Хабарҳо
Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар қароргоҳи беруназшаҳрии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ёнро ба ҳузур пазируфт.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳукумати Корея дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни мулоқот ба ташкили корхонаҳои муштарак, аз ҷумла дар соҳаҳои коркарди ашёи хом, технологияи ҳозиразамон ва саноат, ҳавасмандӣ зоҳир гардид.
Бо мақсади таҳким ва тавсеаи ҳамкории самарабахш миёни пойтахтҳои ду кишвар, пешниҳод гашт, ки байни шаҳрҳои Душанбе ва Сеул муносибатҳои бародаршаҳрӣ ба роҳ монда шавад. Дар ин робита, тарафҳо тасмим гирифтанд, ки ояндаи наздик санади ба роҳ мондани муносибатҳои бародаршаҳриро ба имзо расонанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 226