logo

фарҳанг

«БАЪДИ САД СОЛ ҲАМ КУҲНА НАЯМ»

Устод Одина Ҳошим дар соҳаи мусиқӣ аз нобиғаҳои даврони худ маҳсуб мешавад. Ҳар қадар дар бораи ӯ гуфтанду мегӯянд ва навиштанду менависанд, ҳанӯз ҳам ва баъдҳо низ кам асту кам мемонад. Чаро? Чунки ба дунёи асрори ҳунар ва худи ин марди ҳама истеъдоди нотакрор роҳ бурдану омӯхтану  баҳои сазовору ҳақиқӣ додан ҳеҷ касро даст намедиҳад. Бо он ҳунару истеъдод то ба ҳол куҳна нашудааст ва намешавад. Оре, ба ифодаи Мирзо Абдулқодири Бедил: "Агар сад сол ҳам бигзарад, куҳна наяст".
Эҷод ва тарзи иҷроишаш васеву серпаҳлу мебошад. Қуллаҳои бас баланди ҳунарро дар андак муддату замон фатҳ кардааст, ки дигар ҳунарпешагонро муяссар нагардидааст. Аз худ мероси бисёру ғанӣ гузоштааст, ки ин бахту неру на ҳар овозхонро насиб шудааст.
Агарчи дар соҳаи мусиқӣ ҳунарпешагони зиёде ба майдон омадаанду аз худу истеъдодашон башорат додаанд ва низ мавқеи сазовор пайдо намудаанд, аммо ба андешаи инҷониб ба сатҳи Одина Ҳошим ва Аҳмад Зоҳир нарасидаанд. Ҳар ду ҳам, ҷойи таассуф аст, ки умри дароз надидаанд, вале дар ин андак фурсате, ки доштанд, бисёр эҷод карданд, бисёр барномаҳои ҳунарияшонро пешниҳоди ҳаводоронашон намуданд. Аз ин рӯ, ман ба ин ҳар ду овозхон ҳеҷ овозхони дигарро баробар карда наметавонам.
Аҳмад Зоҳир мусиқии Ғарбро бо Шарқ пайваст ва созҳои ғарбиро бо шарқӣ – якҷоя дар эҷоду барномаҳои ҳунарияш фаровону бамавқеъ истифода намуд.
Одина Ҳошим дар иҷрои жанри мусиқии миллии фалак ҳеҷ сози ғарбиро напайваст, истифода накард. Аз созҳои миллӣ танҳо дутор ва ғижжак, ки ҳар ду ҳам ду тор доранд, инчунин, доираву таблак ба тарзи ҳирфавӣ кор бурд. Албатта, назири инро ҳеҷ ҳунарпешаву мусиқидон ёд надорад. Ин дар соҳаи мусиқӣ бар сари худ як навъ таҳаввулот маҳсуб мешавад. Бо ин созҳо асолату ғановату дунёи беканори фалакро нишон доду бозгӯ намуд. Ва ҳам собит сохт, ки дар ин ду тори дутору ғижжак чи асрори нуҳуфтаву нокушода мавҷуд аст. Дар ин маврид ҳеҷ гоҳ роҳашро, андешаашро дигар накард. Ин мақсаднок ҳам буд. Хост, ки асолати мусиқии миллӣ боқӣ бимонад, аз миён наравад. Бартарии ҳунарпешаи маъруф Одина Ҳошим низ дар ҳамин аст.
Бо ҳамин ду тору ду соз фалакро то ба фалак расонду машҳури дунё кард. Бешак, дар баробари он миллатро низ.
Дар озмунҳои сурудҳои мардумие, ки дар Афғонистон доир мегардиданд, ҳатман устод Одина Ҳошим ғолиб меомад ва ҷойи аввалро соҳиб мегардид. Дар дигар кишварҳои Шарқ, аз ҷумла Покистон, Эрон, Ҳиндустон ба маҳорату истеъдод ва хонишаш қоил мешуданду сари таъзим фуруд меоварданд.
Бартарии ин хунёгару овозхон боз дар он буд, ки мусиқиву ашъорро дар сатҳи баланд, баробар дарку фаҳм менамуд. Беҳтарин матн ё худ ғазалу рубоиҳоро барои сароидан нахуст интихоб мекард. Баъд ба онҳо наздики сад оҳанг ва ҳам беш аз он меофарид. Ва аз ин миён якеро, яъне беҳтарину мувофиқтарашро бо он матн месароид.
Ҳамин тавр, пайваста бо заҳматҳои хастагинопазир эҷод мекард. Аз ин сабаб матн ва оҳангҳо бо ғановату тавъам  афтоданашон фарқ менамоянду писанди ҳаводорони соҳаи мусиқианд.
Боиси ифтихори ин ҷониб аст, ки як муддат, тахминан 4 – 5 сол дар як ноҳия, ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо ин устоди забардасту нотакрори мусиқӣ фаъолияти пурсамар доштам. Ба ин васила ба дунёи эҷодаш ва ба асрори ҳунараш то ҷое роҳ бурдам.
Пас аз эҷоди ҳар сурудаш ба мо дар бораи он ва такмилаш машварат доир мекард. Бо ин ки худ ба пояи камол расида буду он сурудҳо олӣ маҳсуб мешуданд, андешаву пешниҳодҳои мо барояш қимат дошт ва онҳоро гӯш мекарду муҳимтарину дурусттаринашро бо хушнудӣ мепазируфт.
Устод бо такмили сурудҳояш онҳоро чандин бор дар назди  мардуми ноҳия месуруд. Дар ин муддат тарзи иҷроишаш пухтатар, ки мешуд, баъд онҳоро сабт менамуд, то аз тариқи радиову телевизион бишунавонанд ва намоиш бидиҳанд.
Тавре зикр кардам, овози нотакрор, ширину ширадор, дилнишин дошт. Ба такрор шунидани сурудҳояш касро ҳеҷ хаста намекард, балки роҳат мебахшид. Садопардаҳояш то ба дараҷае тоза буд, ки ягон ғубору норасоӣ дар суруданаш эҳсос намешуд.
Ман ба воситаи ӯ ва дар шахсияти ӯ ин ҳақиқатро дарёфтам: нафаре, ки истеъдод ва ҳунари баланд дорад, одамияташ, одамгарияш низ ҳамон қадар баланд мешудааст. Завқаш, дарку фаҳмаш ҳам.
Пас аз даргузашти устод аз ин дунё  насиб будаасту набераашро ба фарзандӣ хондем. Писарам бо ӯ як зиндагии шоиставу намунавӣ дорад.  Ӯ мисли фарзанди худамон, духтари худамон мебошад. Духтари хубу боодоб аст. Яъне, муҳити неку хуби фарҳангӣ таъсири мусбати худро ҳатман гузоштааст. Ба яқин, аз ин ман ҳамчун дӯст ва шогирди содиқи Одина Ҳошим ифтихор  дорам.
Холаҳмади МАҶИД, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.07.2019    №: 134    Мутолиа карданд: 324

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед