logo

туризм

ДУШАНБЕ. АВВАЛИН БОР ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ САЙЁҲӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

Дар шаҳри Душанбе таҳти сарпарастии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз 8 то 10 августи соли 2019 нахустин форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон – 2019» баргузор мегардад.
Дар он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти соҳавии кишварҳои ҳамшарик, ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, истироҳатгоҳҳо ва коршиносони дохилию байналмилалӣ ширкат меварзанд. Айни ҳол иштироки худро дар чорабинӣ намояндагони 25 кишвар тасдиқ намуданд. Дар назар аст, ки зимни чорабинӣ байни ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва хориҷӣ 30 созишнома ба имзо расад.
Ҳадафи чорабиниҳо муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, баимзорасонии созишномаҳо ва ҷалби сармоя ба рушди инфрасохтори соҳа мебошад.
Ҳамоиш дар чор панел дар мавзӯъҳои алоҳида ҷараён мегирад. Аз ҷумла, дар панели якум – «Ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ, сайёҳӣ – омили муҳими густариши робитаҳо» масъалаҳои кушода будани дарҳои Тоҷикистон барои сармоягузороне, ки ба соҳаи сайёҳӣ ва инфрасохтори он таваҷҷуҳ доранд. Ҳамчунин, беҳтар кардани инфрасохтор ва хизматрасонии соҳа, ҳамкории минтақавӣ, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар деҳот ва мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ, имтиёзҳои андозию гумрукии соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон баррасӣ мегарданд.
Мавзӯи панели дуюм - «Сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва фарҳангию - таърихӣ» буда, дар он мусоидат ба рушди бемайлони сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва фарҳангию таърихӣ, имкониятҳо барои густариши сайёҳии экологӣ ва таърихию фарҳангӣ, мушкилоти ҷойдошта дар рушди сайёҳии экологӣ, иқтидорҳои сайёҳии кӯҳнавардӣ, гуногунии биологии табиат ва иқлими Тоҷикистон, рушди инфрасохтори саёҳати кӯҳӣ ва экологӣ матраҳ хоҳанд шуд.
Панели сеюм ба мавзӯи «Сайёҳии табобатӣ, солимгардонӣ ва рекреатсионӣ» бахшида мешавад. Дар он масъалаҳои истифодаи самараноки обҳои минералӣ ва шифобахш, гиёҳҳо ва иқтидорҳои табобатии мамлакат, муаррифии саёҳати табобатӣ ва нишондодҳои осоишгоҳҳои кишвар, роҳҳои ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба саёҳати муолиҷавӣ дар кишвар, сарчашмаҳои тиббӣ-табобатӣ дар Тоҷикистон  мавриди баррасию омӯзиш қарор дода мешаванд.
Мавзӯи панели чорум - «Рушди ҳунарҳои мардумӣ ва пайомадҳои иқтисодии он» мебошад ва дар он масоили дастгириҳои давлатӣ дар самти рушди ҳунармандӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, армуғонҳои сайёҳӣ омили муаррифии фарҳанг ва тамаддун, ҳунармандӣ омили ба шуғл фаро гирифтани аҳолии деҳот ва дарёфти бозорҳои байналмилалӣ барои фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ баррасӣ хоҳанд гардид.
Дар доираи форум дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи «Куруши Кабир» - и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи имкониятҳои сайёҳӣ ва армуғонҳои Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ баргузор мегардад.
Ҳамчунин, барои иштирокчиёни форум ва намоишгоҳ аз мавзеъҳои ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон инфо-тур ташкил карда мешавад.
Баргузории чорабинӣ ба рушди суръатноки сайёҳӣ дар кишвар мусоидат карда, ҳамкориҳоро бо кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои марбутаи байналмилалӣ тавсеа мебахшанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки таваҷҷуҳи сармоягузорон ва ширкатҳои байналмилалӣ ба бахши сайёҳӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст. 
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.08.2019    №: 146 - 147    Мутолиа карданд: 1778
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед