logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад.

Филворди «Ҳолливуд»
Дар филворди навбатӣ насаби ҳунармандон ва коргардонҳои  машҳури Ҳолливуд (ҳам бонувон ҳам мардон) ҷой дода шудаанд. Тибқи қоидаи ҳалли филворд, муштариён бояд аз чап ба рост ва аз рост ба чап, аз боло ба поён ва аз поён ба боло ҳаракат карда, номи онҳоро пайдо намоянд.
Таҳияи Шафоатилло ШОКИРОВ
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
Бо мо ҳамкорӣ намоед! Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru


МЕРИ КРАЙНИ: «ГУРГҲО МАРО МЕШИНОСАНД»
Мери Крайни, котибаи 25 - сола дар иёлати Аляска, ҳаштмоҳа ҳомиладор буд. Ҳангоми баргаштан аз сафар бо сабаби ғафсии туман  роҳашро гум мекунад. Ба ҷуз ин мошинаш вайрон мешавад. Қарор медиҳад, ки то хонааш пиёда меравад, аммо дар роҳ аз дарди зиёд беҳуш мешавад. Ҳангоме ки ба худ меояд, тӯдаи гургонро мебинад, ки ӯро гирд намудаанд.
Мери мегӯяд, ки барои тадбирандешӣ фурсат наёфтам, зеро ҳамин лаҳза бояд фарзандамро таваллуд мекардам. Вақте ба худ омадам, дидам, ки яке аз он гургон сарашро дар болои шонаҳоям мондааст. Чор гурги дигар дасту пойҳоямро «молиданд», то ки аз сардии обу ҳаво ранҷ набарам. Ду модагург кӯдакамро гирифтанд. Яке нофашро газиду дигаре каме мӯинаро болои он гузошт, то тифл хунук нахӯрад. Хеле мехостам, ки фарзандамро ба дастам бигирам, аммо ин неруро надоштам. Модагург ин вазъиятро дида, кӯшиш кард, ки кӯдакро  ба дастам бидиҳад ва онро бо биниаш бардорад,  то бо дандонҳои тезаш ба тифл осеб нарасонад. Ҳамин тавр, кӯдакро дар болои қафаси синаам гузошт. Ҳангоме ки мегиристам, гургон бо навбат ашки чашмонамро мелесиданд, яъне пок менамуданд. Хулоса, як ҳафта дар он ҷо мондам. Худро дар муҳити оилаам эҳсос мекардам. Дар ин муддат наздикону пайвандонам дар ҷустуҷӯи ман буданд. Вақте маро пайдо намуданд, диданд, ки дар ҳалқаи гургҳоям. Бо силоҳ ба сӯи гургҳо тир андохтанд ва онҳо пароканда шуданд. Дар мошин чун нишастам, дидам, ки гургон аз қафоям бо меҳр назора доранд.
Мери мегӯяд, ки агар одамон маро намедиданд, ба гуфтаҳоям ҳеҷ бовар намекарданд. Ӯ ба рӯзноманигорон, ҳамчунин, гуфтааст: «Вақте ки фарзандам бузург шавад, ман ба назди он гургон меравам ва бовар дорам, ки маро мешиносанд».
Аз забони русӣ тарҷумаи Зебунисо ҲАМИДЗОДА, донишҷӯи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода 


ТОҶИКБАЧА ҲАМАРО БА ҲАЙРАТ ОВАРД
Сомонаи маъруфи варзишии Россия «Sports.ru» менависад, ки шанбеи гузашта дар бозии дастаҳои «Ротор» ва «Текстилшик», дар шаҳри Волгоград, ҳолати аҷибе рух дод. Вақте дастаҳо вориди майдон шуданд, борони шадид на танҳо футболбозон, балки кӯдаконе, ки ҳамроҳи онҳо буданд, тар намуд. 
Футболбози 26 - солаи тоҷик, ниммуҳофизатгари дастаи «Ротор» Муҳаммад Султонов, ба духтарчаи дар наздаш буда, кумак намуда, бо пироҳанаш болои сари ӯро пӯшонда нагузошт, ки тар шавад. Ин амали ӯ дар торномаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ диққати мардуми зиёдеро ба худ ҷалб намуд.
Бояд гуфт, ки Муҳаммад Султонов дар Тоҷикистон таваллуд шуда, футболбозиро дар ҳайати КМВА «Маскав» оғоз намудааст. Баъдан, ӯ дар дастаҳои «Локомотив - 2», «Спартак - Налчик», «Тосно» ва «Шинник» ҳунарнамоӣ кардааст. Ба дастаи «Ротор» - и Волгоград соли 2017 тавассути иҷораи озод гузашта, дар соли аввали фаъолият 15 бозӣ гузаронда, 4 гол задааст.
Таҳияи Маҳмуд БАҲРОМ


ШОУ ВА БОЙБАЧА
Боре, Бернард Шоу шиноси амрикоии сарватмандашро вохӯрд, ки бисёр мехост бо ӯ суҳбат кунад.
- Ҷаноби Шоу, чаро парешонхотир метобед? Ман омодаам як доллар диҳам, то донам, ки шумо ин лаҳза дар бораи чӣ фикр мекунед?
- Ташаккур дӯстам, чизе ки ман фикр мекунам, арзиши ин маблағро надорад.
- Ба ҳар ҳол, лутфан, бигӯед,- боисрор талаб мекунад бойбача.
- Ман дар бораи шумо фикр мекунам,- ноилоҷ мегӯяд Шоу.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалимаи ҚУРБОНАЛӢ


ЛӮХТАК БАРБИ
АКНУН ДАР АРОБАЧАИ МАЪЮБӢ
«Зебоӣ мафҳуми маҳдуд нест, он дар ҳама чиз рӯ зада метавонад». Чунин андеша доранд истеҳсолкунандагони бренди дар ҷаҳон хеле машҳури Барби.
Моҳи июни соли ҷорӣ Ширкати «Mattel» - и Амрико нахустин маротиба лӯхтакҳои машҳури Барбиро дар аробачаи маъюбӣ истеҳсол намуд.  Чуноне ки худи истеҳсолкунандагон иқрор шуданд, мақсад аз Барбиҳои «имконоти ҷисмониашон маҳдуд» дар қалби бачаҳо бедор намудани ҳисси раҳму шафқат нисбат ба ин қишри ҷомеа аст.
Дар тарҳрезӣ ва омодасозии он Чордан Ривзи 13 - сола ширкат варзид, ки имконияти ҷисмониаш маҳдуд мебошад. Макети аробачаи маъюбиашро бошад, мутахассисони клиникаи бачагонаи назди Донишгоҳи Калифорния сохтаанд.
Таҳияи Моҳитобон СУЛТОНЗОДА


ҶАВОБИ АҲМАҚ НА СУКУТ АСТ!
Маяковский дар донишгоҳи техникӣ, дар бораи сиёсати башардӯстона, маърӯза хонда, аз ҷумла мегӯяд:
- Шахсан ман дар байни русҳо худро рус ва миёни гурҷиҳо  гурҷӣ ҳис мекунам.
- Миёни аблаҳон чӣ? – гӯё бо тамасхур суол мекунад нафаре аз толор.
- Ростӣ, миёни аблаҳон бори аввал афтидам,- бе он ки худро гум кунад, - мегӯяд Маяковский.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзоди ҚУРБОНАЛӢ


ҲИКМАТИ ПАРВОЗ
Марде ба дӯсташ ду уқоби навзод туҳфа мекунад. Дӯсташ уқобҳоро ба ходим медиҳад ва мегӯяд, ки ба онҳо шикор омӯзад. Пас аз як моҳ мураббӣ омада мегӯяд, ки яке аз уқобҳо ба шикор омода аст, аммо аз чӣ сабаб бошад, ки уқоби дувум аз ҷой намеҷунбад. Хоҷа дастур медиҳад, ки ҳар касе уқобро ба парвоз дарорад, туҳфа мегирад. Субҳи дигар мебинанд, ки уқоб дар боғ парвоз мекунад. Хоҷа мепурсад:
- Ин корро чӣ гуна кардӣ?
Ходим чунин посух медиҳад:
- Фақат шохи дарахтеро, ки уқоб болои он нишаста буд буридам. Уқоб фаҳмид, ки бол ҳам дорад ва парвоз кард.
Таҳияи Лола РИЗОӢ


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
ПОРСОИ ҚАЛЛОБ
Дар Паркерсберг (Виргиния, ИМА) марде тавассути телефон барои тай кардани роҳи 500 – километра таксӣ киро кард. Тамоми роҳ ӯ худро чун шахси порсову тақводори наҷиб вонамуд месохт, аз пандҳои Исои Масеҳ – паёмбари Худо намунаҳо меовард, дар бораи Худо ва дин бисёр суханҳои наку мегуфт, фиребу найранг, қаллобиву маккориро мазаммат менамуд. Ҷойи тааҷҷуб нест, ки эътиқоди ронанда ба мусофир афзуд, бовар кард, ки вай шахси хеле поквиҷдон аст. Вақте ки мусофир ба манзил расиду гуфт, ки алҳол вай пули нақд надорад ва имкон ёфтан замон 400 доллар ҳаққи кироро ба воситаи почта мефиристад, дар дили ронанда заррае шубҳа пайдо нашуд. Аммо бо гузашти вақти зиёд ба ронанда як тин ҳам нарасид. Баъди як моҳ шунид, ки дар ноҳияи ҳамсоя мубаллиғе рӯй задааст, ки бо панду ҳикматҳои динӣ барои кӯдакони бемори Африқо садақа ҷамъ меовардааст. Ронанда дар симои порсои маккор мусофири қаллоби худро шинохт. Пулис ба ин мубаллиғи дин аз кодекси ҷиноятӣ чанд моддаро қироат намуда, ба дасташ завлона зад.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


ШОҲКОРИҲОИ САНЪАТИ МЕЪМОРӢ
БЕҲТАРИН ХОНАИ ИСПАНИЯ
Намои хонаҳои зебо дар кишвари Испания бо эҷодиёти меъмор ва ҳайкалтарош А. Гауди робитаи ногусастанӣ дорад.
Ҳамаи корҳои ӯ аз якдигар фарқ доранд. Аз ҳама офаридаи зебояш бошад, дар шаҳри Комилянси Кантабрия қомат афрохтааст. Он ҳоло ҳам бо номи Эл Каприччио ("El Capriccio") машҳур аст.
Сохтмони он соли 1885 анҷом ёфта буд. Гауди лоиҳаи қасри зебоеро таҳия ва муҳандис Касканте Колома онро амалӣ сохт. Дар ин бинои сеошёнаи масоҳаташ хурд хусусиятҳои меъмории каталонӣ, усули классикӣ ва мавританӣ якҷо шудаанд. 
Таҳияи Лола РИЗОӢ


ҶАРРОҲИ 7 - СОЛА ҲАМАРО ДАР ҲАЙРАТ ГУЗОШТ
Бовар намекунед, агар гӯем, ки Акрит Пран Ясвал дар 7 - солагӣ бидуни маълумоти тиббӣ амали ҷарроҳӣ гузаронд ва ду ангушти пас аз сӯхтор ба ҳам часпидаи рафиқашро ҷудо кард.
Табиби хурдакак фурсатро ғанимат дониста, ангуштони ба ҳам часпидаро бурид, поккорӣ ва доруву дармон кард, ки аз мушкилтарин бахшҳои ҷарроҳии муосир ба шумор меравад.
Акрит баъди чунин қаҳрамонӣ якбора машҳур шуд  ва дар 12 - солагӣ донишҷӯи донишгоҳи тиббӣ гардид.  Баъди панҷ сол дараҷаи магистриро дар ин соҳа ба даст овард. Номбурда ихтисоси химиятерапияро интихоб карда, мехоҳад ба ҳазорон касони аз саратон ранҷдида ёрӣ расонад ва давои онро ёбад.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


ИГУАСУ ШАРШАРАЕ ДАР САРҲАДИ ДУ ДАВЛАТ
Шаршараи Игуасу яке аз ҳафт муъҷизаи табиат ба шумор меравад. Он 140 сол пеш пайдо шуда, бо гузашти вақт ба як дарёи калон ва шаршараи бемисл табдил ёфтааст. Он аз 275 шаршара иборат буда, баландии шаршараҳо то ба 80 метр мерасад. Аз дарёи Игуасу дар як сония 1700 метри мукааб об мешорад, ки аз оби ду шаршараи калони Ниагара ва Виктория бештар аст.
Аҷибаш ин аст, ки то ҳол баҳси ба кадом давлат тааллуқ доштанаш, давом меёбад. Боғи миллии Аргентина 67 ҳазор гектар ва Боғи миллии Бразилия 185 ҳазор гектар масоҳат доранд. Игуасу бошад, ҳудуди ҳар ду боғро убур мекунад ва оғозгоҳаш Парагвай аст.
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА


ДАЛЕЛҲОИ ҶОЛИБ ДОИР БА ЗАБОНҲОИ ДУНЁ
Барои ибораи русии “Я люблю вас”- ро дуруст талаффуз намудан, англисзабонон ибораи “Yellow-blue bus”- ро истифода мебаранд.
***
Соли 2001 дар Белгия садамае  рух дод, ки сабабаш нафаҳмидани забон буд. Ҳангоме ки машинисти яке аз қатораҳо аз  семафор гузашт, танзимгар  ба ҳамкори худ  занг зад то ӯро хабардор кунад. Танзимгарон якдигарро нафаҳмиданд, чунки яке бо забони ҳолландӣ ва дигаре бо забони фаронсавӣ гап мезад. Ҳар дуи ин забонҳо забонҳои давлатии Белгия маҳсуб меёбанд.
***
Забонҳои имову ишора, ки ношунавоён истифода мебаранд аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Ҳамин тариқ, дар ИМА ва Британия Кабир забонҳои имову ишораи гуногунро истифода мебаранд.
***
Сокинони ҷазираи Бугенвил дар уқёнуси Ором бо забоне гуфтугӯ мекунанд, ки аз 12 ҳарф (дар баъзе маъхазҳо 11 ҳарф) иборат аст.
Таҳияи Лутфия ҚОДИРОВА


ЯК УМР ДОНИШҶӮ
Гирифтани унвони илмӣ кори хеле мушкил мебошад. Барои ба даст овардани он баъзеҳо тамоми умр заҳмат мекашанд. Вале байни унвонҷӯён профессори ҳинд Партибан, ки дар чандин коллеҷи Ченай дарс мегӯяд, истисност. Ба ӯ дар муддати 30 сол даст додааст, ки 145 дипломи тасдиқкунандаи дараҷаи таҳсилоти олиро соҳиб гардад. Ӯ, ҳамчунин, соҳиби дараҷаи илмӣ дар соҳаҳои гуногун аст. Чуноне ки худи профессори 50 - сола қайд мекунад, ӯ ҳамеша дар пайи мукаммал намудани илму дониши андӯхтаи хеш аст. «Сӣ соли охир ман танҳо ба тайёрии имтиҳонҳо бандам, ҳар рӯзи якшанбе бошад, имтиҳон дорам», - мегӯяд донишҷӯи абадӣ, ки бо ҳамин роҳ дипломи дуюм, сеюм, чорум… ва 145-уми худро соҳиб гаштааст.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ДАРЁҲОИ ДАРОЗТАРИНИ ОЛАМ
АМАЗОНКА
Дарёи Амазонка бо дарозии 6992 километр аз саргаҳи шохобаш Маранон дарозтарин дарёи ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Он серобтарин дарёи олам низ мебошад. Амазонка аз кӯҳҳои Анди кишвари Перу сарчашма гирифта, ба уқёнуси Атлантика ҷорӣ мешавад.
Он яке аз сершохобтарин дарё ҳам буда, дарозии шохобҳояш 25 ҳазор километрро ташкил медиҳад. Амазонка чунон бузург аст, ки то шаҳри Манауси Бразилия, дар он ҳатто, киштиҳои калони баҳрӣ шино карда метавонанд.
Муҳаққиқони Бразилия андеша доранд, ки дарё 9 миллион сол дорад. Дар ҳавзаи дарёи Амазонка калонтарин ҷангали тропикӣ мавҷуд аст, ки бо олами набототу ҳайвоноташ оламиёнро ба ҳайрат гузоштааст. Ҳамин аст, ки соли 2011 дарё ва ҷангалзори Амазонкаро ба рӯйхати нави 7 муъҷизаи табиати олам шомил намудаанд.
Таҳияи Комрон САФАР


АФРОДИ КАМБИЗОАТЕ, КИ САРВАТМАНД ШУДААНД
14. Ли Ка - Шинг, молики ширкати империяи молӣ, калонтарин ширкатҳои «Cheung Kong», «Hutchison Whampoa»
Дороӣ: 27,1 миллиард доллари ИМА
Ширкати ӯ корҳои зиёдеро анҷом медиҳад: электроэнергетика, телекоммуникатсия, логистика, савдои чакана ва ғайраҳо. Дар империяи Ка-Кинг зиёда аз 270000 одам кор мекунад. Як замоне пас аз марги падараш маҷбур шуд ба хотири таъмини хонаводаашон мактабро тарк кунад.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ


ҶОЙҲОИ АЗ ҲАМА БЕШТАР АКСБАРДОРӢ МЕШУДАИ ДУНЁ
Дар сархати раддабандии ҷойҳои аз ҳама бештар диданиву тамошобоби аксбардории дунё бурҷи Эйфелеви Париж қарор гирифт. Таҳқиқот аз тарафи хизматрасонии «Облако Mail.ru» интишор гардид.
Мавқеи дувуму савумро Колизей ва фаввораи Треви Рим ишғол намуданд. Панҷгонаи пешсафонро маъбади муқаддаси Хонавода дар Барселона (Испания) ва калисои ҷомеи  Худомодари Париж дар Париж ташкил медиҳанд.
Ҳамчунин, дар даҳгонаи аввал кӯпруки Йенск дар Париж, Пятесса – дел –Дуомои Флоренсия (Италия), калисои Милан, бурҷи Халифаи Дубай ва Санта – Мария – дел – Фйоре дар Флоренсия шомиланд.
Дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбеи азизи мо майдони Шоҳ Исмоили Сомонӣ ва Кохи «Наврӯз» аз диданиву аксбардоришаванда маҳсуб мегардад.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


АЗ ОЛАМИ АҶИБИ ҲАЙВОНОТ
Шоҳпаракҳо хӯрокро бо пойҳояшон мечашанд.
***
Заҳри қурбоққаи нишонзан метавонад 2200 одамро ба ҳалокат расонад.
***
Пингвини нарина замони ба пингвини модина изҳори муҳаббат кардан, ба ӯ санг туҳфа мекунад. Агар муҳаббати ӯро пазирад, сангро ба лонааш мегузорад.
***
Сӯзанак ба ҳама самт: пеш, қафо, боло, поён парвоз карда метавонад. Он босуръаттарин ҳашарот буда, суръаташ 100 км/соатро ташкил медиҳад.
***
Гурба дар ҳар ду гӯшаш 32 - тоӣ мушак дорад.
Таҳияи С. АШУРОВ


11 МИЛЛИОН ЕВРО НАРХИ ЯК АВТОМОБИЛ
Бино ба иттилои нашрияи «Mundo Deportivo» ҳамлавари португалии дастаи «Ювентус» Криштиану Роналду автомобили сабукрави «Bugatti» (тамғаи «La Voiture Noire») харидорӣ намуд, ки 11 миллион евро арзиш дорад.
Муҳаррики он дорои 1500 қувваи асп мебошад. Автомобил метавонад суръаташро то 420 км/с баланд кунад. Вале мошини нави худро ҳамлавари португалӣ то соли 2021 ронда наметавонад, зеро то ин муҳлат муҳандисон санҷиши техникӣ мегузаронанд.
Хотиррасон мекунем, ки мошини нави Роналдуро, аллакай, гаронарзиштарин дар ҷаҳон арзёбӣ кардаанд.
Таҳияи Маҳмуд БАҲРОМ


ШОҲРОҲИ КАРАКОРАМ 
(ПОКИСТОН)
Каракорам –  аз ҳама  баландкӯҳтарин    шоҳроҳи байналмилалӣ мебошад.  Он   тавассути   кӯҳҳои  Ҳимолой   Покистонро   бо  Чини Ғарбӣ  мепайвандад. Як замон аз ин мавзеъ  бузургтарин   хати тиҷоратӣ -  Роҳи Абрешим мегузашт.  Ин ҷо  аз ҳама баландкӯҳтарин  гузаргоҳҳои  сарҳадӣ  ҷойгиранд,  ки баъзе  аз онҳо  дар  баландии то  4800  метр аз сатҳи баҳр  қарор доранд. Ҳарчанд одамони таҳҷоӣ  бе  таҳлука аз болои он  ҳаракат намоянд  ҳам, ин роҳҳо ҳатто одитарин  ронандаи аврупоиро ба  ҳарос меоранд.
Дар ин шоҳроҳ   вазъи  ғайриинтизор низ  ба амал меояд.  Аз қабатҳои кӯҳ  сангҳо ҷудо шуда, аз ҷариҳо садоҳои ғурунгосӣ    мебарояд. Дар канораҳои он саддҳои муҳофизатӣ сохта нашудаанд, ки ин ҳаёти одамонро  таҳти хавфу хатар қарор медиҳад.
Таҳияи  Иронбӣ  МӮСОЗОДА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.07.2019    №: 143    Мутолиа карданд: 311

18.10.2019


Дар Арабистони Саудӣ садамаи автомобилӣ боиси ҳалокати 35 зоир гашт

Нигаронии муовини Дабири кулли СММ аз афзудани хавфи сарзании ҷанги ядроӣ

Артиши Сурия бори аввал дар панҷ сол вориди Раққа шуд

Таллин барои дучархасавор шудани сокинон 195 миллион евро харҷ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Қонунгузорӣ. Ҷазо барои шиканҷа пурзӯр мегардад

Суғд. 557 ҳодисаи фавқулода дар нуҳ моҳ

Хуҷанд мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо - 2022

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед