Хабарҳо
Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд
Regnum.ru. Ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ дар мамолики Иттиҳоди давлатҳои Мустақил дар моҳҳои январ - майи соли равон 2,5 дарсад боло рафт, - хабар дод Кумитаи омори Вазорати иқтисоди миллии Қазоқистон.
Нархҳои истеъмолӣ дар кишварҳои иттиҳод аз аввали сол 3,1 дарсад афзуданд, нархи истеҳсолгарони молҳои саноатӣ - 2,2 дарсад. Дар панҷ моҳ суръати рушди ММД дар ИДМ 1,1 дарсадро ташкил дод. Натиҷаи беҳтаринро дар ин бобат Тоҷикистон ноил гашт - 7,5 дарсад. Дар ҷойҳои дуюму сеюм Арманистону Туркманистон: мутаносибан 7,1 ва 6,2 дарсад. Суръати пасттарин дар Россия (0,5) ва Беларус (1) ба қайд гирифта шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 189