menu Бахшҳо
menu Президенти ҶТ
menu Ҳуҷҷатҳо
menu Ҷаласаҳо
menu "Ҷумҳурият"
 

сиёсат

Эмомалӣ Раҳмон ва Соли бузургдошти Имоми Аъзам

Соли 2009 дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон чун Соли бузургдошти Имоми Аъзам, ки аз фарзандони дорои шӯҳрати ҷаҳонии миллати тоҷик ва асосгузори мазҳаби оламшумули ҳанафӣ дар дини мубини Ислом ба шумор меравад, нақш хоҳад гузошт.
Албатта, бузургдошти ин нобиғаи олами Ислом, вусъати бесобиқа пайдо кардани бунёди нерӯгоҳи Роғун ва ҳифзи шоистаи манфиатҳои давлату миллатро, ки аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи минтақа ва ҷаҳон амалӣ гардид, метавон аз натиҷаҳои пурарзиши фаъолияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2009 маънидод кард.
Нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва беҳшавии фазои инвеститсионӣ, ки дар соли 2009 ба назар расид, бешубҳа аз тадбирҳои босамари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи коҳиш додани  таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ гувоҳӣ медиҳанд.
Афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар соли 2009, сарфи назар аз таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонӣ, 3,4% - ро ташкил дода, ҳаҷми он ба 20 миллиарду 623 миллион  сомонӣ расид.
Меъёри таваррум дар мамлакат ба андозаи 5 фоиз нигоҳ дошта шуд, ки нисбат ба натиҷаи соли 2008-ум 2,4 маротиба ва аз нишондиҳандаи дурнамо 2,6 маротиба кам мебошад.
Рушди иқтисод асосан аз ҳисоби зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ,  гардиши савдои чакана ва афзудани хизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёт таъмин карда шуд.
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2009 нисбат ба соли 2008 10,5% афзоиш ёфт, ки ин пеш аз ҳама натиҷаи иҷрои муроҷиати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар оид ба истифодаи босамар аз заминҳои корам ва рӯёндани ду ва зиёда ҳосил аз заминҳои обӣ аст.
Баҳри иҷрои нишондодҳои муроҷиати Сарвари давлат соли 2008 баъди ҷамъоварии ғалладона ва сабзавоти барвақтӣ дар майдони 115 ҳазор гектар ва соли 2009 дар 172 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронда шуд. Дар натиҷа истеҳсоли ғалла дар соли 2009 қариб ба 1 миллиону 300 ҳазор тонна баробар шуд, ки ин дар таърихи Тоҷикистон нишондоди рекордӣ буда, нисбат ба соли 2008 39% зиёд мебошад. Ғайр аз ин, дар як сол истеҳсоли сабзавот 15%, полезиҳо қариб 50%, ангур 17%, тухм 25% ва асал 31% афзун шуд.
Зиёдшавии ҳаҷми истеҳсолот дар соҳаи кишоварзӣ ҳамчунин натиҷаи додани озодӣ ба деҳқонон дар мавриди кишти зироатҳои дилхоҳ, ба роҳ мондани истифода аз технологияҳои муосири коркарди замин ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ, аз ҷумла бо истифода аз тухмиҳои серҳосил, арзёбӣ мегардад.
Соли 2009 ба буҷети давлатӣ 5 миллиарду 541 миллион сомонӣ ворид гардид. Ғайр аз ин, дар раванди татбиқи  нақшаи тадбирҳои иловагии зиддибӯҳронии Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии буҷети давлатӣ аз ҳисоби ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ 315,1 миллион сомонӣ маблағи грантӣ  ҷалб карда  шуд.
Соли равон қисми даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба андозаи 6 миллиарду 536,8 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин нисбат ба буҷети соли 2009-ум 18% зиёд хоҳад буд.
Фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ низ дар Тоҷикистон давоми соли 2009 хеле беҳтар шуд ва инро, пеш аз ҳама метавон натиҷаи фаъолияти босамари Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва татбиқи Барномаи «200 рӯзи ислоҳот» маънидод кард.
Ин буд, ки Тоҷикистон соли 2009 ба 10 - гонаи кишварҳои ислоҳталаб ворид шуд. Аз ҷумла, доир ба ҳифзи сармоягузорӣ Тоҷикистон дар рейтинги Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ аз ҷойи 151 якбора ба ҷойи 73 баромад, ки ин пешрафти хеле калон аст.
Болоравии босуръати рейтинги Тоҷикистон ҳамчунин дар содагардонии фазои тиҷорат ва бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ ба назар мерасад. Айни ҳол, ҳамчунин корҳои зиёд баҳри такмил додани низоми андозбандӣ ва иҷозатномадиҳӣ тавассути ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории ҷорӣ амалӣ мегарданд, ки ин низ ба беҳтаршавии босуръати фазои инвеститсионии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Дар Тоҷикистон ба ҳолати 1 январи соли 2010-ум 59 лоиҳаи муштараки инвеститсионии давлатӣ амалӣ мегардад, ки маблағи умумии онҳо 8 миллиарду 80 миллион сомонӣ аст. Дар соли 2009 10 созишномаи нави қарзию грантӣ бо маблағи 814 миллион сомонӣ ба имзо расид, ки татбиқи 7 - тои он худи ҳамин сол оғоз ёфт. Дар ҳамин давра ба иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамчунин қариб 160 миллион доллари амрикоӣ сармоягузории мустақим ба  қайд гирифта шуд, ки ин ҳам нишонаи пешрафти намоён аст.
Тадбирҳои нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри қонунишуда шумурдани маблағҳои ба хариди саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун равонашаванда ва маблағҳои аз бонкҳои хориҷӣ ба бонкҳои Тоҷикистон интиқолёбанда низ ба болоравии намоёни иқтисодиёти кишвар мусоидат хоҳанд намуд.
Давоми соли 2009 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 12 маҷлиси Ҳукумати мамлакат ҷараён гирифт, ки дар онҳо беш аз 700 масъалаи муҳими давлатдорӣ баррасӣ шуд.  Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 лоиҳаи қонунҳо пешниҳод ва қабул гардид, ки 5  - тои он қонунҳои нав ва дар таҳрири нав мебошанд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ»,  «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи авф» аз ҷумлаи онҳоанд.
Умуман дар соли 2009 92 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки 48 – тои он бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва қабул шудааст. Аз ин миқдор 25 адад қонуни нав ва дар таҳрири нав қабулшуда мебошад.
Дар соҳаи маориф, ки таъмини рушди бемайлони он аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, пешравиҳои намоён ба назар мерасанд. Аз ҷумла, агар дар соли 2000-ум маблағгузории ин соҳа аз ҳисоби буҷети давлатӣ 42 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2009-ум ба 1 миллиарду 110 миллион сомонӣ расид ва афзоиши он 27 баробарро ташкил дод. Аз соли 2000 – ум ба ин сӯ дар мамлакат зиёда аз 1000 муассисаи таълимӣ сохта ва ё таҷдид карда шуд. Танҳо дар соли 2009-ум 210 мактаби нав барои 35 ҳазор хонанда мавриди истифода қарор гирифт.
Ташрифҳои пайвастаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба муассисаҳои гуногуни таълимӣ, аз ҷумла мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, литсею гимназияҳои барои хонандагони хушзеҳну болаёқат махсусгардондашуда ва донишгоҳу донишкадаҳо аз таваҷҷӯҳ ва ғамхории доимии ӯ ба таълиму тарбияи насли наврас гувоҳӣ медиҳад.
Боздидҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва таҳти назорати доимии ӯ қарор доштани рафти сохтмони филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ дар ноҳияи Рашт, филиали Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ва фаъолияти мактабҳои олӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Суғду Хатлон далели гуфтаҳои болоанд.
Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони сершумори аҳли маориф ва илми мамлакат, ки моҳи декабри соли 2009 сурат гирифт, як навъ нуқтаи авҷи таваҷҷӯҳи ӯ ба ин соҳа буд.
Маҳз дар ҳамин вохӯрӣ аз ҷониби Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон соли 2010 «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» эълон гардид, ки ҳадаф аз он мувофиқи талаби замон баланд бардоштани таълиму тадриси фанҳои дақиқ ва ба ин васила боло бурдани донишу малакаи техникии насли наврас аст. Тадбирҳои дар доираи ин сиёсат амалишаванда, бешубҳа, натиҷаҳои назаррас хоҳанд дод.  Аз ҷумла тибқи  супориши Президенти мамлакат Эмомалӣ   Раҳмон стандартҳои давлатии омӯзиши фанҳои дақиқ ва техникӣ аз нав таҳия ва қабул карда мешаванд.
Мутобиқи талаботи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сатҳи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва кашфиётии олимон ва ҳам донишҷӯён бояд баланд бардошта шавад.
Тибқи пешниҳоди Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, аз соли 2011 оғоз карда, маблағгузории давлатии сохторҳои илмию тадқиқотӣ аз рӯи натиҷа ва самаранокии  корҳои анҷомдодаи  онҳо  амалӣ мегардад ва дар ҳолати мавҷуд набудани натиҷаҳои кофию назарраси тадқиқоти илмӣ ва татбиқи онҳо  маблағгузории давлатӣ барои ин гуна сохторҳо қатъ карда мешавад.
Дар соҳаи тандурустӣ, ки мақомаш дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат на камтар аз мақоми маориф аст, пешравиҳои зиёд ба назар мерасанд.
Дар давоми солҳои истиқлолият дар саросари кишвар беш аз 700 муассисаи соҳаи тандурустӣ бунёд ва таъмиру таҷдид гардида, бо маблағи умумии беш аз 400 миллион сомонӣ таҷҳизоти замонавии тиббӣ харидорӣ гардидааст.
Ҷиҳати таъмини рушди соҳаи тандурустӣ, беҳтар намудани шароити беморхонаву дармонгоҳҳо ва таҳкими заминаи моддиву техникии онҳо, ҳамчунин ҷорӣ кардани усулҳои муосири хизматрасонии тиббӣ ҳоло дар мамлакат даҳҳо лоиҳаҳои сармоягузорӣ амалӣ шуда истодаанд, ки маблағи умумии онҳо беш аз 500 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Соли 2009 бори нахуст дар Тоҷикистон амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ оид ба иваз кардани гурда гузаронда шуд, ки на танҳо дар кишвари мо, балки дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ин кор бори аввал ба вуқӯъ пайваст.
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино моҳи ноябри ҳамин сол озмоишгоҳи кишт ва парвариши ҳуҷайраҳои бунёдии инсон ба кор шурӯъ намуд, ки аз дастовардҳои навтарини технологияҳои муосири тиббӣ ба шумор меравад.
Афзалияти кори ин озмоишгоҳ дар он аст, ки дар ин ҷо барои иваз намудани ҳуҷайра ва бофтаҳои корношоямгаштаи инсон аз хун, устухон ва ё дигар аъзои бадан, ҳуҷайраву бофтаҳои солим омода месозанд.  
Айни ҳол, дар ин ҷо танҳо корҳои озмоишӣ ва омодасозии ҳуҷайраҳои бунёдӣ ба роҳ монда шудааст ва баҳори соли 2010 бояд муолиҷаи нахустин беморон бо ин усул гузаронда шавад.
Рушду нумӯи тибби хусусӣ, ки бо талабу пофишориҳои зиёди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба назар мерасад, оянда натиҷаҳои пурарзиш хоҳад дод ва табибони Тоҷикистон ворисони барҳақи Ибни Сино будани худро беш аз имрӯза собит хоҳанд кард.
Дар асоси супориши Сарвари давлат ва бо мақсади боз ҳам васеътар ҷорӣ намудани дастовардҳои илмӣ, инчунин ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳои тадқиқотии соҳа соли 2009 бо қарори Ҳукумати мамлакат Академияи илмҳои тиб таъсис дода шуд.
Давоми сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни 8 сафари корӣ ба 22 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла Хуросон, Бохтар, Ҷалолиддини Румӣ, Қӯрғонтеппа, Сарбанд, Данғара (2 бор), Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров (2 бор), Ғончӣ (2 бор), Шаҳристон, Зафаробод, Спитамен (2 бор), Қайроққум (2 бор), Ашт, Чкалов, Ҷаббор Расулов, Ваҳдат, Ҳисор, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод ва Роғун ташриф овард, ки ҳадаф аз аксари онҳо ҳидоят намудани мардум ба истифодаи пурсамар аз ҳар ваҷаб замини корам, такон бахшидан ба фаъолияти созандагию бунёдкорӣ ва ҳамчунин тавассути ба роҳ мондани чораҳои бошукӯҳи фарҳангӣ баланд бардоштани ҳисси ифтихору сарфарозии мардум аз истиқлоли давлатӣ ва давлатдории миллӣ буд.
Зимни сафари кории худ ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, ки дар моҳи июни соли 2009 ҷараён гирифта буд, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти кӯмакрасонӣ ба аҳолии аз боронҳои пайдарпай ва омадани селобу лойқа зарардида аз наздик шинос шуд.
Чунонки маълум шуд, мардум аз қарзҳои имтиёзнок ва кӯмакпулиҳои Ҳукумати мамлакат  ва ҳамчунин кӯмакҳои хайрияи вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои дахлдор, шаҳру ноҳияҳои зиёди мамлакат ва кишварҳои хориҷию созмонҳои байналмилалӣ баҳраманд мешуданд.
Мутобиқи супоришҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба таври ройгон 132 оила пурра бо хонаҳои нав ва ашёи рӯзгор ва 310 оила бо масолеҳи сохтмонӣ таъмин гардиданд, 58 оила қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ гирифт. Дар маҷмӯъ кӯмакҳои зарурӣ ба 500 оила расиданд.  Хонаҳои нав ба тариқи ҳашар бо суръати баланд сохта шуда, ба соҳибонашон эҳдо гардиданд.
Бо супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маҳалҳои зисти муваққатӣ ва доимии аҳолии зарардида баҳри таъмини хизматрасонии тиббӣ, оби нӯшиданӣ, сохтмони мактаб, бунгоҳи тиббӣ, роҳҳо ва дигар инфрасохтори зарурӣ тадбирҳои саривақтӣ андешида шуд.
Ҳар як сафари дохилии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба рушду нумӯи намоёни ин минтақаҳо мусоидати фаъол мекунад.
Масалан, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баъди супориши Президенти мамлакат дар зарфи як сол дар майдони 500 гектар боғи нав бо номи «Ваҳдати миллӣ» қомат афрохта, ба як боғи намунавӣ табдил ёфт. Бедҳои атрофи ҳавзи навбунёд шинондашуда аллакай баробари дарахтони 15-20 – сола қад кашидаанд.
Чойхонаи боҳашамати миллӣ низ бо супориш ва дастгирии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар миёни ҳамин боғ дар зарфи як сол бунёд ёфта, ба як маркази бузурги фарҳангию фароғатӣ мубаддал шуд.
Зимни як сафари дигар Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба бунёди боғи нави 300- гектара асос гузошт, ки «20 -солагии истиқлоли Тоҷикистон» номида шуд.
Бо ҳидояту раҳнамоӣ ва дастуру пофишориҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон якчанд корхонаҳои саноатӣ дар шаҳрҳои Сарбанду Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон, маркази бузурги тиҷоратӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, як корхонаи калони ресандагӣ дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд,  маҷмааи корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Қайроққум ва шаҳраки нави Дарбанд бо 46 бинои нави замонавӣ барои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод барои истифода супурда шуд.
Зимни сафарҳои дохилии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тайи соли 2009 ҳамчунин нақби мошингарди Шаршар ва Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» дар ноҳияи Данғара, се пули азими мошингард дар ноҳияҳои Тоҷикобод, Рашт ва Нуробод, варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд, литсейи бемисли президентӣ дар шаҳри Чкалов, масҷиди бузурги Имоми Аъзам дар ноҳияи Ҳисор, хатти 500 -киловолтаи «Ҷануб-Шимол» бо зеристгоҳҳои дар Осиёи Марказӣ беназир, се хатти 220 -киловолта дар вилояти Суғд ва бисёр иншооти дигар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бунёди иншооти зиёди пурарзиш, аз ҷумла роҳи оҳани Душанбе - Қӯрғонтеппа ва Маркази бузурги фарҳанги исломӣ дар шаҳри Душанбе бо масҷиди камназир барои 150 ҳазор нафар намозгузоранда оғоз ёфт.
Давоми соли 2009–ум Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба 17 давлати хориҷӣ 22 сафари расмию корӣ ва 2 сафари давлатӣ анҷом дод, ки ҳадаф аз онҳо ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар ҳаллу фасли масоили умдаи минтақавию байналмилалӣ ва ба ин васила баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ буд.
Дар раванди татбиқи сиёсати хориҷии давлат сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Белгия ва ҷумҳуриҳои назди Балтика нақши муҳим гузошт, зеро ин сафарҳо дар воситаҳои ахбори омма ва доираҳои сиёсатшиносӣ барои Тоҷикистон раҳкушоӣ ба сӯйи Аврупо ва барои ин давлатҳо раҳкушоӣ ба сӯйи Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Осиёи Ҷанубӣ маънидод гардиданд.
Дар шаҳри Брюссел ғайр аз мулоқоту гуфтушунидҳои пурсамар, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тибқи барномаи сафари расмӣ бо Сарвазири онвақтаи Шоҳигарии Белгия Херман ван Ромпей, президенти Сенати он Арманд Де Деккер ва дигар шахсони воломақоми кишвар дошт, ҳамчунин бо Дабири кулли Шӯрои Аврупо, Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати дастаҷамъии хориҷӣ ва амниятӣ Хавиер Солана, президенти Комиссияи Аврупо Жозе Мануэл Бароззо, раиси Кумитаи порлумони Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ Жосек Волский, раиси Бонки сармоягузории Аврупо Филипп Мейштад, Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) Яаап Де Хооп Схеффер ва Дабири кулли Хартияи Нерӯ Андре Мерние вохӯриҳо анҷом дод, ки натиҷаҳои намоён ба манфиати давлати Тоҷикистон ба бор оварданд.
Натиҷаи сафари расмии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Брюссел аст, ки танҳо аз ҳисоби Иттиҳоди Аврупо барои дастгирии иқтисодиёти Тоҷикистон 100 миллион евро ҷудо мегардад. Кӯмакҳои зиёд ҳамчунин аз ҷониби Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ ва дигар созмонҳои байналмилалию аврупоӣ расонда мешаванд, ки самараи саҳми намоёну арзандаи Тоҷикистон дар мусоидат ба амнияту суботи Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.
Дар соли 2010 аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо 75 миллион евро кӯмак барои дастгирии буҷети давлатии Тоҷикистон, 60 миллион доллар барои таҷдиди Нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум ва маблағҳои зиёди дигар барои бунёди як қатор нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ ва татбиқи лоиҳаҳои гуногун ҷудо мегарданд, ки ин ҳам натиҷаи вохӯриҳои Сарвари давлат Эмомалӣ    Раҳмон дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия маънидод мегардад.
Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ Яаап Де Хооп Схеффер ба нақши Тоҷикистон дар минтақа ва ҳамгироии он бо  нерӯҳои Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ дар Афғонистон баҳои баланд дод.
Дар чаҳорчӯби барномаи «Шарикӣ баҳри сулҳ» ва нақшаҳои дигари ҳамкорӣ бо Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ оид ба ҷудо намудани техникаю таҷҳизоти нав ба сарҳадбонони тоҷик,  ҳамгироӣ бо сарҳадбонони афғон, омода кардани кадрҳои низомӣ ва гузарондани тадқиқоти илмӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
Таваҷҷӯҳи зиёд ба истифодаи потенсиали Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ дар татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон зоҳир карда шуд.
Пешниҳодҳо баҳри кушодани Маркази махсуси Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ дар Тоҷикистон, таъсиси  Маркази наҷотдиҳӣ дар шаҳри Душанбе, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонидани системаи огоҳкунонӣ аз офатҳои табиӣ ва аз минаҳо тоза кардани марзи давлатӣ бо Афғонистон баррасӣ шуд.
Тоҷикистон нахустин кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки бо Бонки сармоягузории Аврупо созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонд. Минбаъд ин бонк дар маблағгузории лоиҳаҳои энергетикӣ, аз ҷумла гидроэнергетикии Тоҷикистон саҳми намоён хоҳад дошт.
Тайи 6 рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар зиёда аз 25 мулоқоту гуфтушунидҳои судманд, 4 нишасти матбуотӣ ва 4 форуми соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистон ва кишварҳои Белгия, Латвия, Литва ва Эстония иштирок намуд.
Мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони сершумори Порлумони Аврупо, ки ба як маҳфили озоду ошкорои пурсишу посух табдил ёфт, дар муаррифии сиёсати Тоҷикистон нақши муҳим гузошт. Зимни ин мулоқот Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон  оид ба фазои ҳуқуқию сиёсии сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, муносибот бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, доир ба авзои кунунии Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ, нафъи таҷрибаи сулҳи тоҷикон барои ҳалли қазияҳои Афғонистону Фаластин ва дигар мавзӯъҳои ҷолиб посухҳои мушаххас дод.
Зимни ин сафарҳо ба ҷумҳуриҳои назди Балтика ва Шоҳигарии Белгия ҳамчунин 5 санади ҳамкорӣ бо Латвия, 4 - то бо Белгия, 3 - то бо Литва ва 2 санад бо Эстония ба имзо расид.
Баъд аз ин сафарҳо баргузор гаштани мулоқоти «Тройка» - и Иттиҳоди Аврупо бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе, ба  Тоҷикистон ташриф овардани ҳайати Порлумони Иттиҳоди Аврупо, ҳайати Ассамблеяи порлумонии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ ва ҳайатҳои дигари бонуфуз нишона аз  густариши минбаъдаи муносиботи судманд бо Аврупо ва дигар кишварҳои Ғарб арзёбӣ мегардад.
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Федератсияи Русия, 5 сафари кории дигар ба ин давлат ва ҳамчунин иштироки Сарвари давлатамонро дар ҳамоишҳои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай метавон аз тадбирҳои пурарзиш маънидод кард, зеро густариши ҳамкории гуногунҷанба ва таҳкими муносиботи дӯстона бо ин давлатҳо аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия муносибатҳои ду кишвар аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои «аз санҷишҳои давру замон гузашта» ва аз ҷониби Дмитрий Медведев «рушдёфта, наздик, дӯстона ва дорои мӯҳтавои шарикии стратегӣ» арзёбӣ гардид.
Мулоқотҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарият ва намояндагони Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Михаил Ломоносов ва Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия ва бо унвонҳои «профессори фахрӣ» ва «доктори фахрӣ»  - и ин муассисаҳои бонуфузи таълимӣ ва илмии ин кишвари паҳновар сарфароз гаштани Сарвари давлати мо низ аз натиҷаҳои хуби сафари давлатии ӯ ба Русия маънидод гардид.
Бо ифтитоҳи филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Михаил Ломоносов дар шаҳри Душанбе як саҳифаи нави пурарзиш дар рушди ҳамкориҳои илмию маърифатии Тоҷикистону Русия боз шуд.
Аз дурнамои татбиқи лоиҳаҳои муштараки ду кишвар баҳри истихроҷи нафту газ ва бунёди як қатор нерӯгоҳҳои хурду миёнаи барқи обӣ мардуми Тоҷикистон умедвории зиёд доранд.
Доир намудани мулоқоту сӯҳбатҳои дилнишин бо ҳамватанон ва ҳамзабонони мо аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни аксари сафарҳои хориҷӣ ба як анъанаи накӯ табдил ёфтааст, ки натиҷаҳои судбахш ба бор меоранд.
Дар аксари сафарҳои хориҷии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2009 ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистон дар ҳалли масоили вобаста ба об, энергетика ва экология мақоми асосӣ дошт.
Баҳри баррасии ин масоил ва ба миён гузоштани пешниҳодҳои судбахш барои ҳаллу фасли мушкилоти минтақавию ҷаҳонии вобаста ба об ва ҳифзи иқлими сайёра Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Туркия, мулоқоти сарони давлатҳои таъсисдиҳандаи Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон,  мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) дар шаҳри Теҳрони  Ҷумҳурии Исломии Эрон, мулоқоти сарони давлатҳои аъзо ва нозири Ҳаракати адами тааҳҳуд дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Мисри Араб, Конфронси сеюми умумиҷаҳонӣ бахшида ба проблемаҳои иқлим дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария, дар мулоқоти сатҳи олӣ оид ба тағйирёбии иқлим  дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Нию-Йорки ИМА, Конфронси 15 - уми ҷонибҳои  Конвенсияи қолабии Созмони Милали  Муттаҳид доир ба тағйирёбии иқлим дар пойтахти Шоҳигарии Дания - шаҳри Копенҳаген иштирок намуд.
Бояд таъкид намуд, ки тавассути тадбирҳои судбахши Президенти мамлакат дар дохил ва хориҷи кишвар қадам ба қадам, сол ба сол ва давра ба давра баҳри фаҳмондани мавқеи дурусту судбахши Тоҷикистон дар ҳаллу фасли масоили обу энергетика ва экология дар минтақаи Осиёи Марказӣ пешравиҳои намоён ба назар мерасанд ва ин аст ки қариб ҳар дафъа масъалагузориҳои Эмомалӣ     Раҳмон ва мавриди дастгирӣ қарор гирифтани пешниҳодҳояш чун пирӯзиҳои дипломатияи обии тоҷик маънидод мегарданд.
Дар соли 2009 бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баҳри татбиқи сиёсати хориҷии давлат дар дохили кишвар низ чорабиниҳои хеле зиёд амалӣ шуданд. Дар ин мӯҳлат маҷмӯан 68 чорабинӣ, аз ҷумла қабули эътимодномаи сафирон, қабули роҳбарони ҳайатҳо ва шахсони воломақоми давлатҳои хориҷӣ, роҳбарони ҳайатҳои созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ сурат гирифтанд.
Дар соли 2009 роҳбарони як қатор давлатҳои ҷаҳон бо сафарҳои расмию корӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд, ки ин аз болоравии намоёни нуфузи кишвари мо ва нақши боризи он дар арсаи минтақа ва ҷаҳон гувоҳӣ медиҳад.
Тайи як сол ба Тоҷикистон бо сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс, бо сафарҳои расмӣ Президенти Ҷумҳурии Яман Алӣ Абдулло Солеҳ, Президенти Ҷумҳурии Хорватия Степан Месич,  Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ, Сарвазири Шоҳигарии Белгия Херман ван Ромпей, Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пратибҳа Патил  ва бо сафарҳои корӣ Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай ташриф оварданд. 
Соли 2009 дар шаҳри Душанбе мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Афғонистону Покистон ва мулоқоти чорҷониба бо ҳамроҳшавии Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев баргузор гашт.
Шаҳри Душанбе давоми се рӯз макони баргузории мулоқотҳои сатҳи олии дуҷониба, сеҷониба ва чорҷониба гашта, ба таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ дар минтақа мусоидати фаъол намуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  мулоқоти чорҷонибаро идомаи мантиқии мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Афғонистону Покистон маънидод карда, изҳор дошт, ки  мавриди истифодаи дуруст қарор додани имкону захираҳои фаровони Русия ва ҳар се кишвари дигар барои ҳаллу фасли мушкилоти минтақавӣ мусоидат хоҳад намуд.
Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, ба кишти зироатҳои дигар ҳавасманд кардани он деҳқонони Афғонистон, ки ба киштукори растаниҳои нашъаовар машғуланд, муҳайё намудани ҷойҳои корӣ барои аҳолии бекор ва умуман мусоидат ба барқарорсозии иқтисодиёти ин кишвар аз вазифаҳои асосии давлатҳои ҳамсоя ва мададрасони он бояд бошанд.
Сарони 4 давлат – Тоҷикистон –      Эмомалӣ Раҳмон, Русия – Дмитрий Медведев, Афғонистон – Ҳомид Карзай ва Покистон – Осиф Алӣ Зардорӣ зимни нишасти якҷояи матбуотӣ аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои 8 – гона ва 20 – гона ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ, хусусан Бонки ҷаҳонӣ, даъват намуданд, ки дар маблағгузории лоиҳаҳои дорои аҳамияти зиёд барои кулли ин минтақа фаъол бошанд.
Ҳамаи ин чорабиниҳо ва хусусан, Симпозиуми байналмилалии «Таълимоти  Имоми Аъзам ва гуфтугӯйи тамаддунҳо» бе ҳеҷ шакку шубҳа аз болоравии босуръати нуфузи байналмилалии Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳанд.
Дар ин симпозиум собиқ Президент ва имрӯза раиси Палатаи болоии Порлумони  Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Сибқатулло Муҷаддадӣ, мушовири Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба умури аҳли суннат Муҳаммад Исҳоқи Маданӣ, вазири давлатии ҳамкориҳои байналмилалии Давлати Қатар Холид ибни Муҳаммад ал-Аттия, Имоми Акбари Донишгоҳи ал- Азҳари шарифи Ҷумҳурии Мисри Араб шайх Муҳаммад Тантовӣ, намояндаи Арабистони Саудӣ -Дабири кулли Кумитаи ҷаҳонии ҳифзи Қуръон Карим Абдулло ибни Алӣ Басфар, раиси ширкати Аднон Сафаринии Амороти Муттаҳидаи Араб Аҳмад Сафарини, директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия Виталий Наумкин, муфтии Украина шайх Аҳмад Тамим, намояндагони воломақоми Покистон, Ҳиндустон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва минтақаҳои гуногуни Русия ҷамъ 500 нафар олиму мутафаккир ва шахсиятҳои барҷастаи олами сиёсат ва илму маърифат аз 50 кишвари ҷаҳон иштирок намуданд.
Ҳадафи асосӣ аз ин ҳамоиши ҷаҳонӣ тарғибу ташвиқ ва татбиқи амалии таълимоти таҳаммулпазирии Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит Имоми Аъзам миёни мусулмонони олам буд, то ки дар роҳи барҳам задани тафриқаандозӣ ва аз байн бурдани низоъҳои динию мазҳабӣ қадамҳои намоёну муассир гузошта шаванд.
Ба андешаи аксари нотиқони ин симпозиуми байналмилалӣ маҳз ғояҳои таҳаммулпазирии мазҳаби ҳанафӣ ва эҳтиром гузоштани он ба фарҳанг ва урфу одатҳои миллату халқиятҳои гуногуни мусулмон боиси он гашт, ки имрӯз беш аз 60 дар сади мусулмонони ҷаҳон пайрави ҳамин мазҳабанд.
Аксари иштирокдорони ин ҳамоиш дар он андеша буданд, ки чунин қадрдонию қадршиносӣ аз пешвои мазҳаби таҳаммулпазири ҳанафӣ дар таърихи дини мубини ислом бори нахуст сурат гирифт ва он ҳам дар Тоҷикистон бо ибтикори Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.
Гузашта аз ин, соли 2010 дар шаҳри Душанбе мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ ва таҳти васоёи Созмони Милали Муттаҳид Конфронси байналмилалии об оид ба баррасии натиҷаҳои 5 соли аввали 10 - солаи амалиёти «Об барои ҳаёт» ва нақшаҳои минбаъдаи он баргузор мегардад.
Хотиррасон бояд намуд, ки Барномаи 10 – солаи амалиёти «Об барои ҳаёт» барои солҳои 2005 – 2015 бо пешниҳоди Тоҷикистон аз ҷониби СММ қабул шуда буд ва ҳамчунин қобили таъкид аст, ки ба Созмони конфронси исломӣ 57 давлати ҷаҳон аъзо мебошад.
 Соли 2009 дар таърихи навини Тоҷикистони мустақил ҳамчунин чун соли вусъати тозаи бунёди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва ба ғояи миллӣ ва омили барҷастаи муттаҳидсози мардуми Тоҷикистон табдил ёфтани ин иншооти тақдирсоз сабт хоҳад шуд.
Майдонҳои сохтмони ин нерӯгоҳи бемислу монанд аз ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон  «ҷабҳаи заҳмати созанда»  эълон гашт ва бо боварии том метавон гуфт, ки ин ташаббус мавриди дастгирии аҳли ҷомеа қарор гирифт.
Роҳбарият ва мутахассисону коргарони бунёдкори ин нерӯгоҳ бошанд ин даъватро кайҳо боз шиори кори шаборӯзии худ қарор додаанд.
Имрӯз на аз ҷиҳати таъмини техникаю механизмҳои пуриқтидори сохтмонию боркашӣ ва на аз ҷиҳати шумораи нерӯи мутахассисону коргарон барои идома ва анҷом додани сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҳеҷ мушкилӣ вуҷуд надорад. Андаке мушкилӣ танҳо дар норасоии маблағгузорӣ аст, ки ин ҳам бо дастгирӣ ёфтани муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва саҳмгузории васеи шаҳрвандони мамлакат бартараф мегардад.
Мардуми Тоҷикистон хуб дарк намудаанд, ки нерӯгоҳи Роғун воқеан барои кишвари мо дар ҳадди ҳаёту мамот қарор дорад.
Дар мавриди маблағгузории сохтмони нерӯгоҳи Роғун месазад ёдовар шавем, ки соли 2008 – ум маҷмӯан дар корҳои барқарорсозӣ ва сохтмон 130 миллион сомонӣ ва дар соли 2009 590 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ аз худ шуд, ки ин ҳама нишонаи возеҳи азму талоши пайвастаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва  ҳар як бунёдкор аст.
Азхудкунии маблағҳои ҷудошуда дар соли 2009 нисбат ба соли 2008 зиёда аз шаш маротиба афзоиш ёфт.
Дар соли 2010 аз буҷети давлатӣ барои сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҷудо кардани маблағи зиёда аз 655 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2009 қариб 23% зиёд мебошад.
Дар ибтидои соли 2008 идомаи  сохтмони нерӯгоҳ бо 635 нафар коргар ва 46 адад техникаву механизм оғоз ёфта буд. Боиси қаноатмандӣ аст, ки дар тӯли як сол  шумораи коргарон дар ин иншоот ба 7200 нафар ва мошину механизм ба 700 адад расонда шуд.
Дар баробари расидан ба марҳалаи асосии корҳои сохтмон шумораи коргарону мутахассисон дар нерӯгоҳ ба 14 ҳазор нафар расонида хоҳад шуд.
Рафти сохтмони нерӯгоҳи азими Роғун таҳти назорат ва ғамхории доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон         Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Имрӯз дар қитъаҳои гуногуни кории сохтмони нерӯгоҳи Роғун зиёда аз 50 корхонаю муассисаҳои сохтмонӣ шабу рӯз машғули коранд.
Барои таъмини кори пурсамар ва рӯҳияи баланди коргарон дар шаҳраки истиқомати вахтавии коргарони Нерӯгоҳи барқии обии Роғун тамоми шароити зарурии моддию маишӣ, хобгоҳҳо, ошхона, бунгоҳи тиббӣ ва ғайра омода гаштаанд.
Майдонҳои сохтмонии нерӯгоҳи Роғун ҳамчунин дар сохтмони нерӯгоҳи Шӯроб истифода хоҳанд шуд. Ин нерӯгоҳ, ки лоиҳаи сохтмон ва асосноккунии техникию иқтисодиаш қариб омода гаштааст, 16 километр поёнтар аз нерӯгоҳи Роғун бо иқтидори 850 мегават бунёд хоҳад ёфт.
Лоиҳакашон ва бинокорони соҳаи гидроэнергетикаи Тоҷикистон таҷрибаи камназир доранд. Ин аст, ки ба наздикӣ дар натиҷаи гузарондани санҷиши байналмилалии сарбандҳои нерӯгоҳҳои барқи обии ҳамаи кишварҳои ҷаҳон сарбанди нерӯгоҳи Норак аз ҷиҳати мустаҳкамӣ ва эътимоду боварибахшиаш ҷойи аввалро ишғол намуд.
Набояд фаромӯш кард, ки нерӯгоҳи Норак танҳо яке аз нерӯгоҳҳои Тоҷикистон аст. Коргарону мутахассисоне, ки дар бунёди нерӯгоҳи Роғун кор мекунанд, дар сохтмони нерӯгоҳҳои Норак, Бойғозӣ, «Помир –1», «Сангтӯда-1» ва чандин нерӯгоҳҳою иншооти дигари бузург низ иштирок намуда, таҷрибаи бемисл касб кардаанд.
Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин ва ягона ҷумҳурии собиқи ин давлати абарқудрат Тоҷикистон аст, ки «Сангтӯда–1» барин нерӯгоҳи бузургро бо иқтидори 670 мегават бунёд намуд. Бунёди он бо кӯмаку дастгирии Русия сурат гирифта бошад, ҳам ҳаҷми асосии корҳо маҳз аз ҷониби коргарону мутахассисони маҳаллӣ иҷро шуд.
Бо дастгирии шарикони эронии мо имрӯз нерӯгоҳи 220 мегаватаи «Сангтӯда–2» низ босуръат ва сифати баланд идома дорад ва то охири соли 2010 бояд навбати якуми он мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.
Сохтмони нерӯгоҳҳои сершумори хурди барқии обӣ низ дар таъмини истиқлоли энергетикии кишвар, хусусан дар таъмини деҳоти кӯҳистон бо нерӯи барқ нақши муҳим мебозад. Танҳо дар соли 2009 бунёд ёфтани 50 нерӯгоҳи хурд аз азми қавӣ ва талошҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин роҳ гувоҳӣ медиҳад.
Сохта ба истифода додани хатти 500-киловолтаи «Ҷануб – Шимол» на танҳо боиси кам кардани талафоти нерӯи барқ шуд, балки вилояти Суғдро ба марказ ва ҷануби кишвар пайванд карда, Тоҷикистонро дорои шабакаи ягонаи энергетикӣ намуд.
Хатти 220-киловолтаи Лолазор – Хатлон низ аз дастовардҳои намоёни даврони рушди мустақили Тоҷикистон дар соҳаи энергетика аст.
Бо назардошти ин ҳама дастовардҳо, донишу малака ва таҷрибаи беназири Тоҷикистон дар соҳаи гидроэнергетика бо итминони комил  метавон гуфт, ки нерӯгоҳи Роғун ҳам бунёд меёбад,  зеро ки ин ормони нек аз дили поки Эмомалӣ   Раҳмон ва мардуми шарифи Тоҷикистон ҷӯш мезанад.
Ҳар як шаҳрванде, ки муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон        Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, аз саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун харидорӣ мекунад, на танҳо дар таъмини ояндаи шукуфону дурахшони Ватани азизи худ шарафмандона саҳмгузор мешавад, балки дар ояндаи наздик аз фоидаи молии ин иншооти бузурги стратегӣ баҳраманд мегардад.
Боиси хушнудию сарфарозӣ аст, ки имрӯз нерӯгоҳи Роғун чун ғояи олии миллӣ тамоми табақаҳои аҳолии мамлакатро атрофи худ ва Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид сохтааст, аз ҷумла намояндагони сершумори тамоми ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва воситаҳои ахбори оммаро.
Дар мавриди воситаҳои ахбори омма, мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ      Раҳмон бо намояндагони сершумори онҳо, ки рӯзи 8-уми декабри соли 2009 сурат гирифта буд, арзандаи зикри хос аст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти стратегии нерӯгоҳи Роғун ва дар ҳадди ҳаёту мамот барои Тоҷикистон қарор доштани онро ба намояндагони аҳли эҷоди кишвар, ки аксари онҳоро намояндагони воситаҳои ахбори омма ташкил медоданд, ба таври сода ва возеҳу равшан шарҳ дод, чунонки омӯзгор ба шогирдони худ бо асбобҳои аёнӣ. Ин ҷо асбоби аёнӣ харитаи Тоҷикистон бо нақшаи иншооти гидроэнергетикии мавҷуда ва сохташаванда буд. Аз ин беҳтару содатар ва оммафаҳм касе ин мавзӯъро то он рӯз шарҳ надода буд.
Дар соли 2009 суръати корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонии кишвар, сарфи назар аз таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ  чандон коҳиш наёфт. Номбар кардани чанде аз ин тадбирҳои пурарзиш баҳри собит намудани ин нукта кофист.
-  Дар таърихи Тоҷикистон бори нахуст 1 миллиону 300 ҳазор тонна ғалла рӯёнда шуд, ки ин ҳосили рекордӣ аст;
- Нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯ-     да-1” пурра ба кор даромад;
- Сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда–2” суръати бесобиқа пайдо намуд;
- Бунёди нерӯгоҳи азими Роғун бо қувваи худӣ авҷ гирифта, ба ғояи  миллӣ ва омили муттаҳидсози мардуми Тоҷикистон табдил ёфт;
- Хатти 500-киловолтаи “Ҷануб – Шимол” бо зеристгоҳҳои дар Осиёи Марказӣ беназираш ва 3 хатти 220-киловолта ба истифода супурда шуд;
- Роҳҳои мошингарди байналмилалӣ ба чор тарафи дунё дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд;
- Сохтмони маркази нави барқу гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе оғоз ёфт;
- Нақби Шаршар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва ба навсозии роҳи мошингарди Душанбе – Данғара асос гузошта шуд;
- Якчанд пулҳои азими мошингард дар водии Рашт мавриди истифода қарор гирифтанд;
- Бо ташкили мулоқотҳои сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон ва чорҷониба бо ҳамроҳшавии Президенти Федератсияи Русия  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мақоми созандаи Тоҷикистонро дар сиёсати минтақавӣ собит намуд;
- Бо суханрониҳои худ дар СММ, Форуми ҷаҳонии об ва конфронсҳои байналмилалии Женеваю Копенҳаген Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дурустии мавқеи Тоҷикистонро доир ба масоили об, энергетика ва экология дар сатҳи ҷаҳонӣ собит намуд;
- Бо тадбирҳои Соли бузургдошти Имоми Аъзам Тоҷикистон дар олами Ислом нуфузи бесобиқа пайдо кард.

Абдуфаттоҳ ШАРИФЗОДА,
Заровудин СИРОҶОВ


Баёни ақида (0)

07.09.2010


Наврӯз ҷашни байналмилалии кишварҳои узви САҲА эълон шуд

Душанбе: 15 иншоот мавриди истифода қарор гирифт

Барномаи ҷаҳонии озуқа: лоиҳаи нав роҳандозӣ гардид

Таҷрибаи эстониҳоро омӯхтанд

7 корхонаи хишт ба кор даромад

«Шашболоӣ» 200 оиларо бо барқ таъмин мекунад

Тафсилоти таркиш дар Хуҷанд

Медведев дар Қазоқистон. Кадом масъалаҳо баррасӣ мешаванд?

Президенти Афғонистон шӯрои гуфтугузор бо толибонро созмон дод

Молдова: раъйпурсии ноком

Гурӯҳи баскҳо - ЭТА оштӣ эълон кард

Тағйири шеваи ҷангии Амрико дар Афғонистон

Чилӣ: кӯҳканҳо як моҳ боз дар зери заминанд

04.09.2010


Ҳомиди Карзай: дар пайи ҳамлаи ҳавоии НАТО сокинони осоишта қурбон шуданд

Ҳамкориҳо бо НАТО роҳандозӣ мешаванд

Ҷоиза муборак!

Ёриҳои хайрияи идона дар остонаи иди сайиди Фитр

Робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҳиндустон густариш меёбанд

Ҷоизаи омӯзгори собиқадор Нозима Камолова – хонаи истиқоматӣ

Бӯрёкӯбон дар остонаи ҷашни Истиқлолият

Ҷоми футболи Тоҷикистон – 2010: даври нимниҳоӣ расид

Таркиш дар Хуҷанд: 25 нафар захм бардошт

Ҳадаф аз сафари Медведев ба Боку чист?

Шоҳроҳи Пекин – Тибет: 120 километр танбаи Автомобилӣ

Назарсанҷӣ: ба бисёре аз русиягиҳо дин даркор нест

Рӯзи вохӯрии нави Аббосу Нетаняҳу муқаррар шуд

02.09.2010


Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ бо Афғонистон ва НАТО баррасӣ гардиданд

Корхонаҳои семент ба истифодаи ангишт мегузаранд

Аз 10 сентябр пулҳои нав ба муомилот мебароянд

Хати “Хуҷанд – Айнӣ” водии Зарафшонро бо барқ таъмин месозад

Салом, мактаб! Марҳабо, соли нави таҳсил!

Дарҳои театрҳо ба рӯи тамошобинон боз шуданд

Варзишгари тоҷик – барандаи Ҷоми қаҳрамони мутлақи ҷаҳон - 2010

31.08.2010


Гурӯҳи ҷинояткори фаромиллӣ. Кофтуков давом дорад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед