logo

иқтисод

ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. ИСТЕҲСОЛИ 43 ҲАЗОР ТОННА АСАЛ. ЧӢ БОЯД КАРД?

Дар ҷумҳурӣ истеҳсоли 4 ҳазору 123 тонна асал (соли 2018) эҳтиёҷоти аҳолиро, ки бояд дар як сол як нафар 2 кило асал истеъмол кунад, қонеъ гардонда наметавонад. Барои таъмин намудани талаботи аҳолӣ истеҳсоли солона 18 ҳазор тонна асал зарур мебошад. Ин ва дигар масоили рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ дар конфронси ҷумҳуриявии илмӣ – амалии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон зери унвони «Усулҳои самараноки баланд бардоштани маҳсулнокии оилаҳои занбӯри асал» мавриди баррасӣ қарор гирифт. 

Саидҷамол Саидзода, ноиби президенти АИКТ, иброз дошт, ки таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти озуқа яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онро яке аз ҳадафҳои стратегӣ муайян кардааст. Дар ин радиф бо ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ имкониятҳои мусоид фароҳам омадаанд ва дар доираи татбиқи «Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» сол ба сол зиёд намудани шумораи оилаҳои занбӯр ва истеҳсоли маҳсулот то 43 ҳазор тонна дар назар аст.
Асал ва маҳсулоти асал ҳамчун ғизои ниёзи аввал ҳисобида нашавад ҳам, истеъмоли он барои солимии аҳолӣ муҳим аст ва истеҳсоли зиёди он метавонад ба буҷети маҳаллӣ миллионҳо сомонӣ даромад оварад. Ҳоло ки дар ҷумҳурӣ 4 ҳазору 123 тонна асал истеҳсол гардида, соли гузашта 16 тоннаю 170 килограмм ба Чину Амрико содирот шудааст ва дар нимсолаи аввали соли 2019 содирот ба Федератсияи Россия ҳамагӣ 1 тоннаро ташкил дод, таъминоти аҳолӣ бо ин намуди маҳсулот нишондиҳандаи камро мемонад.
Сабаби кам содирот шудани асалро мутахассисон, пеш аз ҳама, ба пайвастагиҳои биохимиявии таркиби асал вобаста медонанд, ки сифати маҳсулоти содиротиро муайян менамояд ва бояд ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ бошад.
Убайдулло Ҳабибов, сардори шуъбаи раёсати назорати байторӣ ва зотпарварии Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, гуфт, ки соли сипаришуда ба озмоишгоҳи миллии кумита 245 намунаи асал ворид шуда, 77 намуна аз санҷиш нагузашт, яъне 33 дарсади маҳсулоти аз ташхис баровардашуда, ба стандартҳо ҷавобгӯ набуд. Бинобар ин, ба сифати маҳсулоти занбӯри асал диққати ҷиддӣ додан зарур аст. 
Воқеан ҳам, дар бисёр маврид сифати асал ва маҳсулоти дигари соҳа боиси нигаронии мардум гардидааст, ки бештар ҳангоми хариди асал ба мушоҳида мерасад. Мутахассисон бар он андешаанд, ки занбӯриасалпарварон бояд бештар ба истеҳсол ва сифати асал таваҷҷуҳ намоянд. Абдурашид Шарифов, доктори илмҳои кишоварзӣ, изҳор дошт, ки бисёре аз занбӯриасалпарварон кӯшиш менамоянд шумораи оилаҳои занбӯри асалро зиёд нишон диҳанд, яъне қуттиҳояшонро якбора бо 16 шон (рамка-чаҳорчӯба) пур мекунанд. Аз рӯи қоида, то вақти пурра нагардидани шон бо занбӯр набояд шони дигар гузошта шавад. 80 дарсади занбӯриасалпарварон оилаи селашудаи занбӯрро нигоҳ дошта, истифода мебаранд. Шумораи занбӯрҳо бояд каму босифат шавад. Мо бояд оилаи занбӯрро пурқувват нигоҳ дорем, зеро ҳар чи қадар оила мустаҳкам бошад, ҳамон қадар зуд афзоиш меёбад, - зикр намуд А. Шарифов. 
- Сифати асал хеле муҳим аст, вале як чизро бояд ба инобат гирифт, ки сифат аз хӯроки занбӯр вобастагии калон дорад. Занбӯриасалпарварӣ ба соҳаи зироаткорӣ сахт алоқаманд буда, бе гардолуд намудани рустаниҳо гирифтани ҳосил душвор аст. Ҳар қадаре, ки рустаниҳо шаҳдбор бошанд, сифат ва ҳосили асал низ беҳтар мешавад. Алҳол мушкили асосии занбӯриасалпарварон ин норасоии захираи хӯроки занбӯр мебошад. Аксари заминҳо хусусианд ва дар баъзе маврид гузоштани оилаҳои занбӯри асал боиси норизоии соҳибмулкон мегардад, дар ҳоле ки солҳои пеш хоҷагиҳои давлатӣ дар заминҳои кишт қатраборону юнучқа мекоштанду занбӯр ҳосили дилхоҳ медод, - гуфт занбӯрпарвар Сулаймон Бозоров аз ноҳияи Шамсиддин Шоҳин.
Дар парвариши асал саҳми аҳолӣ хеле калон аст. 89,3 дарсади оилаҳои занбӯр ва маҳсулоти асал дар дасти онҳост ва 3 ҳазору 569 тонна асалро маҳз аҳолӣ истеҳсол мекунад. Аммо ин ҳанӯз басанда нест. Занбӯриасалпарварон дар як рӯз то 1 кило асал мегиранд, ки хеле кам мебошад. Ба андешаи коршиносон, ба афзоиши маҳсулнокии оилаи занбӯр, асосан, омехташавии зотҳои карпатӣ, қафқозиву итолиёвӣ ва украинӣ таъсири манфӣ гузошт. 
Тибқи маълумоти директори Институти чорводорӣ Файзулло Амиршоев, олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ барои ҳалли масъалаҳои ҷойдошта дар самти селексия, технологияи парвариш намудани оилаҳои занбӯри асал, махсусан парвариши занбӯри зоти тоҷикӣ ва пешгирӣ аз касалиҳо, тадқиқот бурда истодаанд. Соли сипаришуда шумораи оилаи занбӯр дар кишвар 223 ҳазору 386 оиларо ташкил дод, ки нисбат ба соли пешӣ 1,6 дарсад зиёд мебошад, аммо ин нишондиҳанда барои истеҳсоли асал, таъмини эҳтиёҷоти аҳолӣ ва содирот ҳанӯз нокифоя аст. 
Яке аз роҳҳои ҳалли масъала афзоиш додани  оилаҳои занбӯр, зиёд намудани номгӯи маҳсулоти занбӯриасалпарварӣ, аз қабили мум, гарди гул, шири модарзанбӯр, заҳри занбӯр ва ба роҳ мондани коркарду бандубасти маҳсулот мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ, ҳамчунин, бунёди корхонаҳои маҷмӯавии иборат аз коркарди чӯбу тахта барои истеҳсоли кандуҳо (занбӯрқуттӣ), истеҳсоли асбобу анҷоми занбӯрпарварӣ, ки бештар аз хориҷи кишвар ворид карда мешаванд, ғайр аз ин, омӯзондани занбӯрпарварон ва шинос кардани онҳо бо таҷрибаи пешқадами дигар давлатҳо мебошад ва аз масъулони соҳа андешидани тадбирҳои заруриро тақозо менамояд. Вақте дар давоми татбиқи ду барномаи давлатии рушди занбӯриасалпарварӣ барои солҳои 2005-2011 ва 2011-2016 истеҳсоли асал ҳамагӣ ба 4 ҳазору 123 тонна расонда шудааст, то соли 2022 ба 43 ҳазор тонна расондани ҳаҷми истеҳсол кори мушкилу заҳматталаб аст.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК,  «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.07.2019    №: 133    Мутолиа карданд: 113

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед