logo

иҷтимоиёт

САНГВОР. ОБ АСОСИ РУШДИ КИШОВАРЗИСТ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияҳои водии Рашт ва вохӯрӣ бо аҳли заҳмат, аз ҷумла сокинони ноҳияи Сангвор, ба масъулон ҷиҳати вусъат додани соҳаи кишоварзӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Айни ҳол, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайи вусъат бахшидани соҳаи мазкур, ки ба таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат мекунад, дар ноҳия як қатор тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуда истодааст.
Тавре Салоҳ Наҷмуддинов, сардори идораи шабакаҳои обёрии ноҳияи Сангвор, зимни суҳбат бо хабарнигори "Ҷумҳурият" иттилоъ дод, барои азхуд намудани заминҳои кишоварзӣ таъмиру барқарорсозии каналҳо дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, канали Шаков - Разак дар ҳудуди Ҷамоати Чилдара, ки бештари майдони боғу заминҳои кишти картошка ба воситаи он обёрӣ мешаванд, бо маблағи 200 ҳазор сомонӣ таъмир ва барқарор карда шуд.
Таъмири шабакаҳои обёрӣ боис гардид, ки масоҳати майдони  боғоту кишти картошка, ғалла ва  дигар зироатҳо дар ноҳия ба маротиб афзояд. Соли равон хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ноҳияи Сангвор дар майдони 650 гектар картошка ва 188 гектар ғалладона кишт намуда, 27 гектар боғҳои нави мевадиҳандаи себу нок, аз ҷумла 1 гектар боғи интенсивӣ, бунёд карданд.
Ҳамчунин, парвариши полезиҳо, аз ҷумла тарбузу харбузаро дар майдони 3 гектар ба роҳ монда, нақша доранд, ки дар таъмини сокинон бо маҳсулоти худӣ саҳмгузор бошанд.
-  Таъмири канали Шаков - Разак ба обёрии зиёда аз 200 гектар заминҳои кишоварзии ноҳия мусоидат мекунад. Ҳамчунин, аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзии ҷамоатҳои деҳот таъмиру барқарорсозии ҷӯю каналҳои дигар идома дорад, - гуфт дар хотимаи суҳбат С. Наҷмуддинов.
Худодод ЗАЙНИДДИН, "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.07.2019    №: 145    Мутолиа карданд: 149

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед