Хабарҳо
Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист
Interfax.ru. «Президенти ИМА Доналд Трамп ният дорад, ки то баргузории интихоботи сарвари давлат дар соли 2020 низомиёни амрикоиро аз ин кишвар барорад», - гуфт котиби давлатӣ Майк Помпео.
«Ин супоришест, ки ман аз Президенти ИМА гирифтам. Ӯ мавқеашро мушаххас изҳор дошт: «Ба ҷангҳои беохир хотима диҳед. Артишро бароред. Теъдоди низомиёнро кам кунед», - иброз дошт Помпео.
Айни замон теъдоди низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон тақрибан 14 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1314