logo

маориф

МТМУ № 55. МАСЪУЛОН БА ВАЪДА ВАФО НАКАРДАНД

Бо сабаби зиёд шудани шумораи хонандагон ва нарасидани синфхона дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  № 55 - и деҳаи Нишони Ленини деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ, таҳсил дар чор баст ба роҳ монда шудааст. Бастҳо аз соати 7:00 то соати 19:30 давом меёбанд, ки ин вазъ волидайнро ба ташвиш овардааст.  Муассиса як солу ду сол не, балки солҳои зиёд дар чунин ҳол қарор дорад.

Сироҷ Тӯраев, собиқ директори муассиса, дар ин бора гуфт, ки бинои мактаб соли 1955 барои 260 хонанда тариқи ҳашар аз чӯбу тахта сохта шуда буд. Баъдтар, соли 1960 дар паҳлуяш бинои иловагӣ бунёд гашт. Бо мурури замон шумораи хонандагон ва эҳтиёҷот ба ҷойи нишаст зиёд гардид. Айни ҳол бинои муассиса дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.
Тавре дар акс мебинед, намои беруни бинои мактаб таъмирдида бошад ҳам, вале дохили он манзараи ҳузнангез дошта, синфхонаҳо торику танганд ва фаршҳо шикаставу деворҳо рехта. Ашёи хониш – тахтаҳои синфӣ ва мизу курсиҳо, ки муддати тӯлонӣ ба мактабу хонандагон хидмат кардаанд, куҳнаанд ва омӯзгорон дарсро бо мушкилӣ мегузаронанд.
Муҳаррама Исматова, ки 30 сол боз дар муассисаи мазкур омӯзгор аст, норасоии ҷойи нишастро масъалаи муҳими таъсиррасон ба таҳсил ва тарбия арзёбӣ кард. Дар мактаб бо сабаби аз меъёр зиёд будани хонандагон ба ҷойи 20 – 25 нафар дар як синфхона аз 30 то 37 хонанда дарс мехонад. Агар дар як синф на зиёда аз 25 хонанда ҷой карда шавад, таълиму тарбия ва донишандӯзии толибилмон низ беҳтар мегардад. Дарсгузаронӣ бештар дар фасли зимистон ва аввали баҳор, ки боришот зиёд  мешавад, мушкил мегардад. Муассиса ҳамасола бо дастгирии волидон ва омӯзгорон то андозае таъмир карда мешавад, вале  он ҳанӯз ба талабот ҷавобгӯ нест, - гуфт М. Исматова.
Муассиса то ҳол маҷлисгоҳ, қироатхона, толори варзиш ва барои гузарондани корҳои амалӣ ва озмоишӣ аз фанҳои физика, химия, биология ва омодагии дифои ҳарбӣ асбобу анҷоми таълимӣ надорад. Китобхонаи муассиса низ то имрӯз бинои алоҳида надошта, қисме аз китобҳо дар вагон ва қисми дигар аз тангии ҷо рӯи фарш партофта шудаанд. Ғайр аз ин, ҷорӣ кардани басти чоруми таҳсил дар мактаб боиси ташвиши волидайн гаштааст. Парвина Бобоева, сокини ҳамин ҷамоат зимни суҳбат гуфт, ки ба хона дер расидани фарзандон боиси изтироби сахти волидон мешавад, махсусан дар фасли зимистон.
Абдуҷаббор Абдураҳимзода, сардори раёсати маориф, иброз дошт, ки дар ноҳия бо сабаби зиёд шудани шумораи толибилмон, дар ҳолати садамавӣ қарор доштани қисми биноҳои таълимгоҳҳо ва пайдо шудани маҳаллаҳои навбунёд кайҳо мушкили норасоии ҷойи нишаст ба миён омадааст. Ҳоло на танҳо мактаби № 55 дар ҳолати садамавӣ қарор дорад, балки 25 муассисаи шаҳраку деҳоти ноҳия дар чунин ҳоланд.
Абдуҷаббор Абдураҳимзода, иброз дошт, ки дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳо таъмиру азнавсозии муассиса бояд соли 2018 ба роҳ монда мешуд. Мутаассифона, кор давоми ду сол иҷро нагардида, муҳлати бунёди синфхонаҳои иловагӣ дар назди МТМУ № 55 то чормоҳаи аввали соли 2020 мавқуф гузошта шуд. 
- Дар муассиса хонандагони панҷ деҳа, ки аз мактаб дар масофаи нисбатан дур ҷойгиранд, дониш меомӯзанд. Новобаста аз шароити  норасоии ҷойи нишаст, хонандагон пурра ба таълим фаро гирифта шудаанд. Толибилмоне ҳастанд, ки бо донишу истеъдоди баланд дар озмун ва олимпиадаҳои фаннии сатҳи ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд, - гуфт иҷрокунандаи вазифаи директори муассиса Ҷумъагул Қурбонова.
Ба гуфтаи ӯ, бо мақсади ҳалли мушкилот ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва раёсати маорифи ноҳия борҳо муроҷиати хаттӣ кардаанд ва ваъда гирифтаанд, ки барои таъмиру азнавсозии муассисаи таълимӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Мутаассифона, масъулон ҳанӯз ҳам ба ваъдаҳои худ вафо накарданд.
Кароматулло АТО,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.07.2019    №: 129    Мутолиа карданд: 258

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед