logo

Хабарҳо

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Дар пойтахти Австрия – Вена таҳти раёсати Тоҷикистон иҷлосияи навбатии Форуми ҳамкории амниятии САҲА (FSC) баргузор шуд, ки дар он масъалаи ҳамгироӣ ва ҳамкорӣ миёни Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва САҲА дар минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид.
Бо даъвати ҷониби Тоҷикистон дар ҷаласа ба сифати суханварони калидӣ Дабири кулли СҲШ Владимир Норов, намояндаи махсуси ИА оид ба Осиёи Марказӣ Петер Буриан ва Дабири кулли САҲА Томас Гремингер иштирок намуданд.
Владимир Норов оид ба ҳамкориҳои кишварҳои узви созмон дар соҳаи амният ва мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ ибрози андеша намуда, таъкид кард, ки ҳанӯз аз оғози фаъолияташ СҲШ муваззаф шуда буд, ки дар таъмини сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ нақши муҳим дошта бошад. Ӯ таъкид дошт, ки баҳри  тақвияти  мубориза бо таҳдидҳои марбут ба маводи мухаддир, сарони кишварҳои узви СҲШ зарур медонанд, ки пешнависи Консепсияи бунёди Маркази зидди маводи мухаддири СҲШ дар Душанбе таҳия гардад.
 Петер Буриан аз тамоюли рушди ҳамкориҳо миёни ИА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ тайи солҳои ахир изҳори қаноатмандӣ намуда, таваҷҷуҳи ҳайатҳоро ба муқаррароти Стратегияи нави ИА дар Осиёи Марказӣ аз 17 июни соли 2019 ва  натиҷаҳои 15 - умин нишасти солонаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки 7 июли соли равон дар Бишкек баргузор гардид, ҷалб кард.
Томас Гремингер тазаккур дод, ки фазои мусоиди ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ, ки чанд соли ахир ба мушоҳида мерасад, шароитро барои таъмини рушди муштараки кишварҳо фароҳам сохтааст. Ӯ ба раёсати Тоҷикистон ҷиҳати ворид намудани мавзӯи ҳамгироӣ миёни созмонҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ба барномаи FSC изҳори сипос кард.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 149

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед