logo

фарҳанг

"ЗАБОНИ МИЛЛАТ – ҲАСТИИ МИЛЛАТ". АСАРЕ, КИ ҲУВИЯТИ МИЛЛИРО КАМОЛ МЕБАХШАД

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи тозае боз гардид, ки аз чанд ҷиҳат барои мардуми Тоҷикистон муҳим арзёбӣ мегардад. Зеро то ин замон на танҳо озодиҳои сиёсӣ маҳдуд мешуданд, балки меъёрҳои илмӣ низ дар қолаби идеологияи шӯравӣ ва чаҳорчӯбаи интернатсионализм роҳандозӣ мегардиданд. Яъне, таваҷҷуҳ ба масъалаҳои худшиносӣ, худогоҳӣ, ҳофизаи таърихӣ ва ҳувияти миллӣ барои малул гаштани хотири баъзе дӯстон нораво маҳсуб меёфт.

Аммо, баъди тулӯи хуршеди истиқлолият ҳамаи дарҳои баста боз гардида, дар китоби илми ҷаҳонӣ саҳифаи ҷадиде бо номи тоҷикшиносӣ буруз намуд ва «акнун аз файзи истиқлолият мо имкон пайдо кардем, ки омӯзишу таҳқиқи таърих, забон ва фарҳанги худро бидуни бими «ранҷи дӯстон» ва бе ороишҳои дурӯғин, ки таърихи мо аслан ба онҳо ниёзе надорад, анҷом диҳем».
Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ осори зиёди илмӣ дар соҳаҳои гуногун навишта шуд, ки, бешак, яке аз беҳтарини онҳо асари мондагори «Забони миллат – ҳастии миллат»-и Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Асар доир ба забон ва таърихи пурифтихору фоҷиабори он ва дар асоси сарчашмаҳои муҳим таълиф гардидааст. Дар ин асари арзишманд баробари масъалаҳои дигар, ҳувияти миллӣ яке аз масоили меҳварӣ мебошад, ки аз ибтидо то интиҳо чун хати сурх намудор аст.
Забон як бахши муҳим ва асосии ҳувияти миллӣ ба шумор меравад. Он дар муаррифии асолати миллӣ нақши мондагор дорад ва маҳз бо дарназардошти ин аҳамият онро шиносномаи миллат гуфтаанд. Ҳамчунин, ба таъбири муаллифи китоби мавриди назар, «забон, дар маҷмӯъ, як қисмати муҳим ва ё ба ибораи дигар як бахши нигорандаи таърихи халқи мо буда, оинаест, ки дар он роҳи дуру дарози тайкардаи халқи тоҷик бо ҳама шебу фарози он инъикос ёфтааст».
Далели дигари ҷузъи ҳувияти миллӣ будани забон дар он аст, ки вақте миллат забонашро дигар мекунад, ҳувияти он низ дигар мешавад. Дар арсаи таърих басе миллатҳоеро медонем, ки бо сабаби аз байн рафтани забонашон худшиносии қавмашон низ гум шудааст ва беҳуда нест, ки номи аксар забонҳо аз номи миллатҳо гирифта шуда, маълум мегардад, ки ин ду мафҳум ҳамрадиф ҳастанд. Масалан, замоне ки арабҳо бо нияти тарвиҷи дини ислом манотиқи мухталифро ба тасарруф дароварданд, забону лаҳҷаҳои зиёде дар зери фишори забони онҳо ва фарҳанги исломӣ ҷойи худро тиҳӣ гузоштанд ва ҳувияти қавмии соҳибонашон фаромӯш гардид. Сарнавишти лаҳҷаҳои романии Ситсилия, забонҳои қабилаҳои соҳилҳои Африқои Шимолӣ, забони қибтии Миср, забон ва гӯишҳои оромии Сурия, Фаластин, Ироқ ва ғайраро метавон далели ин гуфтаҳо ҳисобид.
Зикр намудан бамаврид аст, ки забон ва ҳувияти миллӣ тӯли таърих ҳамеша тавъам буда, ҳастии миллатро наметавон бидуни яке аз инҳо, ки ҳамдигарро такмил медиҳанд, тасаввур намуд. Чуноне ки дар китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» - и Эмомалӣ Раҳмон бо бурҳони қотеъ собит шудааст, аввалин наҳзатҳои тоҷикӣ бар зидди бегонагон, бавижа арабҳо, аз забон шурӯъ шуд. Охири солҳои 80 - уми асри гузашта низ дар Тоҷикистон аввалин падидаҳои истиқлолхоҳӣ аз ҳимояи забон шурӯъ шуд, ки ба ин масъала низ дар асар ишора шудааст.
Дар китоби «Забони миллат - ҳастии миллат» чуноне ки зикр намудем, масъалаи ҳувияти миллӣ дар бобҳои «Даврабандии таърихии забони тоҷикӣ» ва «Забони мо дар давраи истилои араб ва нахустин сулолаҳои эронитабор» бурузи бештар дорад.
Аз мутолиаи асар ва баррасиву таҳлилҳои Пешвои миллат маълум мегардад, ки забон  рукни ҳастии миллат, шиносномаи он ва ҷузъи ҷудонопазири ҳувияти миллӣ ба шумор меравад. 
А. ОДИНАЕВ, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.07.2019    №: 131    Мутолиа карданд: 89

22.07.2019


МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН. Қонуншиканиҳо ҳанӯз зиёданд

ТАҲСИЛОТИ САЛОҲИЯТНОК ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ЗАМИН. Камбуди оби полизӣ мушкили ҳалталаб боқӣ мемонад

Гилерми: «Тоҷикон соҳиби кишвари афсонавианд»

Швейтсария дар Тоҷикистон бонк мекушояд

Ҷаҳон дар як сатр

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед