усули «ирсоли назоратшаванда» гузаронида шудааст. Аз муомилоти ғайриқонунӣ ҳудудан 584 кило воситаҳои нашъаовар, аз ҷумла бештар аз 537 кило героин мусодира гардидааст. 125 нафар, ки 87 нафараш шаҳрванди Тоҷикистон ва 32 нафари дигараш шаҳрванди Русия ва дигар кишварҳои ИДМ мебошанд, боздошт шудаанд.
Тоҷикистон манфиатдор аст, ки ҳамкориҳои зидди маводи мухаддирро бо ҳамаи кишварҳои минтақа, махсусан бо Федератсияи Русия таҳким бахшад. Ширкат дар амалиётҳои муштараки байналмилалӣ он имконро фароҳам меорад, ки сатҳи мубориза бо маводи мухаддир дар Тоҷикистон арзёбӣ ва таҷрибаи он мавриди омӯзиш ва пайравӣ қарор гирад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз соли 2003 ба инҷониб дар амалиётҳои ҳамасолаи фаврӣ-пешгирикунандаи байналмилалии «Канал», ки дар асоси қарори сарони давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) доир мегардад, фаъолона иштирок менамоянд.
Тибқи маълумоти Ситоди байналмилалии ҳамоҳангсозии давраи аввали амалиёти «Канал-2009» дар қаламрави давлатҳои аъзои СААД аз муомилоти ғайриқонунӣ 268 кило маводи мухаддири гурӯҳи афюн мусодира карда шудааст, ки 39,9% героин ва 95,9 фоизи афюни мусодирашуда ҳиссаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва нерӯҳои марзбони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Назорати воситаҳои нашъаовар –  яъне чӣ?

Дар мубориза бо маводи мухаддир ду истилоҳ бештар вомехӯрад: яке муомилоти ғайриқонунӣ ва дигаре муомилоти воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо. Он чизе ки мансуб ба муомилоти ғайриқонунӣ аст, ин ҳамон кишт, тавлид, интиқол ва фурӯши воситаҳои нашъаовар мебошад, ки дар кишвари мо чун дар дигар мамолики олам мамнӯъ эълон шудааст ва ҷавобгарии ҷиноятӣ ба дунбол дорад. Мисоли ин мусодираи рӯ ба афзоиши маводи мухаддир аст, ки сохторҳои интизомии кишвар анҷом медиҳанд.
Аммо дар баробари ин муомилоти қонунӣ низ мавҷуд аст, ки мақомот онро низ таҳти назорат доранд. Ба муомилоти қонунӣ қабл аз ҳар чизи дигар доруҳои психотропӣ ва нашъадоре дохил мешаванд, ки истифодаи онҳо дар тибб мамнӯъ нест, вале истифодаи ғайритиббии он манъ аст. Дорухонаҳое, ки ба фурӯши ин навъ доруҳо машғуланд, бояд иҷозатномаи фаъолият дошта бошанд. Ин доруҳо аз замони ворид шудан то фурӯшашон зери назоратанд ва ҷиддан бо тавсияхати духтурон бояд фурӯхта шаванд.
Бахши дигар ин прекурсорҳо, яъне моддаҳои кимиёвие мебошанд, ки имкон дорад барои тайёр кардани навъҳои гуногуни маводи нашъаовар мавриди истифода қарор гиранд. Маъмултарини онҳо тезобҳои сулфат, хлорид, перманганати калий, толуол ва атсетон мебошанд, ки дар саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ ба кор бурда мешаванд. Дар айни замон ҳудудан 80 корхона дар кишвар аз ин моддаҳо барои тавлиди ашёи саноатӣ истифода мебарад. Масалан, корхонаи КМ «Востоккредмет» солона ба истифодаи 8 тоннаву 440 кило тезоби хлорид ва 1000 тонна тезоби сулфат ниёз дорад. Корхонаҳои «Апрелевка» 60 тонна тезоби хлорид, «Анзоб» дар ноҳияи Айнӣ 1 тонна тезоби хлорид ва  500 кило тезоби сулфат, ҶСШК «АССОР» дар вилояти Суғд 240 тонна тезоби сулфат ва 100 тонна тезоби хлорид, «АССОР-ПЕРМ» 5 тонна тезоби сулфат, «Тоҷикхимпром» 720 ва «Тоҷикэнергоснаб» 1647 кило тезоби сулфат истифода мебаранд. Танҳо корхонаҳои саноатии вилояти Суғд солона ба 1396 тоннаву 825 кило тезоби сулфат, 265 тоннаву 193 кило тезоби хлорид, 281 кило атсетон, 1 тоннаву 80  кило толуол эҳтиёҷ доранд.
Аксари ин моддаҳои кимиёӣ ба ҷумҳурии мо аз хориҷ ворид мешаванд ва дар сурати беназорат мондани онҳо хавфи аз роҳҳои қочоқӣ интиқол шуданашон ба Афғонистон мавҷуд аст. Ҳарчанд ки то ба имрӯз, хушбахтона мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ягон ҳодисаи интиқоли қочоқии прекурсорҳоро ба Афғонистон ба қайд нагирифтаанд.
Соли 2008 дар қаламрави Тоҷикистон амалиёти навбатии байналмилалии «ТАРСЕТ» баргузор шуд. Дар ин амалиёт, ки дар доираи барномаи AD/RER/E29 «Назорати  прекурсорҳо дар Осиёи Марказӣ» гузашт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ҳодисаҳои эҳтимолии қочоқи ангидриди тезоби сиркоро аз тариқи қаламрави Тоҷикистон ба Афғонистон дар нуқтаҳои нозиротӣ - гузаргоҳии «Панҷи Поён», «Бародарӣ», «Тем», «Хошадӣ», «Фотеҳобод», инчунин дар муассисаҳои нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳан таҳти назорат гирифтанд.  То ин амалиёт ва дар ҷараёни он низ дар Тоҷикистон ҳодисаи интиқоли қочоқии прекурсорҳо ба қайд гирифта нашуда буд. Аз ҷумлаи нозирони байналмилалӣ Пулиси криминалии Олмон (БКА) буд, ки коршиносони он аз оғоз то ба анҷом ширкат ва дар баргузории амалиёт ҳисса гузоштанд.
 Маврид ба таъкид аст, ки тибқи Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007 таҳти рақами 172 тасдиқ шудааст,  корхонаҳои саноатӣ ва шахсони ҳуқуқие, ки прекурсорҳоро дар фаъолиятҳои худ истифода мебаранд, бояд аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома дарёфт намоянд.
 
Кашфи занбӯруғҳое ки кӯкнорро мекушанд

Бале, ин на афсона, балки ҳақиқат аст. Илми замон имконоти васеъ дорад ва таҷрибаҳо нишон доданд, ки агар инсон бихоҳад, метавонад садҳо роҳи мубориза бо хатари башариро пайдо кунад. Барои ин танҳо бояд хоҳиш, имконоти молии фаровон ва нерӯҳои фаъол дар ихтиёр дошт. Агентӣ низ фурсатро аз даст намедиҳад, ба муҷарради фароҳам омадани имконият ҳатто даст ба таҳқиқотҳои илмӣ мезанад, зеро барои ин замина ҳам дорад, кадр ҳам. Таҳқиқотҳои илмӣ ба хотири онанд, ки роҳу усулҳои нисбатан бехатари мубориза бо кишти кӯкнорро пайдо ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ тавсия диҳад.
Яке аз  ин таҷрибаҳо дар доираи як лоиҳаи байналмилалӣ амалӣ гашта буд, ки ҳадаф дошт роҳи биологии муқобала бо кишти кӯкнор ва дигар зироатҳои нашъаоварро пайдо кунад. Таҷриба тӯли як мавсим аз замони кишт то расидани ҳосил идома ёфт ва натиҷаи ҷолиби илмӣ ба бор овард. Бо ин  мақсад занбӯруғҳои касалиовар (вирусҳои кушанда) таҷриба шуданд, то дониста шавад, ки онҳо то кадом ҳад метавонанд бар зидди нашъунамои кӯкнор устувор бошанд. Таҳқиқоти пешакӣ нишон дод, ки дар шароити миёнакӯҳ ва баландкӯҳ дар ҳоли ҳарорати паст ва баланд нури табиии ултрабунафш бахусус, дар марҳилаҳои аввали инкишофи растаниҳо таъсири навъҳои гуногуни занбӯруғ-патогенҳо фоидаовар аст. Аз таъсири занбӯруғ-патогенҳо дар растаниҳои таҷрибашаванда пӯсиши нуқтаи инкишоф, аз сабзиш бозмондан ба мушоҳида расид, ки дар ниҳояти кор ба нобудшавии онҳо оварда расонд.
Натиҷаҳои ҷамъбастии таҷриба дар семинар таҳти унвони «Усулҳои биологии аз байн бурдани кишти растаниҳои нашъаовар», ки дар кори он олимони Академияи илмҳои Тоҷикистон, мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зист, кормандони агентӣ ва Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ширкат намуда буданд, мавриди  баррасӣ қарор гирифт. Иштирокчиёни семинар изҳор доштанд, ки усулҳои биологии мубориза бо кишти кӯкнор бо истифодаи микогербитсидҳо пурманфиат, аз нигоҳи экологӣ бехатар буда, дар оянда метавонад яке аз усулҳои мубориза бо кишти ғайриқонунии кӯкнор бошад. 

Ҳарфҳое ҳам барои анҷом

То ин дам Афғонистон чун кишвари бузурги тавлидкунандаи афюн дар ҷаҳон боқӣ мондааст. Аз ивазшавии низом вазъи мубориза бо мухаддирот дар ин мамлакат беҳбуд нашудааст. Ҳарчанд ки хадамоти махсуси мубориза бо мухаддирот дар ин кишвар аз дастовардҳои худ дар ин мубориза ҳарфҳое мезананд. Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки истеҳсол ва тиҷорати мухаддирот дар Афғонистон соли 2008 3,4 миллиард доллар фоида овард, ки он 33 фоизи маҳсулоти умумии дохилии Афғонистонро ташкил медиҳад. 
Бозорҳои гарми мухаддирот тибқи гузориши созмонҳои байналмилалӣ Чин, Покистон, Ҳиндустон, Эрон, кишварҳои Аврупо, ИМА, Канада, Амрикои Лотинӣ, Африқо, давлатҳои Осиёи Шимолӣ ва Ҷанубӣ мебошанд. СММ бар ин назар аст, ки  дар Аврупо 19%, Русия ва Эрон ҳар кадом 15%, Чин 12%, Ҳиндустон 7%, Покистон 6%, мамолики Африқо 6%, Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ 6% афюни тавлиди Афғонистонро истеъмол мекунанд. Дар маҷмӯъ дар сартосари олам соле 3700 тонна мухаддироти гурӯҳи мансуб ба афюнӣ, аз ҷумла героин истеъмол мешавад. Ва фоидаи ин тиҷорат шояд баъди қочоқи силоҳ дар ҷаҳон дувумин бошад. Масалан, агар як грамм героин дар Кобул 3 доллари ИМА арзиш дошта бошад, пас он дар кӯчаҳои Маскав, Милан ва ё Лондон 100 доллар савдо мешавад.
Тибқи охирин иттилои расида Вашингтон дар садади тағйири сиёсати худ дар қиболи Афғонистон аст. Аммо ин сиёсат чи гуна хоҳад буд, ҳамоно мушаххас нест. Зарфи 9 соли будубош дар Афғонистон нерӯҳои эътилофи зиддитеррористӣ ба масъалаи маводи мухаддир, кишти хашхош ва тавлиди афюну героин таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир накарданд. Зеро ҳадафи худро дар таъмини амният медиданд. Аммо акнун он амният низ нисбӣ вуҷуд дорад ва вазъи ҳоким дар Афғонистон сарони кишварҳои узви НАТО-ро водор кардааст, ки роҳу шеваҳои муассиртари ҳузур дар Афғонистонро ҷустуҷӯ намоянд. Вале дар стратегияи нави Вашингтон ва НАТО мубориза бо мухаддирот то куҷо мавқеъ хоҳад дошт, мушаххас нест. Шояд замоне ҳам дур набошад, ки ин кишварҳо тасмими хуруҷ аз Афғонистонро иттихоз кунанд ва раванду мубориза бо мухаддирот, чуноне то кунун буд, ба ҳоли худ гузошта шавад. Гурӯҳҳои террористӣ бо истифода аз сармояи он даст ба амалиётҳои густардатаре зананд, ки мислашро ҷаҳон ёд надоштааст. Ва куҷост ҳоло он сарвари кишвари абарқудрате, ки дар сатҳи Президенти Тоҷикистон андешад, ки ба ин мазмун мегуфту мегӯяд: мушкили Афғонистон на танҳо толибону «Ал-Қоида» аст, балки мухаддироти ин кишвар низ ҳаст, ки зояндаи ҳар гурӯҳи террористист.

Бобоҷони   ШАФЕЪ,
рӯзноманигор


Баёни ақида (0)

07.09.2010


Наврӯз ҷашни байналмилалии кишварҳои узви САҲА эълон шуд

Душанбе: 15 иншоот мавриди истифода қарор гирифт

Барномаи ҷаҳонии озуқа: лоиҳаи нав роҳандозӣ гардид

Таҷрибаи эстониҳоро омӯхтанд

7 корхонаи хишт ба кор даромад

«Шашболоӣ» 200 оиларо бо барқ таъмин мекунад

Тафсилоти таркиш дар Хуҷанд

Медведев дар Қазоқистон. Кадом масъалаҳо баррасӣ мешаванд?

Президенти Афғонистон шӯрои гуфтугузор бо толибонро созмон дод

Молдова: раъйпурсии ноком

Гурӯҳи баскҳо - ЭТА оштӣ эълон кард

Тағйири шеваи ҷангии Амрико дар Афғонистон

Чилӣ: кӯҳканҳо як моҳ боз дар зери заминанд

04.09.2010


Ҳомиди Карзай: дар пайи ҳамлаи ҳавоии НАТО сокинони осоишта қурбон шуданд

Ҳамкориҳо бо НАТО роҳандозӣ мешаванд

Ҷоиза муборак!

Ёриҳои хайрияи идона дар остонаи иди сайиди Фитр

Робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҳиндустон густариш меёбанд

Ҷоизаи омӯзгори собиқадор Нозима Камолова – хонаи истиқоматӣ

Бӯрёкӯбон дар остонаи ҷашни Истиқлолият

Ҷоми футболи Тоҷикистон – 2010: даври нимниҳоӣ расид

Таркиш дар Хуҷанд: 25 нафар захм бардошт

Ҳадаф аз сафари Медведев ба Боку чист?

Шоҳроҳи Пекин – Тибет: 120 километр танбаи Автомобилӣ

Назарсанҷӣ: ба бисёре аз русиягиҳо дин даркор нест

Рӯзи вохӯрии нави Аббосу Нетаняҳу муқаррар шуд

02.09.2010


Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ бо Афғонистон ва НАТО баррасӣ гардиданд

Корхонаҳои семент ба истифодаи ангишт мегузаранд

Аз 10 сентябр пулҳои нав ба муомилот мебароянд

Хати “Хуҷанд – Айнӣ” водии Зарафшонро бо барқ таъмин месозад

Салом, мактаб! Марҳабо, соли нави таҳсил!

Дарҳои театрҳо ба рӯи тамошобинон боз шуданд

Варзишгари тоҷик – барандаи Ҷоми қаҳрамони мутлақи ҷаҳон - 2010

31.08.2010


Гурӯҳи ҷинояткори фаромиллӣ. Кофтуков давом дорад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед