Хабарҳо
ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад
Тибқи дурнамои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030, дар назар аст, ки иқтидори энергетикии кишвар ба 10 ҳазор мегаватт расонда шавад.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода иброз дошт.
Тавре зикр шуд, дар нимсолаи якуми соли равон истеҳсоли неруи барқ 10, 1 миллиард кВт - соатро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 617,1 миллион кВт - соат беш аст.
Аз муштариёни дохилӣ 1 миллиарду 276 миллион сомонӣ маблағи неруи барқ ҷамъ оварда шуд, ки дар қиёс ба шашмоҳаи соли сипаригардида 270 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аммо, сарфи назар аз ин, дар ин давра қарзи дебитории ширкати «Барқи тоҷик» аз ҳисоби истифодабарандагони энергияи барқ ва гармӣ беш аз 2,5 миллиард сомониро ташкил дод.
Шаҳбоз АБРОР
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 160