Хабарҳо
ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Вазорати адлия дар самти фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва 1540 ҳуҷҷати хусусиятҳои ҳуқуқии байналмилалидошта, хулосаи ҳуқуқӣ пешниҳод кардааст.
Тавре Шоҳмурод Рустам, вазири адлия, зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, дар ин давра аз 76 санади умумиҳатмӣ барои санҷиш ва бақайдгирии давлатӣ воридгардида, 39 санад ба қайд гирифта шуда, 29 - тои он, бинобар мухолифат кардан ба қонунгузории амалкунанда, рад гардид.
- Вазорат ҷиҳати мутобиқнамоӣ ба талаботи Конститутсия, татбиқи нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2019 – 2022 ва бо мақсади бартараф намудани ихтилофот ва норасоиҳо дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ин давра 31 лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намудааст, - гуфт Шоҳмурод Рустам.
Лашкар ШАРИФ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 190