Хабарҳо
Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд
Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, сардори Саридораи геологияи тоҷик, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки давоми шаш моҳи аввали соли равон аз ҳисоби Буҷети давлатӣ ба маблағи беш аз 4, 5 миллион сомонӣ аз рӯи 21 лоиҳа дар объектҳои металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ, радиоактивӣ, гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва геоэкология корҳои омӯзиши геологӣ гузаронда шуд.
Дар натиҷаи корҳои гузаронда, тарози давлат аз ҳисоби тилло, ангишт, регу шағал, хок, оҳаксанг, ашёи сементӣ, газ ва нафт ғанӣ гардид.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи лоиҳаи «Баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ» бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ним сол 2810 харитаи геологии зуҳуроти канданиҳои фоиданоки ҷумҳурӣ рақамӣ шуд.
- Тибқи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли ҷорӣ ба ширкати «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» барои ҳуқуқи омӯзиши геологии кони тиллои Кумарғи Болои ноҳияи Айнӣ иҷозатнома дода шуд, - афзуд Илҳом Оймуҳаммадзода.
Шаҳбоз АБРОР
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 170