Хабарҳо
ҲАҶ. Нархи сафар - 35 ҳазору 128 сомонӣ
Бо дарназардошти пешниҳоди ширкатҳои хизматрасон ва дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ соли равон нархи сафари ҳаҷи фарзӣ барои як нафар 35 ҳазору 128 сомонӣ муқаррар шуд.
Ин нукта дар нишасти матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим зикр гардид.
Раиси кумита Сулаймон Давлатзода гуфт, ки зоирони тоҷик барои анҷом додани маносики ҳаҷ тавассути тайёраҳои ҶСК «Тоҷик Эйр» ва ҶДММ «Сомон Эйр» мераванд ва маъракаи сафар айни замон идома дорад.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки бо ташаббуси кумита дар арафаи Иди байналмилалии Наврӯз дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар ба тариқи хайриявӣ хатнаи 1556 кӯдак ва базми домодию арӯсии 85 ҷуфт аз оилаҳои камбизоату эҳтиёҷманд гузаронда шуд.
Маҳмуд БАҲРОМ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 280