logo

иқтисод

ИҚТИСОДИЁТИ РАҚАМӢ, ЯЪНЕ ЧӢ?

Технологияҳои нав нишонаи аз ҳама намоёни тағйироти низоми иқтисодӣ буда, онҳоро аксар вақт драйвери рушди иқтисодиёт меноманд. Ғояи асосии чунин андешаҳо дар он ифода меёбад, ки афзун шудани ҳаҷми технологияҳои инноватсионӣ дар самти коркард ва пешниҳоди маълумот ба азнавсозии муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ оварда мерасонад.
Иқтисодиёти рақамӣ дар доираи принсипҳои амалкунандаи ташкили идоракунии ҷараёни татбиқи технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионии мавҷуда аз ҷониби корхонаву ташкилотҳо ба самтҳои бешумори иқтисодиёти субъектҳо (баҳисобгирии воситаҳои асосӣ, арзишҳои моддӣ, ҳайати шахсӣ, хароҷот, ташаккули фоида ва ғайра) ворид шуда, ба муносибатҳои гуногунпаҳлу, назири робитаи тарафайни бонкӣ, савдои чакана, харидуфурӯши маҳсулоти истеҳсолшуда, иштирок дар логистика, яъне дар ҷараёни идоракунии селаҳои моддӣ, иттилоотӣ, инсонӣ, таҳлили ҳолати маркетинг ва менеҷмент таъсир мерасонад. 
Технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ усулҳои таъсири тарафайни иҷтимоӣ ва муносибатҳои шахсиро тағйир медиҳанд ва дар ин замина монандии  (шабеҳи ҳам шудани) шабакаҳои идоравӣ, мобилӣ, шунавоӣ, асбоб ва дастгоҳҳое, ки барои ташаккули хазинаи маълумоти интернетӣ бо ҳам наздик пайваст шудаанд, ба вуҷуд меояд.  
Соли 1995 информатики амрикоӣ Николас Негропонте (устоди донишгоҳи Массачусет) бори аввал мафҳуми «иқтисодиёти рақамӣ» - ро истифода бурд. Имрӯз ин мафҳум дар тамоми ҷаҳон истифода шуда, ба таомулу лексикаи сиёсатмадорон, соҳибкорон, журналистон ва дигарон ворид гардидааст. Соли гузашта яке аз маърузаҳои  асосии мавриди назари Бонки ҷаҳонӣ ба ҳисобот оид ба ҳолати иқтисодиёти рақамӣ дар ҷаҳон бахшида шуда буд (гузориш бо номи «Баҳраҳои рақамӣ» нашр шуд). Вале то ҳанӯз таърифи аниқи мафҳуми «иқтисодиёти рақамӣ» обшуста боқӣ монда, ҳатто дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ низ дида намешавад. 
Пас, иқтисодиёти рақамӣ чист?
Аввалан, зарур аст таърифи маъмули иқтисодиёти «ба ҳам монанд» - ро ба хотир орем: ин фаъолияти хоҷагидории ҷамъиятӣ, инчунин, маҷмӯи муносибатҳоест, ки дар системаи истеҳсол, тақсимот, мубодила ва истеъмол ба вуҷуд меоянд. Истифодаи компютер, интернет ва телефонҳои мобилиро аллакай ҳамчун «истеъмол» фаҳмидан мумкин аст. Дар чунин ҳолат иқтисодиёти рақамӣ ҳамон қисми муносибатҳои иқтисодие мебошад, ки бо интернет, алоқаи шарикӣ ва    технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ робитаи ғайримустақим дорад.
Ҳамин тавр, иқтисодиёти рақамӣ имконияти хеле хуб дорад, ки аз иқтисодиёти «ба ҳам монанд» хеле пеш гузарад.
Александра Энговатова, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи «Иқтисодиёти инноватсионӣ» - и факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Москва ба номи   М. Ломоносова ба мафҳуми иқтисодиёти инноватсионӣ чунин таъриф додааст: «Иқтисодиёти рақамӣ - иқтисодиётест, ки ба усулҳои нави ҳосилкунӣ, коркард, нигоҳдошт ва пешниҳоди маълумот, инчунин, технологияҳои компютерии рақамӣ асос ёфтааст». Яъне иқтисодиёти рақамӣ маҷмӯи муносибатҳои иқтисодии рақамӣ байни объектҳои рақамӣ (объектҳое, ки дар фазои рақамӣ фаъолият мекунанд) мебошад ва раванди зудинкишофи зиндагӣ худ имкони ба системаи истеҳсол, тақсимот, мубодила ва истеъмол ворид шудани иқтисодиёти рақамиро пайдо менамояд.
Мо дар асоси тадқиқоту таҳлил чунин таърифи (шарҳи мухтасари) моҳият ва мазмуни иқтисодиёти рақамиро пешниҳод менамоем: иқтисодиёти рақамӣ  фаъолияти иқтисодиест, ки дар асоси татбиқи ҳамаҷонибаи технологияҳои иттилоотии рақамӣ  дар ҷараёнҳои истеҳсолӣ, идоракунӣ, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ғайра, бо мақсади таъмини манфиатҳои миллӣ, аз ҷумла баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолӣ  ва рақобатпазирии иқтисодиёти мамлакат, ташкил шудааст.  
 Ба принсипҳое, ки барои таҳияи асоси иқтисодиёти рақамӣ - стратегияи ҷомеаи иттилоотии Тоҷикистон заруранд, ба андешаи мо ворид кардани масъалаҳои ҳалталаби зерин зарур мебошад:  
а) таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон барои дастрасӣ ба иттилоот;
б) таъмини интихоби озоди воситаҳои қабули дониш ҳангоми кор бо иттилоот;
в) нигоҳ доштани шаклҳои анъанавӣ ва маъмулии (фарқкунанда аз рақамӣ) табодули мол ва хизматрасониҳо барои шаҳрвандон;
г) таъмини қонуният ва кафолат ҳангоми ҷамъоварӣ, захира ва паҳн кардани иттилоот дар бораи шаҳрвандон ва ташкилоту созмонҳо;
д) таъмини ҳимояи давлатии манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иттилоот. 
Ғайр аз ин, ҳамчун хулоса андешаҳои зеринро илова кардан мумкин аст:
- Дар рафти омӯзиши ҳуҷҷатҳои нашршудаи олимон, коршиносон, мутахассисон оид ба маркетинг, менеҷмент ва телекоммуникатсия дар мавзӯи муайян кардани мафҳуми иқтисодиёти рақамӣ ва моҳияти он маълум шуд, ки моҳият ва мазмуни мафҳуми «технологияҳо» пурра пешниҳод нашудааст.  Бинобар ин, мо таърифи зеринро пешниҳод мекунем:
Иқтисодиёти рақамӣ - маҷмӯи муносибатҳоест, ки ба технологияҳои навин асос ёфта, дар ҷараёни истеҳсол, тақсимот, мубодила ва истеъмол ба вуҷуд омадаанд ва барои таъмини талабот ба неъматҳои ҳаётӣ равона гардидааст. Он дар навбати худ ташаккули усулҳо ва тарзҳои нави хоҷагидориро пешниҳод ва воситаҳои таъсирноки танзими давлатиро талаб мекунад. 
Фарзияҳои дигари маънидоди мафҳуми «иқтисодиёти рақамӣ» низ ба ғояҳои илмӣ асос ёфта, андешаҳои зеринро дар бар мегиранд. Масалан: 
- иқтисодиёти рақамӣ як бахши иқтисодиёт аст, ки дар он ҷо кор дар асоси технологияҳои рақамӣ ва қисмҳои ба онҳо вобастабуда иҷро карда мешавад;
- иқтисодиёти рақамӣ маҷмӯи муносибатҳоест, ки дар байни субъектҳои гуногуни манфиатдор дар майдонҳои электронӣ, ба воситаи шабакаи интернет ба роҳ монда шудааст; 
- иқтисодиёти рақамӣ маҷмӯи бизнес - ҷараёнҳои электронист, ки ба сохторҳои ташкилии сатҳҳои гуногун (аз хоҷагии хонаводагӣ сар карда то давлат) ворид мешаванд; 
- иқтисодиёти рақамӣ маҷмӯи бозорҳоест, ки дар асоси технологияҳои рақамӣ ташкил шудаанд.
Айни ҳол назарияи пурраи иқтисодиёти рақамӣ вуҷуд надорад, аз ин рӯ, андешаҳои боло метавонанд аз як ҷониб объекти тадқиқот бошанд, зеро онҳо ба таври умумӣ моҳияти иқтисодиёти рақамиро мекушоянд. Аз ҷониби дигар фарзияҳои номбаршуда танҳо элементҳои (ҷузъҳои) сохтории иқтисодиёти рақамӣ буда, моҳияти пурраи онро намекушоянд ва ҳамчун мавзӯи омӯзиши модели нави «оянда» - и иқтисодиёт пешниҳод мегарданд. 
Ҳамин тавр, дар давлатҳои гуногун зимни таҳияи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ, аз ҷумла ба чунин имкониятҳои иқтисодиёти рақамӣ умед мебанданд: 
- таъмини рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ дар бозори байналмилалӣ;  
- боло бурдани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ;
- ташаккули ҳокимияти давлатии пурзӯр ва устувор;
- таъмини бехатарии давлат.
Аъзам ХОЛМАТОВ,
Абдуқаҳҳор МАЪРУФОВ,
коршиносони бахши иқтисод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.07.2019    №: 144    Мутолиа карданд: 207

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед