logo

сиёсат

ИСТИҚЛОЛИЯТ. НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ ТАЪРИХ ВА ДАСТОВАРДИ НОДИРИ СИЁСӢ

Истиқлолияти давлатӣ барои миллати фарҳангиву тамаддунофари тоҷик нодиртарин дастоварди сиёсиву сарнавиштсоз ба ҳисоб рафта, оғози давраи комилани нав дар таърихи давлатдории тоҷикон, марҳалаи тоза дар ташаккули тафаккур ва фалсафаи давлатдорӣ мебошад. Баъд аз садсолаҳо бори дигар миллати соҳибтамаддуни мо имконияти эҳёи суннатҳои аҷдодии давлатдориро ба даст оварда, Тоҷикистони азиз дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақилу соҳибихтиёр ва ташаббускори сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ  гардид.

Истиқлолият роҳи ягонаи таъминкунандаи пешрафти тамоми самтҳои фаъолияти ҳар як давлату миллат ба шумор меравад. Ба шарофати ин рӯйдоди бузурги таърихӣ халқи мо соҳиби рамзҳои давлатии худ – Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, асъори миллӣ ва Конститутсия гардид. Ҳамчунин, Истиқлолияти давлатӣ ҳувияту худшиносии миллии мардуми тоҷикро дучанд намуда, барои тақвияту густариш пайдо кардани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, рушду инкишоф, пешрафту гулгулшукуфӣ ва шинохти Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ заминаи пойдор фароҳам овард.
Халқи тоҷик бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба ҳастии таърихӣ, ақлу хирад ва иродаи қавии азалии худ тавонист оташи ҷанги дохилии таҳмилиро фурӯ нишонда, парчами озодиву адолатро ба хотири ҳифзи асолату арзишҳои миллӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ устувор гардонад. Дастовардҳои  назарраси кишвар дар ин фосилаи кӯтоҳи таърихӣ шаҳодати равшани он аст, ки халқи тоҷик бо ҳиммати баланди созандагиву фарҳангпарварӣ ва инсондӯстиву таҳаммулгароӣ ҳама гуна мушкилотро паси сар намуда, ҳамеша ба сӯйи пешрафт  ва  ба  хотири  ободиву тараққиёт кӯшиш  менамояд.
Тибқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 сиёсати давлат дар таъмини пешрафти минбаъдаи кишвар ба афзалият ва самтҳои асосии расидан ба ҳадафҳои  стратегӣ, аз қабили таъмини истиқлолияти энергетикӣ,  раҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ,  инчунин, вусъати шуғли пурмаҳсул равона  мегардад.
Истиқлолияти давлатӣ заминаи асосӣ ва ҳуқуқиро ҳамчун субъекти байналхалқӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам овард. «Сиёсати дарҳои боз» дар солҳои соҳибистиқлолӣ дурустии раванди худро исбот намуда, барои мавқеи Тоҷикистонро дар ҷаҳони муосир мустаҳкам  намудан  мусоидат  кард.
Дигар омили муҳими пойдории истиқлолияти ҳар як давлат рушди илму маориф, бахусус илмҳои дақиқ, татбиқи дастовардҳои технологиву инноватсионӣ ва навовариву ихтироъкорӣ аст. Дар баробари ин, таваҷҷуҳ ба тарбияи мутахассисони дорои донишҳои муосир, насли ҷавони соҳиби одобу ахлоқи намунавӣ, ватандӯсту соҳибмаърифат афзалияти кор аст, ки мо дар ин замина қадамҳои устувор гузоштаем. Ҳоло зарур аст, забону фарҳанг, расму оин ва суннату анъанаҳои миллии худро пайваста гиромӣ дорем, аз онҳо ифтихор кунем ва маънавиёти  насли  ояндасозро  бо арзишҳои миллати  куҳанбунёдамон тавсеа бахшида, зеҳну шуури онҳоро аз олудашавӣ ба унсурҳои бегона ҳифз намоем.
Фаромӯш набояд сохт, ки Истиқлолияти давлатиро миллати фарҳангиву тамаддунофари тоҷик ба осонӣ ба даст наовардааст ва  барои расидан ба он заҳмату талошҳои зиёд масраф шудааст. Аз ин рӯ, бояд бо шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот, фазои озоду осоишта, шароитҳои мусоиди муҳайёкардаи Ҳукумати кишвар, ғамхориҳои хирадмандонаи Сарвари  муаззами  давлат дар пешрафту рушди ояндаи босаодати Тоҷикистони азиз  саҳмгузор  бошем.  
Г. ХУШВАҚТОВ,
Х. КАМОЛЗОДА,
устодони Донишкадаи такмили  ихтисоси
Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.07.2019    №: 142    Мутолиа карданд: 430

24.02.2020


ГАРДИШИ МОЛ. ТАНОСУБИ СОДИРОТ НАЗАР БА ВОРИДОТ АФЗУД

РОҒУН. АФВШУДАГОН БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН МЕГАРДАНД

ГӮШТӢ. 4 МЕДАЛ АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ, АММО БЕ ТИЛЛО

ОЛИМОНИ БЕЛАРУС ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД АРЧА МЕШИНОНАНД

ИМА ДАР АФҒОНИСТОН АМАЛИЁТИ ҲУҶУМРО ҚАТЪ СОХТ

МУШОВИРИ ТРАМП ОВОЗАҲОРО ОИД БА ОҒОЗЁБИИ «ДАХОЛАТИ РОССИЯ» БА ИНТИХОБОТ БЕБУНЁД ХОНД

ГОНЧАРУК: «УКРАИНАРО СОЗИШНОМА БО РОССИЯ АЗ БОЛОРАВИИ НАРХИ ГАЗ НАҶОТ ДОД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОКС. РАҚОБАТИ АНВАР ЮНУСОВ БАРОИ КАМАРБАНДИ WBA–NABA

МЕРКЕЛ ВА МАКРОН БА ПУТИН ХАБАР ДОДАНД, КИ БА ВОХӮРИИ ЯКҶОЯ БО ЭРДУҒОН ТАЙЁРАНД

ЧИН БА САММИТИ G20 ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ НАМЕРАВАД

ДАР БЕРЛИН ДУЗДОНИ ТАНГАИ ТИЛЛОИИ 100 - КИЛОИРО СУД НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

20.02.2020


РУШДИ УСТУВОРИ ШАҲРСОЗӢ. ДАР ДУШАНБЕ ДОИР БА ИН МАВЗӮЪ СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР ГАРДИД

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "ДАСТАРХОНОРОӢ"

ДУШАНБЕ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. МУЛОҚОТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН БО ГУРӮҲИ КОРИИ КМИ ҲХДТ

РАШТ. ҲАМОИШИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

ГӮШТӢ. МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ҲАМА АГЕНТИИ ХУСУСИИ ШУҒЛРО МЕБАНДАНД

ҚАЗОҚИСТОН: 90 ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БАЪДИ БЕТАРТИБИҲО ДАР ҶАНУБИ КИШВАР

ДАР УХАН БОЗ 12 БЕМОРХОНАИ МУВАҚҚАТӢ БАРОИ БЕМОРОНИ COVID-19 КУШОДАНД

ПЙЕР ВИМОН: «ТАҲРИМОТИ ЗИДДИРУСӢ БАР ЗАРАРИ ХУДИ АВРУПО ШУДАНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯ ОИД БА ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ «ҲАҶ-2020»

КОДЕКСИ ОБ ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБИРО БА ТАНЗИМ МЕДАРОРАД

МАСОИЛИ ГУСТАРИШИ РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГӢ МАТРАҲ ШУДАНД

КОНФРОНС БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

ЛИЖАРОНӢ. ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ДОДАНИ ЛИТСЕНЗИЯРО ТАҶДИДИ НАЗАР МЕКУНАНД

ҚАЗОҚИСТОН. 13 ФУРУДГОҲИ МАСИРИ ҲАВОИИ МАҲАЛЛӢ МЕСОЗАД

САРВАРИ ФЕЪЛИИ АФҒОНИСТОН АШРАФ ҒАНӢ БОЗ ПРЕЗИДЕНТ ИНТИХОБ ШУД

ТИҶОРАТ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН МОҲИ ЯНВАР ДУ БАРОБАР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед