logo

иҷтимоиёт

ДИД. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ!

Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи олии таълимию илмии давлатӣ буда, самти фаъолияташ ба тайёр кардани кадрҳои соҳаи идоракунии давлатӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ равона гардидааст.

Тавре Абдухалил Ғафурзода, ректори донишкада, зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсола иттилоъ дод, феълан 1924 донишҷӯ аз рӯи панҷ ихтисос дар зинаҳои бакалаврияту магистратура таълим мегирад. Дар солҳои таҳсили 2018 - 2019 донишкадаро 352 нафар хатм намуд, ки аз ин 34 нафар соҳиби дипломи аъло шуд.
Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» курсҳои омӯзишии дуалии  «зан - сарвар» барои тайёр кардани ҳайати роҳбарикунанда аз ҳисоби  занони хизматчиёни давлатии то 40 - сола роҳандозӣ гардидааст.
Омӯзгорони  донишкада   лоиҳаҳои  илмӣ - таҳқиқотии «Энсиклопедияи идоракунии давлатӣ дар Тоҷикистон» (солҳои 2016-2020) ва «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд» - ро идома дода истодаанд.
Дар доираи лоиҳаи илмӣ - таҳқиқотии пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии донишкада китоби «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд» дар ҳаҷми 849 саҳифа, ҳамчунин, китоби «Мубориза бо идеологияи экстремизм ва терроризм дар ҷаҳони муосир» дар ҳаҷми 268 саҳифа таҳия гардида, омодаи нашр мебошад.
Дар асоси иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 ихтисос дар зинаи магистратура, 4 ихтисос дар зинаи бакалавриат ва 2 ихтисос дар таҳсилоти дуюми олии касбӣ ташкил шуда, дар шуъбаи рӯзона бошад, гурӯҳҳои русӣ ва англисӣ таъсис ёфт.
Донишкада дар доираи ҳамкорӣ бо Бунёди «Ҳанс Зайдел» - и Ҷумҳурии Федеролии Олмон таҳсилро барои хизматчиёни давлатӣ дар зинаи магистратура аз рӯи ихтисоси «идораи давлатӣ» ба роҳ мондааст, ки ҳамасола аз 60 то 65 нафар онро хатм мекунад. Муҳлати таҳсил барои магистрантони хизматчии давлатӣ як сол мебошад. Соли ҷорӣ  68 нафар ба ин зинаи магистратура қабул гардид, ки 41 нафар аз мақомоти маҳаллӣ ва 27 нафар аз мақомоти марказӣ буд.
Дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ Ёддошти тафоҳум миёни Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Федеролии Қазони Федератсияи Россия ба имзо расид.
- Моҳи сентябри соли равон дар арафаи Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави донишкада мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Феълан корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти ҷашнии баландошёна ба охир расида, рангубор ва насби таҷҳизоти зарурӣ ҷараён дорад, - гуфт ректор.
Лашкар ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.08.2019    №: 146 - 147    Мутолиа карданд: 410

20.02.2020


РУШДИ УСТУВОРИ ШАҲРСОЗӢ. ДАР ДУШАНБЕ ДОИР БА ИН МАВЗӮЪ СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР ГАРДИД

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "ДАСТАРХОНОРОӢ"

ДУШАНБЕ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. МУЛОҚОТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН БО ГУРӮҲИ КОРИИ КМИ ҲХДТ

РАШТ. ҲАМОИШИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

ГӮШТӢ. МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ҲАМА АГЕНТИИ ХУСУСИИ ШУҒЛРО МЕБАНДАНД

ҚАЗОҚИСТОН: 90 ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БАЪДИ БЕТАРТИБИҲО ДАР ҶАНУБИ КИШВАР

ДАР УХАН БОЗ 12 БЕМОРХОНАИ МУВАҚҚАТӢ БАРОИ БЕМОРОНИ COVID-19 КУШОДАНД

ПЙЕР ВИМОН: «ТАҲРИМОТИ ЗИДДИРУСӢ БАР ЗАРАРИ ХУДИ АВРУПО ШУДАНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯ ОИД БА ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ «ҲАҶ-2020»

КОДЕКСИ ОБ ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБИРО БА ТАНЗИМ МЕДАРОРАД

МАСОИЛИ ГУСТАРИШИ РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГӢ МАТРАҲ ШУДАНД

КОНФРОНС БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

ЛИЖАРОНӢ. ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ДОДАНИ ЛИТСЕНЗИЯРО ТАҶДИДИ НАЗАР МЕКУНАНД

ҚАЗОҚИСТОН. 13 ФУРУДГОҲИ МАСИРИ ҲАВОИИ МАҲАЛЛӢ МЕСОЗАД

САРВАРИ ФЕЪЛИИ АФҒОНИСТОН АШРАФ ҒАНӢ БОЗ ПРЕЗИДЕНТ ИНТИХОБ ШУД

ТИҶОРАТ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН МОҲИ ЯНВАР ДУ БАРОБАР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

18.02.2020


ВКД. 161 УЗВИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ ДАСТГИР ШУД

ФАРХОР. ҲОЛАТИ ҒАЙРИМЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲО МАВЗӮИ ДОҒ БОҚӢ МЕМОНАД!

18 ДОЛОНИ ЗИДДИТАРМАВӢ СОХТА МЕШАВАД

БОНУВОНИ НОҲИЯИ МУРҒОБ – ҒОЛИБИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

ГРЕНЛАНДИЯ ОБИ ПИРЯХҲОРО БА САВДО БАРОВАРДАНИСТ

ДАР БЕЛАРУС СОЛИ 2023 ИСТИФОДАИ ЗАРФҲОИ ПЛАСТИКИРО МАНЪ НАМУДАНИАНД

ПЕКИН ДАР 6 РӮЗ КОРХОНАИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБҲОИ ТИББӢ СОХТАНИСТ

ЧИН ВА АСЕАН ДАР МАСЪАЛАИ КОРОНАВИРУС ВОХӮРИИ МАХСУС ДОИР МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2020


"РУШДИ ЧОРВОДОРӢ ВА ЧАРОГОҲҲО". ТАТБИҚИ ЗЕРЛОИҲАҲО

ШАҲРИНАВ. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ 32 ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТӢ ҚАТЪ ГАРДИД

ҲАМКОРИҲО БО ШАРИКОНИ РУШД ТАҲКИМ МЕЁБАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед