logo

иқтисод

БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ. ИСТИФОДА АЗ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ МУОСИР ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ

Соли 2020 дар мамлакат бори сеюм барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил доир мегардад. Ба ин муносибат, ҳоло дар кишвар омодагиҳои ҳамаҷониба ҷараён доранд. Барӯйхатгирии дарпешистода  ҷанбаҳои дигари ҳаёти кишварро низ фаро гирифта, маълумот доир ба нуфуси аҳолӣ, фонди манзил ва сатҳи зиндагиро дақиқ месозад. Ин навбат ҷамъоварии маълумот пурра тавассути технологияи навтарин сурат гирифта, сокинон мустақилона дар саҳифаҳои электронии алоҳида ба саволҳо посух мегӯянд.

Бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳоло низомнома ва ҳайати Комиссияи давлатии мусоидат ба барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст. Ҳамчунин, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020»  ташкили корҳои тайёрӣ, гузарондан, коркард, ҷамъбаст ва нашри натиҷаҳои барӯйхатгирӣ ба зиммаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор  шудааст.
Ба гуфтаи Қиёмиддин Давлатзода, муовини директори  Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар натиҷаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, пеш аз ҳама  маълумоти дақиқи оморӣ пайдо гардида, барои таҳияи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияю стратегияҳо, барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, ҳисоботи ҷорӣ, пешгӯии шумораи аҳолӣ, омӯзиш,  истифодаи захираҳои меҳнатӣ  ва гузарондани тадқиқоти илмӣ заминаи мустаҳкам фароҳам меояд.  
- Агентӣ дар кори барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил аз таҷрибаи давлатҳои пешрафта ва технологияи муосир истифода менамояд.  Барои дар амал санҷидани лоиҳаҳои методологӣ, барномаҳо, ҷараёни коркарди технологии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили навбатӣ,  аллакай, аз 10 то 24 октябри соли гузашта дар маҳаллаҳои 64 ва  91 - уми шаҳри Душанбе ва шаҳри Норак барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда шуд. Ин амал барои  истифодаи дурусти методу усулҳои муосири барӯйхатгирӣ имконият фароҳам оварда,  масъулонро барои мукаммалсозии нақшаи барӯйхатгирӣ ба андешидани тадбирҳои иловагӣ водор намуд. Дар маҳаллаҳои номбурда терминалҳои муҷаҳҳаз бо технологияи муосир истифода шуданд. Дар марказҳои барӯйхатгирӣ компютерҳои  ба шабакаи интернет пайваст насб гардиданд. Ҳамаи маълумот ва саволномаи барӯйхатгирии аҳолӣ дар планшет ҷой карда шуд, ки ин кори кормандони муваққатиро осон гардонд ва имконият дод, ки сокинон мустақилона саволномаи барӯйхатгириро пур намоянд, яъне зарурати ба хонаҳо  рафтани кормандонро аз байн бурд, - изҳор дошт Қиёмиддин Давлатзода.
Агентии омор тасмим гирифтааст, ки дар гузарондани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил соли 2020 дар 18 шаҳр ва 63 шаҳраки ҳудуди ҷумҳурӣ, ки аҳолиашон беш аз 26 дарсади аҳолии ҷумҳуриро ташкил медиҳад,  чунин терминалҳо таъсис дода, ҳамзамон, барӯйхатгирии аҳолиро дар ин маҳалҳо ба воситаи планшет гузаронад. Ин амал кори масъулони барӯйхатгириро хеле осон менамояд.
Ба гуфтаи муовини директори агентӣ, ташкили терминалҳо ва гузарондани барӯйхатгирии аҳолию фонди манзил ба воситаи планшет имконият медиҳад, ки шумораи кормандони ҷалбшаванда  беш аз 25 дарсад коҳиш ёфта, коркарди маълумоти бадастомада  осон гардад. Барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузарондани ин чорабинии муҳим ба роҳ мондани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ тадбири муҳимтарин аст. Ҳоло тавассути истифода аз воситаҳои ахбори оммаи сатҳи маҳаллию ҷумҳуриявӣ, ҷамъомадҳо,  насби лавҳаю овезаҳо ва нашри варақаҳои тарғиботӣ мардум аз чӣ гуна доир гардидани барӯйхатгирӣ огоҳӣ пайдо намуда истодаанд. Омодагии хуби аҳолии мамлакат барои дар сатҳи байналмилалӣ гузарондани ин чорабинӣ аҳамияти калон дорад.
- Тибқи тавсияҳои байналмилалӣ, бори аввал зимни барӯйхатгирии аҳолии соли 2010 фонди манзил низ ҷой дода шуд. Дар саволномаи барӯйхатгирии фонди манзил саволҳо, асосан, оид ба манзил гузошта  мешаванд. Аз ҷумла, масоҳату  навъи манзил ва  давраи сохтмони онро фаро мегирад. Ҳамчунин, вазъи ободонӣ,  гармирасонӣ, обтаъминкунӣ ва  пайвастшавии манзилҳо ба шабакаҳои партову дигар хизматрасониҳо мавриди санҷиш қарор мегиранд, - тавзеҳ дод Қиёмиддин Давлатзода.
Ҳоло Агентии омор ва сохторҳои дигари марбута ҷиҳати дар сатҳи баланд доир намудани  барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2020 мувофиқи нақшаи чорабиниҳо, ки  аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ шудааст, омодагии ҳамаҷониба мебинанд. Ин чорабинии муҳим дар арафаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар болоравии сатҳи зиндагӣ ва дастоварду пешравиҳои моро дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат рӯшан месозад. 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.07.2019    №: 142    Мутолиа карданд: 154

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед