logo

фарҳанг

"ГАНҶИНА". ГАВҲАРИ САНЪАТИ МИЛЛӢ БОЯД ЭҲЁ ГАРДАД

Ҳоҷат ба ҳеҷ тавзеҳу шарҳу тафсир нест, ки гурӯҳи ҳунарии фолклорӣ – этнографӣ дар муаррифии миллат ва ҳифзу пойдории анъанаҳои нек чи нақши муҳим дораду гузошта метавонад. Оре, хоса миллат ба соҳибтамаддунӣ ва қадимият шинохта ва эътироф гардида бошад. Ба ҷуз ин, мавҷудияту фаъолияти пурсамару густурдаи он дар раванди ҷаҳонишавӣ ногузир арзёбӣ гардад.
Дар Лаҳистон солҳои пеш ду гурӯҳ аз кишвари мо бо намоиши ҳунарҳои фолклорӣ – этнографӣ соҳиби мукофоти олии озмуни байналмилалӣ – «Табарчаи тилло» гардид. «Табарча» - ҳо аз он рӯзгор ба ёдгор боқӣ мондааст. Аммо гурӯҳҳои ҳунарӣ дигар дар пайи ғановати барномаҳо нашуданду пароканда гардиданд.
То чанд муддат ин фазо бо холигии худ диққату таваҷҷуҳи масъулон, махсусан масъулони соҳаи фарҳангро ба худ ҷалб накард ва тадбирандеширо низ аз хотирҳо зудуданд. Танҳо соли 1986 «Ганҷина» - ро таъсис доданд. Шомил гардидан ба ин гурӯҳи ҳунарӣ ҳамчун ҳунарпешаи одӣ низ басо мушкил буд. Ҳайатро тариқи озмуни ҷиддӣ пазируфтанд. Сарвари онро ба дӯши устоди забардасту маҳбуби ҳунар шодравон Зафар Нозим бовар карданд. Кор аз рӯи нақша ва мувофиқи талабот сурат гирифт. Ҳунарпешагони асилу донандагони эҷоду оину маросими мардумӣ, аз ҷумла Чилахон Холов, Раҳмондӯсти Қурбониён, Муродбек Насриддинов, Субҳон Саидов, Олим Бобоев, Гавҳар Мирҷумъаева, Ҳаётой Муъминова, Моҳрухсор Сафиева, Сафаргул ва Файзигул Юсуфоваҳо, беҳтарин ганҷ, дурдонаҳоро ба даст оварданд ва пешкаши мардуми кишвар ва ҷаҳон намуданд. Маълум гардид, ки бас гавҳарҳои қимат доштаем. Муайян шуд, ки сурудҳои фолклориро бо ҳаракатҳо, ишораҳо, саҳнаҳои хоси худ бояд иҷро кард. Дарёфтанд, ки иҷрои ин гуна сурудҳо на ҳар ҳунарпешаро ба осонӣ даст медиҳад. Собит намуданд, ки мардум, хосса мардуми тоҷик аз ин қабил сурудҳо, барномаҳои бою рангин на яку даҳ, балки садҳо доштааст.
Мо танҳо тариқи ҳунарнамоии ин устодони соҳа ба эҷод, тарзи хониш, овозҳои гуногуну мувофиқ ва гузашта аз ин ҳама, ба зиндагии ширину вазнини падарону бобоён ошно шудем. Ҳанӯз ҳам аз хотирҳо сурудҳои «Мандоғ», «Ашагулон», «Магаме», «Бозубанд», «Қошуқтарош», «Намадбофӣ» бо иҷрои ҷолибу олияш нарафтаанд. Шабакаҳои телевизионӣ низ он сабтҳои пешинро  гаштаю баргашта пешкаши тамошобинон мегардонанд. «Ганҷина» чун дигар барномаҳои навро барои сабтҳои нав пешкаш карда наметавонад. Ганҷҳои ин ганҷина ба парокандагӣ қимати худро  аз даст доданд.
Пас чӣ бояд кард? Хомӯш бошему бепарво?
Яъне ганҷҳоро нодида бигирем ва пушти по бизанем? Моро имрӯзиёну ояндагон мебахшанд? Тараққиёту пешрафти кайҳонии техникаву технологияҳои навин агар ҳам то ҷое монеи рушди соҳа мегарданд, аммо барои сабт, ҳифз, пойдорӣ, муаррифии сурудҳои фолклорӣ – этнографӣ мутобиқат менамояд. Пас бояд дер накунем. Ҳанӯз, ки фидоиён, ҳунарпешагони асил, барои пешкаш кардани беҳтарин сурудҳои фолклорӣ бо иҷрои ҷолибу олияшон дар қайди ҳаётанд. Инчунин, дар миёни мардуми куҳансоли кишварамон асарҳову барномаҳои рангин вуҷуд доранд.
«Ганҷина» - ро бо тамоми иқтидораш ва фароҳам овардани шароиту имкониятҳои ҷавобгӯи талаботи давр бояд эҳё намуд. Оре, эҳё, на барқарор.
«Ганҷина» дар андак муддат метавонад, ки боз беҳтарину қиматтарин ганҷҳову дурдонаҳоро дастрасу пешкаши мо ва ҷаҳониён гардонад.
«Ганҷина» ин қудратро ноил мешавад, ки миллатро дар арсаи ҷаҳон бештару беҳтар чун миллати мутамаддину қадимӣ муаррифӣ намояд.
«Ганҷина» метавонад, ки ба буҷети кишвар аз дохил ва хориҷи он маблағҳои зиёд ворид бикунад.
«Ганҷина» дар боло бурдани завқи эстетикии мардум мусоидат менамояд.
Ба ин гурӯҳ бояд сарваре роҳбарӣ бикунад, ки ҳам фидоӣ бошад ва ҳам «дурдона» - ҳоро бишиносад. Танҳо дар ин сурат ӯ метавонад, ки ҳунарпешагони асил ва мардумиро ба хотири пешрафти кор ҷалб бисозаду барномаҳои наву ҷавобгӯи талаботи ҳунариро омода бисозад.
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.08.2019    №: 146 - 147    Мутолиа карданд: 116

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед