logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН ИФТИХОРИ МАНУ МО

Хурсанду шодам, дар замоне, дар кишваре зиндагӣ ба сар мебарам, ки сарвари он Пешвои миллат, сулҳпарвару адолатхоҳ, ғамхори ятимон мебошанд. Ва ҳам имкони бештар аз пештар фароҳам оварданд, то мо бо амну осоиштагӣ, таъмини ҳама шароиту имконият таҳсил бинамоему дониш бигирем.

Дар ҳар суҳбату вохӯрӣ таъкид медоранд, ки илм биомӯзем, соҳиби ихтисос бишавем ва дар пешрафту тараққиёту ободонии Тоҷикистони азиз - Ватани маҳбубамон саҳми чашмрас бигирем. Пайваста изҳор медоранд, ки ояндаи ин кишвар аз ҷавонон аст. Зимни ироаи Паёми навбатӣ низ изҳор  доштанд: «Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад».
Бо ин боварӣ ва як навъ ҳидояти дуруст моро зарур аст, ки ба ин миллат, Ватан, воқеан, бо садоқати бештар хидмат бикунем.
Ҷаҳони пурҳаводис ҳушдорест, ки бояд пайрави Пешвои миллат ва дар атрофашон муттаҳид бошем. Нифоқу парокандагӣ сабаби нестии давлату миллат мегардад. Ҳодисаҳои ногувори солҳои 90 – уми асри рафта, ки онро аз тариқи наворҳо, филмҳо дидем, барои ҳар кадоме аз мо сабақест, дарсест.
Ҷанг, дар ҳақиқат, даҳшат аст, даҳшати бузург. Ба як дам қурбониҳои зиёду харобиҳои бешуморро  аз худ боқӣ мегузорад. Дар дилҳо тухми кинаву адоват мепошаду онҳоро мепарварад.
Пас чӣ гуна ин сулҳ, амну осоиштагиро шукр нагӯям? Чӣ гуна ифтихор накунам, ки кишвари  азизамон рӯз ба рӯз ободтар мешавад?
Роҳҳои мумфаршу ҳамвор, биноҳои зебову баландошёна ва гулгаштҳоро бо ҷилваи рангҳо дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе ва ҳар гӯшаи диёр мебинаму меболам. Дар ҳақиқат, «ба ҳар ҷо фахр месозам, ки ман аз мулки озодам».
Беҳтарин сифатҳоро ман дар шахсияти Пешво мебинаму мегӯям, ки намунаи ибратанд. Мебинам, ки ба мардум бо муҳаббату самимият суҳбат мекунанд, аз мушкилоташон  воқиф мешаванд ва барои ҳаллашон дастур медиҳанд.
Мебинам, ки аз ҳар дастоварди як тоҷикистонӣ дар берун ва дохили кишвар низ шод мешаванд.
Мебинам, ки дасти навозиш бар сари ятимон мебаранд ва падарвор онҳоро мебӯсанду либосҳои зебо мепӯшонанд.
Аз ин рӯ, мо Сарвари давлатамонро дӯст медорем, эҳтиром мегузорем ва ҳамеша таманно мекунем, ки ба бахти ин миллат, хосса ҷавонон – ояндаи кишвари маҳбубамон ҳамеша Пешво ва роҳбару ҳидоятгарамон бимонанд.
Мартаба МИРМАДОВА,
 устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.07.2019    №: 141    Мутолиа карданд: 531
23.04.2021


Ҳамкорӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ матраҳ шуд

ҲИНДУСТОН. РЕКОРДИ НАВИ СИРОЯТЁБӢ БА ПАНДЕМИЯИ КОРОНАВИРУС

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ДАР БИСТ РӮЗ 82 ДАРСАДИ НАҚША ИҶРО ШУД

ВАЗЪИ БОЗОРИ ДОХИЛИИ АСЪОР

РОҒУН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

2020. Пешгирии 44 амали террористӣ дар Россия

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДЗЮДО

Навиди фарҳанг

ДАР ХУҶАНД МАКТАБИ ОКСФОРД БУНЁД МЕШАВАД

“МИРЗО ТУРСУНЗОДА ВА ҲИНДУСТОН”

21.04.2021


ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ ТАЪКИД ГАРДИД

20.04.2021


САФАРИ КОРИИ МИШЕЛ ТАРРАН БА ШАҲРИ КӮЛОБ

ЛИГАИ ОЛӢ

Конфронси Истанбул – шонси таърихӣ барои Афғонистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед